Раиси нохияи рашт кист

"Тавре бояд заҳмату фаъолият намоем, ки барои пурра решакан кардани ҳолатҳои ҷинояткорӣ дар самтҳои хариду фурӯши замин, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба сафи гуруҳҳои террористиву ифротгаро, натиҷаи дилхоҳ дода, Шумо дар ҷомеа намунаи ибрат бошед" - таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон

ДУШАНБЕ, 27 фев— Sputnik. Имрӯз, 27 феврал раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чанд ниҳоди кишвар таъиноти кадрӣ ба амал овард. Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури кишвар иттилоъ додааст.


Манбаъ меафзояд, ки президент кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин гардидаанд ба ҳузар пазируфт.

Ҳамин тавр, бо фармони Президенти Тоҷикистон Лоиқзода Қаноатшо аз вазифаи раиси ноҳияи Рашт озод гардида, Муқимӣ Раҳимҷон Набизода — иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт таъин гардид.

Тибқи Қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон Раҳмонзода Лолахон Футур бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Тоҷикистон озод гардида, Савзаалӣ Назирзода — директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саидзода Бобоҷон Абдуқодир — муовини якуми директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданд.


Файзуллозода Хуршед Мирзо бо сабаби ба вазифаи Директори генералии Корхонаи Воҳиди Давлатии “Тоҷинвест”-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъин гардидан, аз вазифаи директори Муассисаи давлатии телевизиони “Варзиш” озод шуда, ба ҷой ӯ Нориён Парвиз Исматулло директори Муассисаи давлатии телевизиони “Варзиш” таъин карда шуд.

Ҳамчунин бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон Назарзода Нурулло Ғаффор — директори Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди иншооти инфрасохтори иҷтимоӣ таъин гардид.

"Дар мувофиқа бо Президенти Тоҷикистон як қатор кадрҳои сатҳи роҳбарии дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ, прокуророни ноҳияҳои Рӯшон ва Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Шаҳринав, Файзобод, Нуробод, Лахш, шаҳрҳои Роғуну Норак, Хуҷанд, Панҷакент, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Шаҳристони вилояти Суғд, ноҳияҳои Ҷайҳуну Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон аз ҳисоби кадрҳои ҷавону соҳибтаҷриба, болаёқат ва поквиҷдони соҳа таъин гардиданд", - афзудааст манбаъ.


Сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Вахшу Шаҳритуси вилояти Хатлон иваз гардида, дар сохтори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ тағйироти кадрӣ ба амал омад.

Зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти вазъи кунунии авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минтақа кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъул таъингардидаро ба хизмати содиқона бар нафъи давлату миллат ҳидоят карданд.

“Тавре бояд заҳмату фаъолият намоем, ки барои пурра решакан кардани ҳолатҳои ҷинояткорӣ дар самтҳои хариду фурӯши замин, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба сафи гуруҳҳои террористиву ифротгаро, натиҷаи дилхоҳ дода, Шумо дар ҷомеа намунаи ибрат бошед” – таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.

Маҳмадтоҳир Зокирзода раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳмадалӣ Ватанзода мувини аввал, Қодири Қосим ва Дилрабо Мансурӣ муовинони парлумони кишвар интихоб шуданд. Дар ин бора аз парлумони кишвар, ки феълан иҷлосияи нахустини он ҷараён дорад ба pressa.tj хабар доданд.

Зокирзодаро ҳанӯз аз замони пешбарии номзадияш дар интихобот, раиси Маҷлиси намояндагон пешбинӣ мекарданд. Ин курсиро қаблан низ намояндагони минтақаи Рашт Сафаралӣ Раҷабов, Саъдулло Хайруллоев ва Шукурҷон Зуҳуров дар ихтиёр доштанд.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 63 курсӣ дорад, 20 сол пеш таъсис шудааст.

Интихобот барои 63 курсии Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон рӯзи 1-уми март баргузор шуд.

Дар зер тарҷумаи ҳоли раиси нави парлумони кишвар ва муовинони ӯро пешкаши шумо мегардонем.

Маҳмадтоҳир Зокирзода кист?

Зокирзода Маҳмадтоҳир Зоир июли соли 1956 дар ноҳияи Рашт таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик.

Солҳои 1992- 1995 сармутахассиси шуъбаи комплекси агросаноатӣ ва хўроквории мудирияти корҳои Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 1995 – 2003 масъулияти сармутахассиси шуъбаи Комплекси агросаноатии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар уҳда дошт.

Тайи солҳои 2003 – 2006 — директори генералии Агентии миллии кайҳонӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2006- 2008 раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2010 -2015 раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2015 – 2016 вазири кишоварзӣ ва аз моҳи марти соли 2016 то январи соли 2020, яъне то вақти пешбарӣ ҳамчун номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақоми муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард.

М. Зокирзода шуруъ аз санаи 17 марти соли 2020 раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон интихоб шуд.

Маҳмадалӣ Ватанзода кист?

Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло 1- уми феврали соли 1962 дар ноҳияи Фархор таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, узви ҲХДТ. Соли 1984 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст, ҳуқуқшинос. То соли 2020 Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Шуруъ аз санаи 17 марти соли равон муовини аввали раиси Парлумони кишвар интихоб гардид.

Қодири Қосим кист?

Қодири Қосим 9 апрели соли 1961 дар ноҳияи Ванҷ таваллуд шудааст. Соли 1983 Донишкадаи (ҳоло Донишгоҳи) кишоварзии Тоҷикистонро бо ихтисоси агроном-олим хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро ҳамон сол ба ҳайси агрономии совхози Федченкои ноҳияи Ванҷ шурӯъ кардааст.

20 феврали соли 2017 Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

Рӯзи 17-уми март ва дар ҷаласаи ҳайати нави порлумон муовини раиси Маҷлиси Намояндагон интихоб шуд.

Дилрабо Мансурӣ кист?

Мансурӣ Дилрабо Сайдулло 29 – уми январи соли 1974 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, узви ҲХДТ. Соли 1996 Филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимиро хатм кардааст, муҳандис- технолог, узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ, доктори илмҳои техникӣ. Вакили МН МО Ҷумҳурии Тоҷикистон. Шуруъ аз санаи 17 марти соли равон муовини раиси Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб шуд.

Мансурӣ Дилрабо Сайдулло 29 – уми январи соли 1974 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, узви ҲХДТ. Соли 1996 Филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимиро хатм кардааст, муҳандис- технолог, узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ, доктори илмҳои техникӣ. Вакили МН МО Ҷумҳурии Тоҷикистон. Шуруъ аз санаи 17 марти соли равон муовини раиси Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб шуд.


Раиси ноҳияи Рашт Қаноатшоҳ Лоиқзода аз мақомаш барканор шудааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 27-уми феврал фармон ва амрҳои президент дар мавриди тағйироти кадрӣ дар бархе аз сохторҳои давлатиро ба нашр расонд.

Тибқи фармони Эмомалӣ Раҳмон, раиси ноҳияи Рашт Қаноатшоҳ Лоиқзода аз мақомаш барканор ва Раҳимҷон Набизода иҷрокунандаи ин мақом таъйин шудааст. Сабаби барканории Лоиқзода гуфта нашудааст ва маълум нест, ки ба фаъолияти худ дар сохторҳои давлатӣ идома хоҳад дод ё на.

Бар пояи қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунин Лолахон Раҳмонзода ба сабаби ба нафақа рафтан аз вазифаи директори Оҷонсии таъминоти амволи махсус озод гардида ва Савзаалӣ Назирдода ба ҷои ё таъйин шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Хуршед Файзуллозодаро бинобар таъйин шудан ба вазифаи директори корхонаи "Тоҷинвест", аз вазифаи директори телевизиони "Варзиш" озод кардааст. Ба ҷой ӯ Парвиз Нориён директори телевизиони “Варзиш” таъйин шудааст .

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ки дар сатҳи раҳбарии дастгоҳи Додситонии кулл, додситонҳои ноҳияи Рӯшон, Мурғоб, Шаҳринав, Файзобод, Нуробод, Лахш, Бобоҷон Ғафуров, Шаҳристон, Ҷайҳун, Абдураҳмони Ҷомӣ, шаҳрҳои Роғуну Норак, Хуҷанд ва Панҷакент низ тағйирот сурат гирифтааст. Сардорони шӯъбаҳои вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Вахшу Шаҳритус низ иваз шудаанд.


Дар шаҳри Брюссел рӯзи севум аст, ки мулоқоти раҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо (ИА) идома дорад. Ҳадафи он андешидани маҷмуи чораҳо барои барқарорсозии иқтисод баъди ҳамагир шудани коронавирус шумурда мешавад.

Ин саммит нахустин мулоқоти шахсии раҳбарони кишварҳои ИА пас аз пандемия мебошад. Онҳо моҳҳои ахир фосилавӣ суҳбат мекарданд. Тӯл кашидани саммит низ бесобиқа буда, онро ба хотири аз байн бурдани ихтилофи назарҳо дар робита ба ташкили мизони бунёди умумиаврупоӣ ба маблағи 750 миллиард евро дароз карданд. Пули бунёд барои кумак ба кишварҳои аз ҳама бештар осебдида ва буҷаи ИА дар давоми 7 соли оянда дар ҳаҷми беш аз триллион доллар сарф мешавад.

Сарфи назар аз изҳоротҳои ҷонибдоронаи пешин дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки раҳбарони ИА ба созиш мерасанд, ё не. Садри аъзами Олмон Ангела Меркел рӯзи якшанбе гуфт, ки натиҷаи саммит ба монанди пешин норушан аст.

Панҷ кишвари ИА бо таъкид ба зарурати ислоҳоти сохторӣ ва назорати харҷҳо исрор доранд, ки қоидаҳои кумак ба кишварҳои осебдидатарини Аврупо, аз қабили Италия ва Испания бояд сахттар шавад. Ба ин гуруҳи кишварҳо Дания, Нидерландия, Австрия, Финляндия ва Шветсия шомиланд. Раҳбарони Фаронса ва Олмон феълан натавонистаанд ҳамтоёни худ аз панҷ кишварро ба созиш биоранд.

Бар асоси нақшаи раҳбарони ИА бештари пулҳои бунёд бояд ба кишварҳои осебдида дар шакли грант дода шаванд. Вале Нидерландия ва ҳампаймононаш мегӯянд, пулҳо ҳамчун қарз пешниҳод гарданд.


Дар Қирғизистон дар давоми як шабонарӯзи ахир 1020 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус ё СOVID-19 ба қайд гирифта шудааст.

Ба огаҳии Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус дар Қирғизистон, ин ҳолатҳо дар шаҳри Бишкек (369), вилояти Чӯй (123), Ӯш (178), Талас (37), Норин (31), Иссиқкӯл (31), Ҷалолобод (40), Бодканд (70) ошкор шудаанд.

Шумори фавтидагон дар як рӯзи ахир 70 нафарро ташкил дода, бештари онҳо сокинони Бишкек ҳастанд.

Дар Қирғизистон расман шумори умумии мубталоёни коронавирус ба 26532 расида, то ҳол 1003 кас ҷон бохтаанд.

Дар як рӯзи ахир 70 корманди тиббӣ ба вирус гирифтор шудааст.


Дар Узбекистон мубталоёни коронавирус, ки дар хона табобат мегиранд, доруи ройгон дарёфт хоҳанд кард.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии Вазорати тандурустии Узбекистон, дар ин бора дар ҷаласаи ахири комиссияи махсуси давлатии мубориза бо коронавирус ба раҳбарии сарвазир Абдулло Орипов қабул шудааст.

Дар ҷаласа ҳамчунин рӯйхати доруҳое таҳия ва тасдиқ шудааст, ки беморон ройгон дарёфт мекунанд.

Ҳамин тариқ ба мубталоёни коронавирус, ки дар хона аз шакли сабуки беморӣ табобат мешаванд, доруҳои "гидроксихлороксин", "азитромитсин", "паратсетамол", "витамин С" ва ниқобҳои якдафъаина ройгон дода мешавад.


Мақомоти Покистон ба зидди чанд нафаре, ки муҷассамаи 1700 -солаи Буддоро аз байн бурданд, парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Видеои шикастани пайкараи воқеии Буддо дар Такбҳай бо путк ва ё болға, ки рӯзи 17-уми июл дар Интернет нашр шуд, хашми бисёриҳоро барангехт.

Дар видео дида мешавад, ки коргарони сохтмоне, ки муҷассамаро аз зери замин ёфтаанд, онро бо путк ва ё болға пора-пора мекунанд. Баъди маҳкум кардани рафтори коргарон, Идораи минтақавии бостоншиносии Вилояти Хайбар Пахтунхоҳ гуфт, ки хостааст, ба зидди гунаҳкорон парвандаи ҷиноӣ боз шавад.

Абдул Самад, мудири ин идора рӯзи 18-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки панҷ нафарро бо иттиҳоми риоят накардани Қонун дар бораи осори бостонӣ дастгир кардаанд ва муҷассама комилан нобуд шудааст. Хайбар Пахтунхоҳ, як замоне макони шоҳигарии Гандара ва Такбҳай аз маҳалли аслии иқомати бутпарастон будааст.


Додгоҳи Эрон амр додааст, ки ҳукми қатли се ҷавони муттаҳам ба барангехтани тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар моҳи ноябр иҷро нашавад. Бобак Покниё, вакили дифои яке аз ин ҷавонон рӯзи 19-уми июл дар саҳифааш дар Твиттер навишт, ки додгоҳи болоӣ амр додааст, муҳокимаи ҳарсе нафар аз нав сурат бигирад. Дастур барои муҳокимаи такрорӣ баъд аз он содир шуд, ки мардуми зиёде бо раҳандозии як маърака дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомот хостанд, ин ҷавононро қатл накунанд.

Дар ин маърака зери номи “Эъдом накунед”, эрониёни зиёде, аз ҷумла сиёсатмадорону зиёиён ва ҳунарпешагони маъруф ширкат карданд. Созмони Афви Байналмилал мегӯяд, дар Эрон соли 2019 ҳукми қатли 251 нафарро иҷро кардаанд ва Ҷумҳурии Исломӣ пас аз Чин аз назари иҷрои ҳукми қатл дар ҷаҳон мақоми дуввумро дорад.

Маърака баъди рӯзи 14-уми июл ба роҳ андохта шуд, чун дар ин рӯз додгоҳе дар Эрон ҳукми қатли Амир Ҳусейн Муродии 25-сола, Саид Тамҷиди 27-сола ва Муҳаммад Раҷабии 25-соларо бетағйир гузошт. Ҳарсеро моҳи ноябри соли 2019 ҳангоми саркӯби бераҳмонаи тазоҳургароне дастгир карданд, ки дар шаҳрҳои гуногуни Эрон ба майдонҳо рехтанд.


Даҳҳо ҳазор нафар аз сокинони шаҳри Хабаровски Русия рӯзи 18-уми июл ба нишони эътироз аз боздошти Сергей Фугал губернатори Кишвари Хабаровск раҳпаймоӣ карданд. Тазоҳуроти онҳо, ки нишони сарпечӣ аз ҳукумати Русия ба ҳисоб меравад, дар майдони марказии Хабаровск сурат гирифт. Онҳо мехоҳанд, Сергей Фугал аз боздошт раҳо шавад.

Бино ба гузоришҳо дар раҳпаймоии панҷсоата аз 15 то 50 ҳазор нафар ширкат доштаанд, аммо мақомоти расмӣ оморе дар ин бора нашр накардаанд. Фугали 50-сола, ки рӯзи 9-уми июл дар Хабаровск дастгир шуд, ба дастур додани қатли ду нафар дар солҳои 2004-2005 муттаҳам мешавад. Ӯро айни замон дар боздоштгоҳе дар Маскав нигаҳ медоранд.

Додгоҳи шаҳри Маскав рӯзи 15-уми июл шикоят аз ҳукми боздоштро беасос донист. Ӯ худро бегуноҳ мешуморад ва тазоҳургарон гуфтаанд, чаро Фугалро баъд аз 15 соли ин ҷиноятҳо боздошт кардаанд. Сиёсатмадори рус узви Ҳизби Либерал Демократии Русия ба раҳбарии Владимир Жириновский аст ва тарафдоронаш гуфтаанд, парвандаи ҷиноӣ ангезаҳои сиёсӣ дорад.


Баъди бозгашт аз як додгоҳи байналмилалии ҷиноятҳои ҷангӣ аз шаҳри Гаагаи Ҳолланд, Ҳошим Тачӣ, раиси ҷумҳури Косово аз амалкардҳояш дар ҷанги Косово бо Сербистон ҳимоят кард ва хостори ваҳдат миёни кишварҳои Балкан шуд. Ҳошим Тачӣ рӯзи 18-уми июл дар ин бора сухан гуфт. Нутқи ӯро дар телевизион ва Фейсбук нашр карданд.

Раиси ҷумҳури Косоворо чаҳор рӯз дар шаҳри Гаага доир ба ҷангҳои ҷудоиталабии Косово ба зидди Сербистон дар соли 1990 бозпурсӣ карданд. Додгоҳи Махсуси Косов рӯзи 24-уми июн эълон кард, Ҳошим Тачӣ ва чанде дигар аз афроди шинохта дар Косово ба ҷиноятҳои ҷиддӣ, аз ҷумла “100 қатл”, шиканҷа муттаҳам мешаванд.

Тачӣ бо ҳимоят аз амалкардҳояш дар ин ҷанг гуфт, ҳеҷ кори хатое накардааст. Раиси ҷумҳури Косово афзуд, ки ба ҷараёни муҳокима ва маълум кардани ҳақиқат дар ҷангҳои соли 1998-99 эҳтиром мегузорад ва бовар дорад, ки “муборизаи ӯ барои озодӣ ва истиқлол” собит мешавад.

Тачӣ дар он солҳо фармондеҳи Артиши озодихоҳи Косово буд. Ин кишвар, ки як бахши умдатан албанинишини Сербистон буд, соли 2008 худро мустақил эълон кард ва то кунун онро 110 кишвар ба расмият шинохтаанд. Аммо Русияву Чин ва чанде аз кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо, аз ҷумла Юнон онро кишвари мустақил намешуморанд.


Бонки миллии Тоҷикистон гуфтааст, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар шаш моҳи аввали соли 2020 фақат 3.5 дар сад зиёд шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2019 камтар аст. Дар соли 2019 рушди ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар нимсолаи аввал 7.5 дар садро ташкил додааст.

Дар бораи нишондодҳои иқтисодӣ ва молии Тоҷикистон дар як ҷаласаи Бонки миллӣ дар рӯзи 17-уми июл хабар додаанд. Хабаргузории “Ройтерс” менависад, мақомоти бонк сабаби суръати сусти рушди иқтисодиро дар пандемияи коронавируси нав гуфтаанд. Тоҷикистон пойбанди пули муҳоҷирони корӣ дар Русия аст, ки иқтисоди он кишвар низ ба сабаби поин омадани қимати нафт, осеб дид ва муҳоҷирони зиёде ҳам бекор монданд.

Аз тарафи дигар Чин, сармоягузори аслии Тоҷикистон ба сабаби бастани марзҳо иҷрои тарҳҳои бузурги иқтисодиашро дар кишвар ба таъхир андохт. Ҳукумати Тоҷикистон моҳи гузашта дурнамои иқтисодии кишвар дар соли 2020 бознигарӣ кард ва гуфт, ки имсол рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ на 7.8 балки 4.7 дар садро ташкил медиҳад.

Дар баёнияи Бонки миллӣ аз ҷараёни нишаст омадааст, ки Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, “Бо мақсади дастгирии иқтисодиёти кишвар дар вазъи душвори иқтисоди ҷаҳонӣ дар нимсолаи аввали соли 2020 дар маҷмӯъ ба маблағи 300,8 млн. доллари ИМА маблағгузориҳо аз ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ҷалб карда шуд.”


Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки шабонарӯзи гузашта як нафари дигар аз бемории коронавирус фавтидааст.

Ба ҳисоби расмӣ шумораи фавтидагон ба 57 нафар расид. Оморе, ки фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба он шубҳа доранд ва мегӯянд, теъдоди фавтидагон ба маротиб бештар аз ин аст.

Дар изҳороти Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки рӯзи гузашта 48 ҳолати нави гирифтории сокинон ба коронавирус сабт шудааст.

Ба иттилои манбаъ, шумораи умумии гирифторони коронавирус дар кишвар ба 6834 нафар расидааст, ки аз ин ҳисоб 5529 нафар ё худ беш аз 80 дар сад шифо ёфтаанд.

Охири моҳи апрел пас сабти чанд ҳолати пурсарсадои фавти сокинон, ки сабабашонро мақомот “пневмания” гуфтанд, вуҷуди коронавирусро дар Тоҷикистон тасдиқ карданд.


Дар шаҳри Хабаровски Русия, дар Шарқи Дур сокинон аз нав бо пуштибонӣ аз Сергей Фургал, губернатори боздоштшуда эътироз карданд.

Дар ин намоиши эътирози ҳазорон нафар ширкат карданд, ки дар таърихи шаҳр бесобиқа аст. Гуфта мешавад, ки дар эътирози имрӯз аз 15 то 50 ҳазор нафар иштирок кардааст.

Онҳо роҳҳои асосии шаҳрро бастанд ва дар назди шаҳрдорӣ шиор доданд.

Баъзе аз онҳо дар даст чунин шиорҳо доштанд: "Ман Сергей Фургал ҳастам” ва “Фургалро озод кунед”. Баъзе аз тазоҳургарон фарёд мекашиданд, ки “Маскав ҳиҷолат бикаш” ва ё “Нест бод шоҳ”, ки ишорае ба Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия аст.

Субҳи 9 июл намояндагони Кумитаи тафтишоти Русия дар ҳамроҳӣ бо ходимони мусаллаҳи ФСБ (Хадамоти амнияти федеролӣ) раиси минтақаи Хабаровск Сергей Фургалро боздошт карданд. Баъди чанде Кумитаи тафтишоти Русия хабар дод, ки Фургал ба ташкили як қатор кушторҳои фармоишӣ дар минтақаҳои Хабаровску Амурск дар солҳои 2004-2005 гумонбар аст. Феълан маълум нест, ки мавқеи худи Фургал ба ин қазия чист.

Даҳҳо ҳазор нафар ба нишони эътироз аз боздошти губернатори кишвари Хабаровск чанд рӯз боз раҳпаймоӣ мекунанд.


Мақомоти Қазоқистон ва Қирғизистон тасмим гирифтаанд, ки омори гирифторони коронавируси нав ва илтиҳоби шуш (пневмония)-ро якҷо ҳисоб кунанд

Ин дар ҳолест, ки аз аввали сол дар кишварҳои Осиёи Марказӣ фавт аз илтиҳоби шуш афзоиш ёфтааст. Бисёриҳо бар ин назаранд, ки илтиҳоби шуш ҳамон коронавирус аст.

Алексей Тсой, вазири тандурустии Қазоқистон 17-уми май гуфт, ки дар ним соли 2020 дар кишвар аз пневмания 3 ҳазору 327 нафар фавтидааст. Ӯ гуфт, ки дар ҳамин давраи соли гузашта аз ин беморӣ ҳазору 896 нафар фавтида буд.

“Аз охири моҳи июн гирифторони пневмания якбора дар Қазоқистон афзоиш ёфт”,-гуфт ӯ.

Омори Вазорати тандурустии Қазоқистон нишон медиҳад, ки танҳо дар моҳи июл 1,555 нафар аз пневмания фавтидаанд.

Дар Қирғизистон низ эълон карданд, ки фавт аз ҳисоби пневмания бештар шудааст.

Дар ин кишвари Осиёи Марказӣ, ки аз охири моҳи март сабти ҳолатҳои гирифторӣ ба бемории ҳамагир ва илтиҳоби шуш ҷараён дорад, 323 нафар ҷон дода, 8486 нафар мубтало шудаанд.


Владимир Путин, президенти Русия бо назардошти, ба гуфтаи ӯ, “таҳдиди ҷиддии тероризм” дастури санҷиши омодагии фаврии 150 ҳазор сарбозу садҳо нерӯ дар хушкию баҳрро дар ҷанубу ғарби кишвар дод.

Вазири дифо Сергей Шойгу рӯзи 17 июл изҳор дошт, ки аллакай санҷиш шурӯъ шудааст ва сатҳи омодагии неруҳои мусаллаҳи Русия барои гузаронидани машқи низомии “Кавказ-2020” дар моҳи сентябр баррасӣ мешавад.

“Бар асоси қарори сарфармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Русия (Путин) баргузории санҷиши ғайримунтазираи омодагии ҷангии нерӯҳои ҳарбӣ баргузор карда мешавад”,-гуфт Шойгу.

Минтақаи ҷанубу ғарбии Русия бо Украина ҳамшафат буда, аз тарафи шарқ Русия аз соли 2014 ба ин тараф гурӯҳҳои ҷудоихоҳро дар руёрӯиҳои ҷангӣ бо нерӯҳои мусаллаҳи Украина ҳимоят мекунад.

Ба гуфтаи вазири дифои Русия, дар ин размоиш 400 ҳавопаймои ҷангӣ ва 100 киштии ҷангӣ ширкат мекунад.


Ҷо Байден, номзад ба мақоми президенти Ийолоти Муттаҳидаи Амрико мегӯяд, мақомоти иктишофии кишвар дар ҷалассаҳои вижа ба ӯ иттилоъ додаанд, ки Русия дахолат ба раванди интихобот дар Амрикоро давом медиҳад.

Ӯ рӯзи 17-уми июл гуфт, ки пештар дар ин бора медонист, вале ҳоло огоҳии бештар дарёфт кардааст, ки ҳанӯз русҳо аз дахолат ба интихоботи президентии Амрико даст накашидаанд.

Ҷо Байден, ноиб-президенти пешини Амрико, яке аз даъвогарони курсии президентии ИМА аз Ҳизби демократҳо аст. Ӯ рақиби аслии Доналд Трамп, президенти кунунӣ дар интихоботи тирамоҳи имсол аст.

Агар Байден пирӯз шавад, 20-уми январи соли 2021 ҳамчун президенти Амрико ба кор оғоз хоҳад кард.

Маъмулан, номзадҳо ба интихоботи президентӣ дар Амрико машвартҳои амниятӣ мегиранд.

Мухолифони Доналд Трамп дар Амрико бар ин боваранд, ки дар интихоботи гузашта Русия дахолат кард ва интихобот ба фоидаи Трамп ҳал шуд. Трамп борҳо ин иддаоро рад кардааст.

  • Нарзуллоҳи Латиф


118 кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ба ҳамаи кишварҳо тавсия доданд, ки варзиш ва тарбияи ҷисмониро ба нақшаҳои барқарорсозии пас аз пандемияи Covid-19 ва фаъолияти варзишӣ ва ҷисмониро ба стратегияи миллии рушди устувор ворид кунанд. Дар ин бора сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар изҳороти муштарак оид ба таъсири Covid-19 ба рушди иҷтимоӣ, имзокунандагон саҳми арзандаи варзиш ва фаъолияти ҷисмониро дар пешбурди бисёр соҳаҳои муҳим, ба мисли маориф ҳамчун омили рушди устувор, сулҳ, ҳамкорӣ, ҳамбастагӣ, адолат, фарогирии иҷтимоӣ ва тандурустӣ баланд арзёбӣ карданд.

«Дар ин замони душвор, сарфи назар аз амалкардҳои фаврии мо, варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ барои беҳбуди зиндагии мардум муҳиманд. Онҳо ба саломатии ҷисмонӣ ва рӯҳии мо фоида мерасонанд ва барои бартараф кардани стресс ва изтироб кӯмак мекунанд”, - гуфта мешавад дар изҳорот.

Кишварҳои узви СММ мутмаинанд, ки Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Токио-2020, инчунин ҳама чорабиниҳои варзишии ба таъхир афтода ҳангоми дубора баргузор шуданашон дар таърихи варзиш ҷойгоҳи хосе хоҳанд дошт.

“Ин чорабиниҳо пас аз пирӯзӣ бар пандемия ҳамчун рамзи ваҳдату якдилии инсонҳо хоҳанд монд. Мо ба талошҳои ҷонибҳои манфиатдор ҷиҳати бо таъхир низ баргузор кардани чорабиниҳо баҳои баланд медиҳем", - таъкид шудааст дар изҳороти мазкур.

Қаблан Комиссияи Иттиҳоди Аврупо аз кишварҳои узви Иттиҳод даъват кард, ки маблағҳои иттиҳодро барои паст кардани оқибатҳои манфии пандемияи COVID-19 дар соҳаи варзиш истифода баранд.

Илова бар ин, вазирони варзиши 27 кишвари узви Иттиҳоди Аврупо чанде пеш изҳорот қабул намуданд, ки дар он аҳамияти варзиш барои ҷомеа дар давраи бӯҳрони COVID-19 таъкид карда шудааст.


Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки дар як шабонарӯзи гузашта 45 мавриди нави сирояти бемории COVID-19-ро сабт кардааст, вале талафот аз беморӣ мушоҳида нашуд.

Дар баёнияи вазорат, ки рӯзи 17-уми июл нашр шуд, омадааст, ки дар умум аз рӯзи 30-уми апрел то 15 – уми июл 6786 нафар мавриди сирояти коронавируси навро сабт кардаанд ва аз ин ҳисоб “5483 нафар ё худ 80,7%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, 56 нафар фавтидаанд.”

Ноҳияи Рашт (Ғарм) – ин яке аз ноҳияҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маркази маъмуриаш шаҳраки Ғарм мебошад, 10-уми марти соли 1931 дар масоҳати 5 346,9 км² ташкил ёфтааст. Имрузҳо ноҳияи Рашт каме зиёдтар аз 106 ҳазор нафар аҳолӣ дорад (2016 с.).



Ҷуғрофияи Рашт: Ноҳия дар қисмати рости дарёи Сурхоб байни куҳҳои Қаротегин ва Пётри як ҷойгир шудааст. Масофаи байни маркаши Рашт то пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе 185 километрро ташкил менамояд. Баландии замин дар заминҳои ноҳияи Рашт аз 1300 то 2400 метр аз сатҳи баҳрро, ташкил менамояд. Координатҳои харитавӣ иборат аз 39*01 шимолӣ ва 70*22 шарқӣ. Ҳарорати ҳаво чандон гарм набуда тобистон то +38 дараҷа гарм ва зимистонаш то – 35 дараҷа (селсия) хунук мешавад. Боришот дар як сол ба ҳисоби миёна 500 мм. ташкил медиҳад.

Дар ноҳияи Рашт чунин боигариҳои табии бисёранд, ба мисоли ангишт дар минтақаи Назарайлоқ, алюминий (арзиз) ва мармар. Кумури (ангишт) ин ноҳия дар деҳаи Ясмин ба худ ҳамто надорад, зеро ҳангоми сухтани он ҳарораташ ниҳоят баланд мешавад.


Дар ноҳияи Рашт 10-уми июли соли 1949 яке аз зилзилаҳои (заминҷумбӣ) шадидтарини кишвар бо иқтидори 9 бал дар мавзеи Ҳоит ба вуқуъ пайваста даҳҳо ҳазор нафар одамонро зери хок монда куштааст. Инчунин соли 2010 дар ноҳияи Рашт ҷангӣ байни яроқсилоҳони ҳукумати кишвар бо гуруҳи ҳаракати исломии Узбакистон ба вуқуъ пайвастааст, ки дар натиҷа душманон мағлуб шуданд. Солҳои 1992-1996 бошад дар минтақаи Рашт ҷанги шаҳрвандӣ шуда дар натиҷа ҳазорҳо нафар аҳолӣ фавтидаанд.

Дар ноҳияи Рашт 10 ҷамоати калон ҳаст, ки аз инҳо иборатанд: Шаҳраи Рашт (Ғарм) – 12 ҳазор, Ҷафар – 6,1 ҳаз., Қалъаи-Сурх – 12, Каланак – 8, Казнок – 11, Навдеҳ – 12, Навобод – 5, Оби-Меҳнат – 8, Раҳимзода – 8, Тагоба – 7, Ҳиҷборак – 8, Ҳоит – 11 ҳазор нафар одам.




Ба сайёҳҳон тавсия карда мешавад, ки аз беҳтарин мавзеҳои ноҳияи Рашт диданӣ намоянд, ки ба мисоли инҳо: Дарраи Камароб, Деҳаи Ясмин ва Ҳоит.

Ноҳияи Рашт ватани як қатор хизматчиёни давлатӣ, шоирон ва ҳунармандон, аз ҷумла: Нусратулло Махсум, Сайдулло Хайруллоев, Зафар Нозим, Абдураҳмон Назриев, Саидраҳмон Назриев, Мунаввар Шогадоев, Мирзо Раҳматов, Қадриддин Аслонов, Боқи Раҳимзода, Мунавваршо Назриев и др.

Раштиҳо дар бахши илму дониш аҳмияти хоса медиҳанд ва ба ин мақсад зиёда 100 мактаб сохта ба истифода додаанд. Штатҳои Муттаҳидаи Амрико маркази омузишии худро дар маркази ноҳияи Рашт ба истифода додааст, ки дар он ҳар руз садҳо бачаҳои ин минтақа дониши худро ба забони англисиӣ сайқал медиҳанд.

Инчунин як донишкадаи омузгорӣ фаъолият менамояд, ки дар он ҳазорҳо донишҷӯён таҳсил менамоянд. Мутаасифона дар ноҳияи Рашт ягон корхонаи калониистеҳсолӣ фаъолият наменамояд. Инчунин гуфт, ки дар ноҳия зиёд аз 10 намуди ташкилотҳои қарзии кишвар мавҷуданд. Истифодаи алоқаи интернет ва мобилӣ аз соли 2005 инҷониб ба шаҳрвандони раштонзамин имконпазир аст.

Маъмурият – (Ҳукумат) (+992 3131) 2-22-40
Прокуратура (+992 3131) 2-17-84
Суд (+992 3131) 2-22-30
Комисариати ҳарбӣ (+992 3131) 2-11-83
Милисия (+992 3131) 2-17-69
Сухторнишон (+992 3131) 2-16-70
Табобатхона – поликлиника (+992 3131) 2-21-05
Филиали Бонк (Агро) (3131) 2-21-37, (44) 610-20-08

Убайдуллои Каромат >>> Наимҷони Сайдалӣ

Читайте также: