Раиси мачлиси милли кист


21 декабри соли 2017 дар шаҳри Душанбе иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор мегардад.

Дар ҳамин ҳол мавзӯъи ҷаласа ва масоиле, ки дар он барасӣ хоҳад шуд, эълон нашудааст.

Коршиносон тахмин мезананд, Рустами Эмомалӣ, ки ду рӯз қабл аз ин иҷлосия ба синии 30 солагӣ мерасад, ба узвияти Маҷлиси Миллӣ пазируфта шуда, сипас ба раёсати он хоҳад расид. Раисони вилояту ноҳия ва шаҳрҳои бузурги кишвар дар як вақт узви палатаи болоии парлумон ҳам ҳастанд, ки танҳо шаҳрдори пойтахт бинобар нарасидани синнаш то ҳол ба узфияти он пазируфта нашудааст.

Хотиррасон менамоем, ки тибқи тағйироти воридшуда ба Сарқонун дар раъйпурсии 22 майи соли гузашта, синни узви Маҷлиси миллӣ аз 35 то 30-сола поин бурда шуд, вале раиси нави пойтахт танҳо 19 декабр 30-сола мешавад.

Дар сурати расидан ба раёсати Маҷлиси Миллӣ, Рустами Эмомалӣ расман нафари дуввум дар ҳукумат хоҳад шуд. Тибқи қонун, раиси Маҷлиси Миллӣ дар сурати марг, беморӣ ё истеъфои раисҷумҳур то интихоботи навбати раҳбарии давлатро ба дӯш мегирад.

Амрико Қудсро ба унвони пойтахт Исроил ба расмият шинохт. Ҳамаи ҷаҳон зид

ХУДО БО ТУСТ ЭЙ ТАНҲО!


Рафиқ Эмомалӣ Шарипович, президенти тавассути пулемёт ба сари қудрат омадаи Тоҷикистон!

Аз ман наранҷ. Акнун боз як унвонат зиёд шуд. Ин унвонро ба ту дӯсти худат, як диктатори чун худат пурсобиқае дар фазои пасошӯравӣ — Владимир Лукашенка додааст, ки барои ҳифзи мавқеи худ ва боз ҳам дар Беларус сари қудрат монданаш аз ҷаллодии туву Ислом Каримов мисол овардаву ҳамагӣ яке аз садҳо “қаҳрамони”-ҳоятро таъкид кардааст. Баромади рӯирости Лукашенка баёнгари он аст, ки таърих, ин довари ҳақгу, охири охирон ҳар амалеро ба ҷои худаш хоҳад гузошт ва ҳар роҳбарро мувофиқи амалаш подош хоҳад дод. Акнун, тадриҷан лозимат меояд, ки ба ин фошгӯиҳо одат кунӣ. Ва ин дӯстат дурӯғ ҳам нагуфтааст. Натанҳо бо қувваи яроқ ҳукуматро соҳиб гардидӣ, балки бо гузашти анқариб 28 сол ин одататро тарк накардаиву зидди мардумат артиши миллӣ ва ҳатто артиши дар мамлакат мустақари хориҷиро низ истифода мебарӣ. Хуб, бигзарем. Ҳоло вақти баррасии ин масъала ҳам хоҳад расид.

Иқдоми нават, ки се роҳбари ғайрирасмии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро тоза ба рӯихати “шахсони бо терроризм алоқаманд” ворид кардӣ ва ҳам чанд кӯшиши боз ба сари мардуми тоҷик қамчин кашиданат, маҷбурам сохт бо номаи наве ба ту муроҷиат намоям. Мутмаинам ачкиҳоятро чуқур монда, номаҳоямро мехониву барои худ хулосаи зарурӣ мебарорӣ. Боварам кун, ин номаҳоро аз душманӣ наменависамат. Ҳарчанд имрӯз фейкҳои фермаат дар расонаҳои иҷтимоӣ девонавор маро наҳзатӣ мехонанду намедонанд чи тавр сиёҳам кунанд, ҳоло як рӯз ба дурустии гуфтаҳоям бовар хоҳӣ кард. Акнун шумораи нафароне, ки бо овози баланд аз ноҳақиҳоят мегӯянд, босуръат афзуда истодааст ва дигар он ба сели баҳорие монанд гардидааст, ки ба зудӣ туву ҳукумататро то фаромӯшҷои таърих гусел хоҳад кард.

Ин дигар сели ноҳияи Хуросон нест, ки мардуми ҷабрдидаашро аз баланд кардани овозашон тарсондаву муттаҳам кунӣ. Мефаҳмам, ки аз ҳар эътироз мурданӣ метарсӣ, вале одат кун. Эътирози шаҳрвандон аз фаъолияти ноҷои ҳукумат дар ҷомеаи муосир як ҳодисаи маъмулӣ аст. Дигар ба ҳама роҳбарони наву минбаъдаи кишвар лозим меояд, ки ҳангоми идоракуниашон манфиати халқро ба инобат гиранд. Вале, ту ба насли роҳбарони кӯҳнаву тасодуфие тааллуқ дорӣ, ки бо мафкураи танги шоҳпарастонаат инро ҳеҷ фаҳмида наметавонӣ. Туи “пешво” ва дӯстат “батка” Александр Лукашенка ҳарду ҳам аз роҳбарони собиқи колхозу совхозҳои шӯравиед, ки танҳо ҳунари ҷабр карданро медонеду халос. Дар зер мисолҳо меорам, ки боз нагӯӣ сафсатта мехонам.

Баргардем ба роҳбарони ғайрирасмии Бадахшон. Дигар роҳи бадномкуниашонро наёфтиву террористашон эълон кардӣ! Хеле хандаовар! Хайр, пои наҳзатиҳорову ҳама намозхонҳову ришдорҳоро дар кишвар ба ин банд (терроризм) печондиву пеши Аврупову Амрико худро сафед карданӣ шудӣ. Акнун ҳамин Аврупову Амрикост, ки ба мухолифони ту паногоҳ дод. Яъне, ба гуноҳҳои беасос элон кардаат бовар накард. Акнун бо кадом ақлат бадахшониҳои дар дунявият устувор, вале аз сиёсати ту норозиро ҳам бо ҳамин банд бастанӣ мешавӣ? Ну, никак их не перевариваеш, Эмомали Шарипович! Дар гулӯят ба мисли устухон дармондаанд. Ҳеҷ натавонистӣ аз сари роҳи худату фарзандони “бизнесмен”-ат бардориашон ин соҳибони сарбаланди мулки худро.

Барои ҳамин дар кабинетҳои алоҳида, пушти пардаҳои пӯшида бо вазирони дасти чапат Ятимову Ниҳонӣ ҳоло ҳам нақшаи убират кардани онҳоро мекашӣ. Аввал, пас аз ҳуҷуми нобарори мусаллаҳонаи соли 2018-ат ба Хоруғ хости ба сепаратизм гунаҳкорашон кунӣ. Даррав пас аз муқовимати дастҷамъонаи мардуми сарбаланди Бадахшон бар зидди яроқдорони нимҷинояткорат барои ба дом афтондани лидерони ғайрирасмии Бадахшон ловушка сохтӣ. Бо кӯмаки Хитой ниҳоди яроқноке зидди сепаратизм таъсис додӣ, ки “қонунан” бар муқобили ин лидерон яроқи оташфишонро истифода барӣ.

Бо ақидаронии манғитонаат хости эҳсосоти маҳалгароиро миёни мардуми минтақаҳои кишвар авҷ додаву мардуми Бадахшонро дар инзиво бигузорӣ ва бо ин роҳ болояшон фишор биёрӣ. Соли 2018 дар вилояти Хатлон ҷанговарони собиқи Фронти Халқиро ҷамъ кардаву машқ додӣ. Хостӣ бар зидди “помириҳо” истифодаашон барӣ. Нашуд. Акнун дидӣ, ки мардуми ҳама минтақаҳои Тоҷикистон бар зиддат муттаҳид шуда истодаанд, ин лидерҳои “мағрур”-ро террористашон эълон кардӣ. Шарм намедорӣ? Ту барои сари қудрат мондани худату авлодат аллакай ҳама гурӯҳҳову аҳзоби аз сиёсатат норозиро “террорист”, “экстремист”, “сепаратист” эълон кардаву ҳар як амали гурӯҳҳои мухолифатро барои иваз кардани ҳукумат “кӯшиши ғайриқонунии сарнагун кардани ҳукумати конститутсионӣ” унвон мекунӣ.

Хуб, биё акнун сари ҳуқуқи мардуми тоҷик дар иваз кардани ҳукумати нолоиқ сӯҳбат кунем. Оё шаҳрвандони Тоҷикистон мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақ доранд, ки роҳбариятро аз нав интихоб кунанд? ДОРАНД! Онҳо қонунан метавонанд тавассути интихоботи даврӣ ҳар роҳбари нолоиқу дуздро (яъне, туро) иваз кунанд. Барои амалӣ кардани ин ҳуқуқашон иҷозаташон медиҳӣ? НЕЪ! Яъне, ҳуқуқҳои конститутсионии мардуми тоҷикро рӯирост поймол мекунӣ! Хуб, ин ҳуқуқпоймолкуниҳоятро баҳои ба интихоботи парлумонии соли 2020 (ва чанд интихоботҳои пешини кишвар) додаӣ ҳайати нозирони ОБСЕ рӯирост тасдиқ мекунад. Дигар баҳонаи “мухолифонам ҳама террористу экстремистанд” ба кор намеравад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ин марҳиларо аллакай пушти сар кард. Баҳсҳои ду соли охир миёни ҳукуматат ва мухолифинат дар вохӯрии солона доир ба ҳуқуқи инсон дар Варшава ин гуфтаҳоро возеҳан тасдиқ мекунад. Дигар бо гурӯҳи фейкии ҷомеаи шаҳрвандиат, ки аз қафоят кашолакунон ба Варшава мебарӣ, ба ҳеҷ мартабае нахоҳӣ расид.

Имрӯз, ки мардуми Рашту Суғдро лаппак кардаву пешвоёни ғайрирасмиву динии Кулобро зери фишор гузоштаӣ, бо пешвоёни ғайрирасмии Бадахшон ҳеҷ зурат нарасид! Онҳо намегузоранд, ки халқашонро зери ғорати мансабдорони порахӯрат бигузориву данғарагиҳоеро чун Иноятзода бар сарашон ҳоким таъин кунӣ, чуноне ӯро дар Истаравшан ҳоким гузоштиву пулҳои аз он ҷо ғораткардаашро ҳарду миёни худ тақсим кардед. Извини меня, дорогой. Бадахшан это совсем другая история! Муқовимати беназири мардуми Бадахшон зидди ҷабри золимонаи ту дар таърихи Тоҷикистон саҳифаи навест. Такони ҷиддӣ аст барои тағъири вазъият. ИБРАТИ ХУБ АСТ! Он ки “террорист” эълонашон мекунӣ, аз алам аст. Аз асп фаромада бошӣ ҳам, аз узангӯ ҳеҷ фаромадан намехоҳӣ. Аз сари нав болои асп ҳам нишаста наметавонӣ. Мадори хушкшудаат ҳеҷ намерасад! Худат ҳам, сиёсатат ҳам ҳарду пир шудаед. Ба забони ба худат фаҳмо бигӯям “Чол кет!”. Бидон, агар худат наравӣ, мардум маҷбуранд гуселат кунанд.

Додарам Эмомалӣ! Магар ту дарвоқеъ ҳам тарафдори ниқоб (маска) пӯшидани шаҳрвандон ва сиҳатии мардум ҳастӣ? НЕЪ! Никак нет! Агар ғамашонро мехӯрдӣ, ҳеҷ гоҳ мавҷудияти коронавирусро бо зӯрӣ пинҳон намедоштиву шумораи калони мардумро дар Хуҷанд бар касофати баромади наврӯзиат ба ин вабои даҳшатнок гирифтор намекардӣ. Ва ё мехоҳӣ дар Тоҷикистон тартибот бошад? БОЗ ҲАМ НЕЪ! Мардум ҳам боварат намекунанд. Барои ҳамин ҳар як қадаматро зери назорат мондаву тақсимкунии дуруғини помоши аз хориҷа омадаро фаъолона фош карданд. Ба ахбори расмиат доир ба шумораи гирифторон ва қурбониҳои коронавирус ҳам бовар накарда, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ вебсайти алоҳидаи худро кушоданд то ба мардум, ахбори воқеъиро расонанд. Ва шумораи қурбониёни воқеъӣ бо ному фамилия ва суроғаҳояшон аз шумораи расмиат қариб даҳ маротиба бештар аст! Ҳатто марги зиёди шаҳрвандонат дар нисбати кишварҳои ҳамсоя ҳам нинаки сахти туро хам намекунад!

Бо баровардани конуни “ниқоб” дардат тамоман дигар аст. Мехоҳӣ болои мардуми ҳақҷӯ фишор биёриву журналистонеро чун Абдулло Ғурбатӣ барои “паҳн кардани маълумоти нодуруст” ба маҳкама кашӣ. Барои ҳамин бо маслиҳати командаи зиддимардумиат таъҷилан “чора андешидӣ”. Яъне мардумро тарсонданӣ ҳастӣ, ки “муреду овоз баланд накунед!”. Боз ҳамон усули манғитии зӯроварӣ! Медонӣ, ки ин нағмаат ҳам намегузарад, вале боз якравӣ мекунӣ. Намедонам бо ин гарданғафсиат солат (мӯчарат) чи бошад?

Мардум ҳам ба ахбори “хушбахтона”-и телевизионҳоят бовар накарда, ҳама ҳодисаҳои дидаашонро ба навор гирифтаву ба расонаҳои мустақил равон мекунанд. Як мисоли зинда муқовимати дастҷамъонаи мардуми Рӯшон ба бехатариҳоят аст. Расонаҳои озодро дар дохили мамлакат ҳаматарафа маҳдуд намуда, гумон кардӣ бо ҳамин ҷонат халос мешавад. Боз ҳам хато карди! Бубин, ҳама мардум журналист шудааст. Ҳама телефон доранду видеонавор мегиранд. Дигар зӯри худату милисаву бехатариҳоят ба миллионҳо “журналист” намерасад! Хаёл мекунӣ мардум бовар кард, ки Иноятзодаи мири шаҳри Кӯлобро аз поквиҷдониат барои дуздиҳояш аз вазифа гирифтӣ? НЕЪ! Ин любимчикатро ҳамин худакат ба вазифа таъин карда будиву имрӯз пас аз фош шуданаш аз шармандагиат қурбонаш кардӣ. Чуноне, ки одатан дар олами ҷинояткорон мекунанд.

Боз бармегардем ба масъалаи лидерони ғайрирасмии Бадахшон. Беҳуда кӯшиши сиёҳ карданашонро накун! Ба ёд ор, вақте соли 2018 ба Бадахшон юриши яроқнок кардӣ, мардуми дигар минтақаҳо дар расонаҳои иҷтимоӣ бо шиори “Мо бадахшонием!” баромад карданд. Имрӯз вақте болои мардуми бехонаи Хуросон таҳдид дорӣ, дар фейсбук чанд шиори “Мо хуросонием!” ба чашмам хӯрд, ки, ростӣ, як падидаи хуб аст. Мардум зидди командаи ту муттаҳид мешаванд. Миёни мардум як мақол аст “ҳам ғариву ҳам пешхезӣ”. Инро дар нисбати нафароне мегӯянд, ки болои гунаҳкориашон боз забондарозӣ ҳам мекунанд. Чун корҳои имрӯзаи ту, ки мардумро мезаниву гиря кардан намемонӣ. Дигар симои ҳақиқият аз пушти пардаҳои ғафси саҳнаи сиёсиат ва грими ғафс ба рӯй молидаат ҳам намоён аст. Так что, минбаъд ҳам ғариву ҳам пешхезӣ карда наметавонӣ.

Исломиддин Садиров, нафақахӯр, ветерани меҳнат




Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

  • Асосӣ
  • Қонуну қарорҳо
  • Шарҳи қонунҳо
  • Мулоқотҳо
  • Хабарҳо
  • Тамос
  • Раёсати МН
    • Раис
    • Муовини аввал
    • Муовинон
  • Вакилони МН
    • Шарҳи ҳоли вакилон
  • Кумитаҳо ва комиссияҳо
    • Кумитаҳо
    • Комиссияҳо
  • Ҳизбҳо ва фраксияҳо
    • Вакилони ғайриҳизбӣ
    • Фраксияҳои ҳизбӣ
  • Робитаҳои хориҷӣ
    • Ҳакориҳои хориҷӣ ва байнипарлумонӣ
    • Гурўҳҳои дўстӣ
  • Дастгоҳи МН
    • Роҳбарият: Раис ва муовинон
    • Шуъбаҳо
    • Ҳаёт ва фаъолияти ҷавонон
    • Ҳаёт ва фаъолияти занону бонувон
  • Таърихи МН
    • Таърихи мухтасари фаъолияти МН
  • Китобхонаи МН
    • Маълумоти мухтасар дар бораи китобхона
    • Номгўи китобҳо бо нуқтаи ҷойгиршавияшон
  • Осорхонаи МН
    • Маълумоти мухтасар дар бораи осорхона
    • Ашёҳои таърихӣ – экспонатҳо
  • Сафарҳо
  • Ташрифҳо

Хабарҳо







  • Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун 26.06.2020

  • Зиёни касон аз пайи суди хеш 24.06.2020

  • Ваҳдати миллӣ – рамзи иттиҳоду ягонагии мардум 23.06.2020

  • Социальные системы и общественное сознание перед новыми вызовами современности 18.06.2020

Шӯрои МН


  • Аз Шӯрои Маҷлиси намояндагон 26.06.2020

  • Суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт 22.06.2020

Ҷаласаи МН


  • Созишномаҳо ба тасвиб расиданд 30.06.2020

  • Гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоир Зоир “Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум” (30.06.2020) 30.06.2020


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаласаи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев


Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030


Барномаи миёнамӯҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020


  • Манбаъ:МедиаМаркер
  • Манобеи молӣ:EUCTJ
  • Радабандӣ:ТОП-30

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 17-уми апрел бо талоши падараш раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон шуд.То ин замон дар ин вазифа собиқ раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсайид Убайдуллоев фаъолият мекард. Шабакаҳои иҷтимоӣ, ки макони аслии баёни афкори озод дар Тоҷикистон шудаанд, ин руйдодро хунсардона ва аслан бо истеҳзо қабул карданд. Аммо рӯзноманигорон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандие ҳам буданд, ки вокуниши рушантар доштанд.

  • Рӯзноманигори мустақил ва таҳлилгар Раҷаби Мирзо дар вебблогаш навиштааст, ки дар интихоби аъзои Маҷлиси Миллӣ моддаи 52 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби президент Эмомалӣ Раҳмон нодида гирифта шудааст.
  • Тибқи ин модда аз чор як ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз 30 рўзи баъди интихоботи Маҷлиси намояндагон ба Фармони худ таъйин мекунад.
  • “Дар ҳамин ҳол, таъини 8 узви Маҷлиси Миллӣ, ки бояд аз ҷониби президент сурат мегирифт, бори аввал дар таърихи 20 – солаи ин ниҳод, бо дермонӣ сурат гирифт. Ним соат пеш аз таъиноти ахири сенаторҳо дар рӯзи 15 апрел, ҳамон тавре дар сомонаи расмии Президенти Тоҷикистон мебинем, ӯ бо ҳамтои русаш Владимир Путин сӯҳбати телефонӣ доштааст. Аммо дар фармонҳои пас аз ин сӯҳбат содиршуда низ, номи ҳамагӣ 6 нафар буд, на 8, ки аъзои қабати болоии парлумонро бояд пурра кунад”, -навиштааст ин таҳлилгари тоҷик.
  • Рӯзноманигор Ҳуринисо Ализода дар ин маврид мегӯяд, “Агар сиёсати пешгирифтаи роҳбарони кишварҳои Озорбойҷону Қазоқистонро бигирем, ин амали мақомоти тоҷикро мешавад як анъанаи шарқӣ гуфт. Аммо ба андешаи ман, ки ҳамчун журналист аз рӯзйи аввали таъсисёбии маҷлиси дупалатагӣ шоҳиди фаъолияти он будам, кӣ будани садри Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ягон фарқе надорад. Чун вақте иҷлосияи якум гузашт ва нафаре аз вакилони Маҷлиси милливу Маҷлиси намояндагон ба ҷуз пахш кардани тугмача чизе нагуфтанд, фикр мекунам, ки кӣ будани раисони ин ду палата дигар муҳим нест”.
  • Ба андешаи Ализода агар Рустами Эмомалӣ дар ин вазифа чун шахси муосир ва технократ кор кунад, ба ҷое хоҳад расид. Ӯ мегӯяд, ба истиснои баъзе корҳои собиқ раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсайид Убайдуллоев, роҳбарони ҳарду маҷлис мустақилияти шахсӣ надоштанд ва агар Рустами Эмомалӣ дар ин садр мустақилият нишон диҳад, қобили дастгирӣ хоҳад буд.
  • Фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии кишвар Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён мегӯяд: "Амалан интихобу интихобот набуд, балки боркунии иродаи як тан сари аъзои Маҷлиси Миллӣ буд, ки аксарияти куллашон танҳо ва танҳо бо шарофати ҳамин тан онҷо нишастаанд, на дар курсии омӯзгории ягон коллеҷ ё сари палаки харбуза. Моҳиятан ҳифзи қудрат дар дасти як нафар асту ҳарчанд пуртаноқуз менамояд, ба фоидаи Рустами Эмомалӣ низ нест".
  • Ба гуфтаи ӯ, "воқеъияти кишвар ин аст, ки бо ҳама яккатозӣ номи Эмомалӣ Раҳмон ва ҳизби ҳоким дигар барои мардум хуш нестанд, балки заҳрогин низ шудаанду пайванди номи як сиёсатмадори ҷавон ба фоида ӯ нест, хоса дар соли интихобот".
  • Аммо фаъоли шаҳрвандӣ Зулайхо Усмонова мегӯяд, “ин ҷавон қобилияту истеъдодҳои фавкулодда хоҳад дошт, вақте ба чунин мансаби баланд интихоб шудааст”.
  • “Умед ҳаст, ки Раиси нави Маҷлиси миллӣ кори парлумонро боз ҳам ҷоннок ва шаффоф намуда, соҳаи илми иҷтимоиро дастгирӣ мекунад. Ҳоло мушкилӣ дар он аст, ки ҳамаи диққат ба илми дақиқ дода шудааст ва илмҳои ҷомеашиносӣ "дар соя" монданд, мутаассифона”, -афзуд, бону Усмонова.
  • Маврид ба зикр аст, ки ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон ва соҳибназарони пурсобиқа дар ин бора ҳанӯз изҳори назар накардаанд.


Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон кӣ мешавад то ҳол номаълум аст, вале номзадҳои эҳтимолӣ киҳо буда метавонанд? Бештари коршиносони расонаӣ рӯйи номҳои Маҳмадсаид Убайдуллоев-раиси шаҳри Душанбе ва раиси палатаи болоии Порлумон дар ду даъват ва Рустами Эмомалӣ писари Президент тахмин мезаданду мезананд. Аммо ин нукта то куҷо ба воқеият табдил меёбад, ҳанӯз фарзияе беш нест. Дар ҳоле ки сиёсатшиносон ва таҳлилгарон мавҷудияти палатаи болои Порлумонро дар ҳоқимияти Тоҷикистон ниҳоди давраи гузариш унвон кардаанд, вале ҳамоно мақоми шахси 2-юми Тоҷикистон будани раиси он, нуфузи ин ниҳодро нигоҳ медорад.

Вале ба назар чунин мерасад, ки камрангии нақши ММ фаъолияти Шӯрои Олии РСС Тоҷикистонро ба хотир меорад. Яъне он замон ҳам раиси Шӯрои Олӣ вуҷуд дошту ҳам раиси Президуми Шӯрои Олӣ. Дар тӯли мавҷудияти худ ММ амале ё кореро анҷом надодааст, ки мавриди гуфтугузори ҷидии доираҳои сиёсӣ ва ё ҳадди ақал расонаҳо шуда бошад. Аз ин нигоҳ таҳлилгарон нақши онро дар фазои сиёсии Тоҷикистон камранг ва мавҷудияти онро зиёдатӣ медонанд. Дар даврони Шӯравӣ Мирсаид Миршакар наздик ба 20 сол раиси Шӯрои Олӣ буд ва будани ӯ танҳо мақоми ифтихорие буду бас. Инчунин то солҳои навадум раисони ин ниҳод ба мӯҳлатҳои дароз кор мекарданд ва касе аз онҳо ба сифати як шахси таъсиргузор дар сиёсат ва ё иҷтимои ҳамундавраи Тоҷикистон ном намебарад ва намебурд. Яъне дар Шӯрави он ҳамагӣ як ниҳоди формалие беш набуд, ки акнун ММ нави Тоҷикистон низ хосияти онро қабул кардааст.

ОЁ УБАЙДУЛОЕВ № 2 БОҚӢ МЕМОНАД?

Аз 33 нафар узви ММ МО, ки ҳамакнун пешниҳод ва таъин шудаанд, кӣ шонси бештари раис шуданро дорад? Инро саҳеҳ гуфтан имкон надорад. Зеро акнун раиси ММ МО нафаре мешавад, ки амбитсияҳои сиёсӣ надошта бошад ва барои ба амалӣ кардани манфиатҳои сиёсӣ ва қабули қарорҳои сиёсӣ ба ҳокимияти иҷроия монеъ нашавад. Ин шахс кист? Оё Убайдулоев аст?

Раиси Маҷлиси Миллӣ, ки мувофиқи Қонуни асосӣ шахси рақами ду ҳисоб мешавад, бояд кӣ бошад? Бар асоси сиёсати кадрии ҳукумати феълии Тоҷикистон, ки мансабҳои калидӣ ҳамеша ба шахсони содиқу ба Президент наздик лоиқ дониста мешаванд, гуфтан мумкин аст, он ҳатман нафарест, ки бояд барои ҷомеаи Тоҷикистон чандон сиёсатзада набошад.

Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки эҳтимолияти барои панҷ соли дигар ҳифз кардани ин курсиро дорад, як шахси сиёсӣ ҳаст ва нуфузи бештареро низ миёни доираҳои сиёсӣ ва сохторҳои дигари дар қабули қарори сиёсӣ таъсиргузор дорост. Чунин ба назар мерасад, ки принтсипи баргузиниши раиси ММ тағйир кардааст, акнун эҳтимолияти №2 боқӣ мондани Убайдуллоев низ камтар вуҷуд дорад. Вале ҳамоно нуфузи шахсият ва ҳайсияти Маҳмадсаид Убайдуллоев ягона омилест, ки метавонанд алорағми принтсипи нав баромад кунанд.

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ НАМЕТАВОНАД РАИСИ ММ БОШАД

Қаблан, Рустами Эмомалӣ писари Президенти кишвар, ки дар ду соли охир қадамҳои устувореро дар сиёсати фаъол гузошт, аз ҷониби бархе аз гурӯҳҳо ҳамчун номзади эҳтимолии раиси ММ МО ном бурда мешуд. Аммо бо он ки номи ҳамаи аъзои ММ маълум шуд ва исми Рустами Эмомалӣ дар шумули аъзои ММ нест, ин фарзия ботил баромад.

НОМЗАДҲОИ НАВ ВАЛЕ БОЭЪТИМОДТАР

Бо вуҷуди он ки коршиносон бештар дар мавриди номзадии Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Рустами Эмомалӣ тахмин мезананд, вале ба "Миллат" як сарчашмаи наздик ба ҳукумат дар сӯҳбати ғайрирасмӣ зикр кард, ки номзадҳои асосие, ки дар долонҳои ҳукуматӣ бештар мавриди таваҷҷуҳ мебошанд - Давлатшо Гулмаҳмадов, раиси тозатаъини шаҳри Турсунзода ва Нуриддин Саидов, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳастанд. Сарчашмаи мо номзадии онҳоро аз нигоҳи ҷуғрофӣ хеле мувофиқ медонад ва то ҳатто эътимод дорад, ки яке аз онҳо раиси ММ мешавад. Оё ин иттилоъ асоси воқеӣ дошта метавонад? Чаро бояд раиси ММ нафари ғайрисиёсии ба ҷомеа начандон ошно мешавад, саволест, ки ҷавобашро ба таври дақиқ гуфтан камтар имкон дорад.

САИДОВ № 2 МЕШАВАД Ё ГУЛМАҲМАДОВ?

Эҳтимолияти раиси ММ интихоб шудани Давлатшо Гулмаҳмадов ва Нуриддин Саидов дар он аст, ки онҳо барои ҳокимияти Тоҷикистон чеҳраҳои камтар сиёсатзада мебошанд. Давлатшо Гулмаҳмадов, ки солҳо дар мақомоти роҳбарии Тоҷикистон фаъолият кардааст ва таҷрибаи роҳбарии сиёсиро омӯхтааст метавонад, ки раиси ММ шавад. Зеро замоне раиси Кумитаи заминсозии Тоҷикистон ва ҷонишини раиси вилояти Суғд буд. Баъзе соҳибназарон ба сифати раиси шаҳри Турсунзода таъин шудани ӯро ба ҳамин масъала тавъам медонанд. Яъне ӯ бояд раиси ММ интихоб шавад. Вале ин фарзияи як қисм нафарони наздик ба долонҳои ҳукумат асту халос.

Эҳтимолияти раиси ММ шудани Нуриддин Саидов зиёдтар аст, зеро баъди ректори ДМТ таъин шудани эшон ва ҷорӣ кардани баъзе навгониҳо дар ДМТ номашон дар долонҳои ҳукуматӣ бештар чархиш мехӯрад. То ҳатто соли гузашта Президенти кишвар зимни як суханронӣ таъкид карда буд, ки имкон доштааст, ки баъзе навгониҳоро дар донишгоҳҳо ворид кунем ва ин аслан, ба фаъолияти Нуриддин Саидов тааллуқ дошт. Ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад барои ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон диҳад, ки шахси № 2-и кишвараш олим ҳаст, яъне доктори илм. Аз ҷониби дигар раис шудани Нуриддин Саидов ва Давлатшо Гулмаҳмадов бо он бастагӣ низ дорад, ки онҳо нафароне ҳастанд, ки амбитсияҳои сиёсӣ надоранд ва наметавонанд, ки дар идоракунии минбаъдаи ҷомеа ба ҳукумати иҷроия таъсир расонанд. Яъне минбаъд раиси ҷумҳур онҳоро ба сифати як шахси наздик ба худ мешиносад ва ва ҷойи нигаронӣ надорад.

Принтсипи асосии сиёсати кадрии Ҳукумати Тоҷикистон, ки ба сиёсати кадрии Шӯравӣ сахт монанд мебошад, интизороти зиёдтарро дар мавриди раис шудани Нуриддин Саидов талаққӣ мекунад. Зеро аксари раисони Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон низ шахсиятҳои илмӣ ва фарҳангӣ буданд. Маслан, академик Талбак Назаров замони ректори ДМТ (собиқ ДДТ) буданаш ин симатро дар ихтиёр дошт. Акнун будани як шахсияти комилан нави илмӣ дар ҳокимияти Тоҷикистон низ ба манфиати роҳбарияти Тоҷикистон аст. Як сарчашмаи дигари наздик ба Ҳукумати Тоҷикистон низ эҳтимолияти зиёдтари интихоб шудани Нуриддин Саидовро ба курсии №2-и Тоҷикистон таъйид кард.

27.12.2018 Гуногун Comments Off on Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон 1,552 Показы

Хокимияти конунгузор ва мавкеи он дар тачзияи хокимияти давлати Хокимияти конунгузор дар чараёни идоракунии давлат мавкеи маркази дорад, зеро тибки принсипи тачзияи хокимияти давлати ин навъи хокимият аз хама мухимтар аст. Хокимияти конунгузор талаботи умумихатмиеро пеш мегузорад, ки хокимияти ичроия онхоро бояд дар хаёт татбик намояд ва ин талабот барои фаъолияти макомоти суди низ хамчун асоси конуни хизмат мекунанд.

Дар давлатхои пешрафтаи демократи парламент – макоми олии конунгузор ва намояндаги ба хисоб меравад. Вай сохибихтиёрии халкро ифода карда, иродаи мардумро дар шакли конун пешниход менамояд.

Чумхурии Точикистон низ давлати демокративу хукукбунёд аст, аз ин ру, мувофики талаботи демократия халк бояд баёнгари сохибихтиёри ва сарчашмаи ягонаи хокимияти давлати бошад. Хокимияти давлатиро халк бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амали мегардонад. Дар давлати демократи махз хокимияти конунгузор воситаи боэътимоди ифода кардани орзуву мароми оммаи васеи мардум ва манфиату талаботи он аст. Хокимияти конунгузор манфиату иродаи халкро тавассути парламент- макоми олии конунгузор ва намояндаги химоя мекунад.


Унвон ва сохтори парламент дар кишвархои олам вобаста ба хусусиятхои миллии тараккиёт гуногун аст. Масалан, дар Иёлоти Муттахидаи Амрико парламентро Конгресс, дар Федератсияи Россия – Мачлиси Федерали, дар Полша – Сейм, дар Дания Фолкетинг меноманд.

Парламенти Чумхурии Точикистон Мачлиси Оли ном дорад. Вобаста ба шакли идоракуни ва тарзи давлатдори, инчунин шакли сохтори давлати (ягона, федеративи ё конфедеративи будани мамлакат) парламентхо якпалатаги ё дупалатаги мешаванд.

Масалан, дар Мачористон, Финляндия, Дания, Полша ва дигар кишвархо парламент якпалатаги, дар Амрико, Австрия, Британияи Кабир дупалатагист.

Хар палата ба худ унвоне дорад, масалан дар Амрико – Палатаи намояндагон ва Сенат, дар Австрия – Шурои Иттифок ва Шурои милли.

Дар Чумхурии Точикистон низ парламент аз ду палата – Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон иборат буда, мувофики Конститутсия ва конунхои дахлдори конститутсиони хар яке аз онхо доираи муайяни вазифа ва салохияту ваколат доранд.

Хамин тавр, Конститутсияи Чумхурии Точикистон дар моддаи 9-ум эълон кардааст, ки хокимияти давлати дар асоси тачзияи он ба хокимияти конунгузор, ичроия ва суди амали мегардад. Хамчун давлати демократи дар Точикистон хокимияти конунгузор имтиёзи бештаре дорад, вай нисбат ба хокимияти ичроия ва суди мустакил буда, аз онхо вобастагие надорад. Ин гуна мустакилияти комил аз табиати сиёсиву хукукии худи макомоти конунгузор бармеояд. Тасаввур кардан мушкил аст, ки ягон рукни хокимият, ягон макомот ва муассисаву ташкилот ва умуман равиши табиии зиндагии мардум бе конунгузори вучуд дошта тавонад. Асоси пешрафти давлат ва хама сохахои хаёти онро санадхои меъёрии хукуки, яъне мавчудияти конунхои одилона ва ба талаботи чомеа чавобгу ташкил медиханд. Махз ба шарофати конунхо чомеа ба таври муназзам, яъне роху равиши муайян ва мураттаб пеш меравад ва таракки мекунад.

Аз ин ру, Мачлиси Оли – парламент дар рушди хама сохахои Точикистон макоми хоса дорад. Аммо ин акида набояд ба он маъни фахмида шавад, ки парламент комилан аз дигар шохахои хокимият чудост. Дар тамоми кишвархое, ки сохти чумхурияви доранд, миёни хар се шакли хокимият алокамандиву хамкори вучуд дорад.

Ин хамкори бо роху воситахои гуногун амали карда мешавад. Масалан, баробари вакили Мачлиси намояндагон ва узви Мачлиси милли, яъне аъзои парламент инчунин Хукумат хамчун макоми олии хокимияти ичроия хукуки ташаббуси конунгузори дорад. Ин чунин маъни дорад, ки дар тайёр намудани лоихаи конунхо Хукумат низ иштирок мекунад, танхо салохияти кабули конунхо ба ухдаи Мачлиси намояндагони Чумхурии Точикистон аст.

Мачлиси Оли аз ду Мачлис – Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон иборат аст, ки дар низоми конунгузори ва фаъолияти конунгузори якдигарро пурра мекунанд. Мачлиси намояндагон доимоамалкунанда ва касби буда, вакилони он гайр аз фаъолияти конунгузори ба кори дигар машгул намешаванд.

Танхо ба фаъолияти илмиву эчоди ва омузгори шугл варзида метавонанду халос. Фаъолияти Мачлиси милли бошад, даъвати аст. Барои фахмо шудани тарзу усули фаъолияти ин мачлисхо таркиби онхоро дида мебароем.

Мачлиси Оли аз ду Мачлис – Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон иборат аст.

Мачлиси милли аз 33 аъзо иборат буда, 25 аъзои он ба таври гайримустаким дар мачлисхои якчояи вакилони халки Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ва шахру нохияхои тобеи чумхури (якчоя) бо овоздихии пинхони интихоб мегарданд. Дар Мачлиси милли Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, ви-

лоятхо, шахри Душанбе, шахрхо ва нохияхои тобеи чумхури намояндагони баробар доранд. 8 нафар аъзои Мачлиси миллиро Президенти Чумхурии Точикистон таъин мекунад. Хар Президенти собики Чумхурии Точикистон узви якумраи Мачлиси милли мебошад, агар у аз истифодаи ин хак даст накашад.

Мачлиси намояндагон аз 63 вакил иборат аст, ки онхо дар асоси хукуки интихоботи умуми, баробар, мустаким ва бо овоздихии пинхони интихоб карда мешаванд.

Мухлати ваколати Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон дар рузи огози фаъолияти Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони даъвати нав катъ мегардад.

Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон дар давраи вазъияти фавкулодда ва холати чанги пароканда намешаванд.

Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон фаъолияти худро дар шакли ичлосияхои якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон доир мекунанд.

Шурои Мачлиси милли ва Шурои Мачлиси намояндагон, кумитахо ва комиссияхои Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон фаъолияти худро дар шакли чаласахо амали мегардонанд.

Вазъи хукукии узви Мачлиси милли ва вакили Мачлиси намояндагон ба хам хеле шабохат дорад, чунончи узви Мачлиси милли ва вакили Мачлиси намояндагон ба амри интихобкунандагон тобеъ набуда, хак доранд, ки фикри худро озодона баён намоянд, мувофики акидаи худ овоз диханд, онхо хукуки дахлнопазири доранд, онхоро хабс кардан, дастгир намудан, мачбуран овардан, кофтуков кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир шуданашон дар чои содиршавии чиноят.

Хамчунин онхо мавриди кофтукови шахси карор дода намешаванд, ба истиснои холатхое, ки конун барои таъмини амнияти дигарон мукаррар намуда аст.

Масъалаи махрум намудани дахлно пазирии узви Мачлиси милли ва вакили Мачлиси намояндагон бо пешниходи Прокурори генерали аз чониби Мачлиси дахлдор хал карда мешавад.

Ваколати узви Мачлиси милли ва вакили Мачлиси намояндагон хангоми вафот, истеъфо, гайри кобили амал эътироф шудани онхо аз чониби суд, ба кувваи конуни даромадани хукми айбдоркунии суд, катъи шахрванди, тарки доимии кишвар, ишголи вазифае, ки ба ваколати узви Мачлиси милли мувофик нест, инчунин парокандашавии Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон катъ мегардад.

Яке аз чихатхои мухими фаъолияти Мачлиси Оли чаласахои якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон аст. Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон хангоми гузаронидани чаласахои якчоя чунин салохият доранд:

  1. Тасдики фармони Президент дар бораи таъин намудан ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Хукумат.
  2. Тасдики фармони Президент дар бораи чори намудани холати чанги ва вазъияти фавкулодда.
  3. Ризоият ба истифодаи Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон берун аз худуди он барои ичрои ухдадорихои байналмилалии Точикистон.
  4. Таъини интихоботи Президент.
  5. Кабули истеъфои Президент.
  6. Сарфароз гардонидани Президент бо мукофотхои давлати ва рутбаи олии харби.
  7. Баррасии масъалахои дахлнопазирии Президент.

Дар чаласаи якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон Президент савганд ёд мекунад ва Паёми худро дар бораи самтхои асосии сиёсати дохили ва хоричии кишвар пешниход менамояд.

Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон дар чаласаи якчоя дар бораи аз хукуки дахлнопазири махрум намудани Президенти Чумхурии Точикистон дар сурати аз тарафи у содир шудани хиёнат ба давлат карор кабул менамоянд.

Карор оид ба ин масъала бо овоздихии пинхони ва бо тарафдорони на камтар аз се ду хиссаи шумораи умумии аъзои Мачлиси милли ва вакилони Мачлиси намояндагон, ки хар яке аз онхо дар алохидаги овоз медиханд ва дар асоси хулосаи Суди конститутсиони кабул карда мешавад.

Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон дар чаласахои якчоя дар доираи ваколатхои худ карорхо кабул мекунанд.

Карорхои якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон бо аксарияти овозхои шумораи умумии аъзо ва вакилон кабул карда мешаванд.

  1. Мачлиси милли

Мачлиси милли – палатаи болоии парламенти чумхури мебошад. Фаъолияти он ба монанди Мачлиси намояндагон дар шакли ичлосия мегузарад.

Чунонки дар боло кайд кардем, фаъолияти Мачлиси милли даъвати буда, соле на камтар аз 4 маротиба аз чониби Раиси Мачлиси милли даъват карда мешавад.

  1. Таъсис ва бархам додани вохидхои марзиву маъмури ва тагйири онхо.
  2. Интихоб ва бозхонди раис, муовинон ва судяхои Суди конститутсиони, Суди Оли ва Суди Олии иктисоди бо пешниходи Президент.
  3. Халли маъалаи бекор кардани дахлнопазирии Раис, муовин ва судяхои Суди конститутсиони, Суди Оли ва Суди Олии иктисоди.
  4. Ризоият барои таъйин ва озод намудани Прокурори генерали ва муовинони у.
  5. Амали намудани ваколатхои дигаре, ки Конститутсия ва конунхо муайян кардаанд.

Яке аз чихатхои мухими фаъолияти Мачлиси милли хамин аст, ки он карорхои Мачлиси вакилони халки Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе, шахрхо ва нохияхоро дар сурати бо Конститутсия, конунхои конститутсиони ва дигар конунхои Чумхурии Точикистон мувофикат накарданашон бекор мекунад.

Инчунин Мачлиси милли хак дорад мачлисхои вакилони халки ВМКБ, вилоятхо, шахри Душанбе, шахру нохияхоро дар сурати Конститутсия ва конунхои Чумхурии Точикистонро мунтазам ичро накардани онхо пароканда намояд.

1) ташкили тайёрии чаласахои якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон, ичлосияхои Мачлиси милли;

2) тахия кардани лоихаи рузнома ва тартиби кори чаласахои якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон, ичлосияхои Мачлиси милли;

3) мураттаб сохтани фаъолияти кумитахо ва комиссияхои Мачлиси милли;

4) таъмини хамкори бо Мачлиси намояндагон ва Шурои Мачлиси намояндагон;

5) ташкили банакшагирии корхои вобаста ба фаъолияти Мачлиси милли;

6) пешаки барраси намудани конунхое, ки Мачлиси намояндагон кабул кардааст ва дигар санадхо;

7) тахлили таклифу эродхои аъзои Мачлиси милли, ки дар ичлосияхои Мачлиси милли баён шудаанд ва аз руи онхо кабул намудани карорхои дахлдор, инчунин дигар ваколатхо , ки конун муайян кардааст.

Мачлиси милли кумитахо ва комиссияхои дахлдори худро таъсис медихад. Номгуй ва хайати кумитахо ва комиссияхоро Мачлиси милли бо пешниходи Раиси Мачлиси милли муайян мекунад. Раисони кумитахо ва комиссияхои Мачлиси милли ба мухлати салохияташон бо пешниходи Раиси Мачлиси милли, бо овоздихии кушод ва тарафдории аксарияти шумораи мумии аъзои Мачлиси милли интихоб мешаванд.

Мачлиси милли хангоми зарурат комиссияхои муваккати низ таъсис медихад. Салохият ва тартиби фаъолияти комиссияхо аз тарафи Мачлиси милли хангоми таъсис ёфтанашон муайян карда мешавад.

Вай ба чуз фаъолияти илмиву эчоди ва омузгори наметавонад ба фаъолияти дигар машгул шавад.

Салохияти Мачлиси намояндагон хеле васеъ мебошад. Он масъалахоеро дар бар мегирад, ки ба мухимтарин сохахои хаёту давлату чомеа дахл доранд.

Чунончи:

  • – таъсиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Чумхурии Точикистон, интихоб ва бозхонди раис, муовин ва аъзои он бо пешниходи Президент;
  • – ба мухокимаи халк пешниход намудани лоихаи конунхо ва дигар масъалахои мухими давлативу чамъияти;
  • – тасдики барномахои иктисоди ва ичтимои;
  • – ризоият ба додугирифти карзи давлати;
  • – тасдик ва бекор кардани шартномахои байналмилали;
  • – таъйини раъйпурси;
  • – таъсиси судхо;
  • – тасдики рамзхои давлати;
  • – тасдики мукофотхои давлати;
  • – тасдики фармонхои Президент дар бораи таъин ва озод намудани раиси Бонки милли ва муовинони у;
  • – мукаррар намудани рутбахои харби, дипломати, рутбахо ва унвонхои махсус;
  • – муайян намудани маоши Президент;
  • – амали намудани ваколатхои дигаре, ки Конститутсия ва конунхо муайян кардаанд.

Мачлиси намояндагон бо пешниходи Хукумати Чумхурии Точикистон конунро дар бораи бучети давлати кабул мекунад ва назоратро аз болои ичрои он ба рох мемонад. Хукумат лоихаи бучети давлатии Чумхурии Точикистонро хар сол то якуми ноябр ба Мачлиси намояндагон пешниход мекунад.

Конун дар бораи бучети давлати бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони Мачлиси намояндагон кабул карда мешавад.

Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи бучети давлати, ки Мачлиси намояндагон кабул кардааст, дар муддати понздах руз ба Президент барои имзо ва интишор пешниход мешавад.

Агар Президент ба конун ё кисме аз он рози набошад, конунро дар муддати понздах руз бо далелу эродхо ба Мачлиси намояндагон бармегардонад.

Дар сурати баррасии такрори агар конун дар матни пештар кабулшудааш бо аксарияти аз се ду хиссаи шумораи умумии вакилони Мачлиси намояндагон дастгири ёбад, Президент дар муддати дах руз ба конун имзо мегузорад ва онро интишор менамояд.

Шурои Мачлиси намояндагон макоми хамохангсоз ва хисоботдихандаи Мачлиси намояндагон буда, ба хайати он Раиси Мачлиси намояндагон, муовини якум ва муовинони у, раисони кумитахо ва комиссияхои Мачлиси намояндагон дохил мешаванд.

Шурои Мачлиси намояндагон дорои салохияти зерин аст:

  • – ташкили тайёрии чаласахои якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон, чаласахои Мачлиси намояндагон.
  • – тахияи лоихаи рузнома ва тартиби кори чаласахои якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон,чаласахои Мачлиси намояндагон;
  • – танзими фаъолияти кумитаю комиссияхо;
  • – таъмини хамкори бо Мачлиси милли ва Шурои

Мачлиси милли;

– ташкили банакшагирии корхои марбут ба тартиб додани лоихахои конунхо;

– пешаки барраси намудани лоихаи конунхо ва дигар масъалахое, ки конун муайян кардааст;

– тахлили таклифу эродхои вакилон, ки дар чаласахои Мачлиси намояндагон изхор шудаанд ва аз руи онхо кабул намудани карорхои дахлдор.

Вакилони Мачлиси намояндагон барои изхори дастачамъонаи акидахои сиёсии худ, амали гардонидани барномахо ва хадафхои пешазинтихоботи хукук доранд дар фраксияву гуруххо муттахид шаванд.

Фраксия ё гурух камаш аз панч вакили Мачлисинамояндагон ташкил меёбад. Дар хусуси ташкил, хайат, хадафу вазифахои фраксия ё гурухи вакилони Мачлиси намояндагон ба Комиссияи назорати Дастур ва ташкили кори Мачлиси намояндагон хатти

хабар дода, дигар вакилони Мачлиси намояндагон низ вокиф гардонида мешаванд. Хабарномаро бояд рохбари фраксия ё гурух имзо кунад.

  1. Фаъолияти конунгузории Мачлиси Оли Аъзои Мачлиси милли, вакили Мачлиси намояндагон, Президенти Чумхурии Точикистон, Хукумати

Чумхурии Точикистон ва Мачлиси вакилони халки Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон хукуки ташаббуси конунгузори доранд.

Хукуки ташаббуси конунгузори дар шакли пешниходи лоихаи конунхои нави Чумхурии Точикистон, лоихаи конунхо дар бораи тагйир додан ё бекор кардани конунхои чории Чумхурии Точикистон, хамчунин дар шакли пешниходи хатти дар бораи кабул кардани конунхои нави Чумхурии Точикистон ё дохил намудани тагйирот ба конунхои чории Чумхурии Точикистон, ки онро таклифи конунгузори меноманд, ба амал бароварда мешавад.

Лоихаи конунхо ва таклифхои конунгузори ба Мачлиси намояндагон ба тарики амалигардонии хукуки ташаббуси конунгузори фиристода мешаванд, аммо лоихаи конунро дар бораи авф – Президенти Чумхурии Точикистон ва лоихаи конунхоро дар бораи мукаррар ва бекор кардани андоз бошад, Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход менамояд.

Бояд гуфт, ки чараёни конунгузори мачмуи амалхоеро фаро мегирад, ки ба воситаи онхо фаъолияти макомоти конунгузор дар хаёт татбик мегардад.

Чараёни конунгузориро аксар олимони хукукшинос ба чор давра таксим кардаанд:

1) пешниходи лоихаи конун ё хукуки ташаббуси конунгузори;

2) мухокимаи лоихаи конун дар кумита ва комиссияхои парламент ва баъдан дар палатае, ки масъулияти кабули конунро дорад;

3) кабули конун; 4) чонибдори ва имзову нашри конун.

Хамин тавр, мувофики конун лоихаи конунхо ва таклифхои конунгузории ба Мачлиси намояндагон расидаро Шурои Мачлиси намояндагон барои мухокимаи пешаки ба кумитаву комиссияхои дахлдор мефиристад. Макомоти дахлдор хулосахои худро оид ба лоихаи конун барои мухокима ба чаласаи Мачлиси намояндагон пешниход менамоянд.

Дар доираи салохияти худ Мачлиси намояндагон санадхои меъёрии хукуки кабул мекунад, ки онхо ба 3 гурух таксим мешаванд: 1) конунхои конститутсионии Чумхурии Точикистон; 2) конунхои Чумхурии Точикистон; 3) карорхои Мачлиси намояндагон.

Кабули конунхо ваколати асосии Мачлиси намояндагон аст. Конунхо бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилон кабул мегарданд. Конунхои кабулнамудаи Мачлиси намояндагон, гайр аз конунхо дар бораи бучети давлати ва авф, ба Мачлиси милли пешниход карда мешаванд. Конун дар бораи бучети давлати ва авф танхо аз чониби Мачлиси намояндагон кабул карда мешавад. Назорат аз болои ичрои бучети давлати низ ба ухдаи Мачлиси намояндагон мебошад.

Аз нигохи дарачаи эътиборнокии санадхои меъёрии хукуки баъд аз Конститутсия конунхои конститутсиони дар чои дуввум карор доранд. Конунхои конститутсиони оид ба масъалахое кабул карда мешаванд, ки Конститутсия муайян намудааст.

Конунхои конститутсиони бо тарафдории на камтараз се ду хиссаи шумораи умумии вакилони Мачлиси намояндагон кабул мегарданд ва Мачлиси милли онхоро бо тарафдории на камтар аз се ду хиссаи аъзои худ чонибдори мекунад. Дар сурати бо карори

Мачлиси милли норози будани Мачлиси намояндагон конуни конститутсиони хамон вакт кабулшуда хисоб мешавад, ки агар Мачлиси намояндагон онро такроран ба тарафдории на камтар аз се ду хиссаи шумораи умумии вакилон тасдик намояд.

Конунхои аз чониби Мачлиси намояндагон кабулшуда ва аз тарафи Мачлиси милли чонибдоришуда дар давоми як хафта барои имзо ва интишор ба Президент фиристода мешаванд. Агар Президент бо конун ё як кисми он рози набошад, конунро дар

давоми понздах руз бо далелу эродхо ба Мачлиси намояндагон бармегардонад. Баъдан бо тартиби мукаррарнамудаи Конститутсия Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон конуни мазкурро такроран барраси менамоянд. Дар сурати баррасии конун дар матни пештар кабулшудааш агар бо аксарияти аз се ду хиссаи шумораи умумии аъзои Мачлиси милли ва вакилони Мачлиси намояндагон дастгири ёбад, Президент дар муддати дах руз ба конун имзо мегузорад ва онро интишор медихад.

Агар Президент конуни конститутсиониро баргардонад, Мачлиси намояндагон ва Мачлиси милли бо тартиби мукаррарнамудаи Конститутсия конуни мазкурро такроран барраси менамоянд. Дар холати баррасии такрори агар конуни конститутсиони дар матни пештар кабулшудааш бо аксарияти аз чор се хиссаи шумораи умумии аъзои Мачлиси милли ва вакилони Мачлиси намояндагон тасдик шавад, Президент дар муддати дах руз ба конуни конститутсиони имзо мегузорад ва онро интишор менамояд.

Читайте также: