Зар аз кисту захр аз кист


Исмоил Зарифӣ, рӯзноманигор ва шоири муқими Панҷакент корхонаи тиллои "Зарафшон" ва ду масъули ҳукумати Панҷакентро барои беасос ва дурӯғ номидани як мақолаи ӯ дар бораи камбудҳои ин корхона, ба додгоҳ кашида, 500 000 (панҷсад ҳазор) сомонӣ ҳамчун зарари маънавӣ талаб кардааст.

Даъвои мутақобили журналист ва корхонаи тилло алайҳи якдигар

Исмоил Зарифӣ баъд аз зуҳри 27-уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки додгоҳи Панҷакент ӯро дар бораи даъвои корхонаи “Зарафшон” алайҳаш дар ҷараён гузошт ва ӯ ба навбати худ имрӯз аризаи даъвоӣ пеш овард. Ӯ гуфт, посух ба мақолааш, ки дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” моҳи июл чоп шуда буд, бар хилофи талаботи Қонуни матбуот дар нашрияи ҳукумати Панҷакент -- "Зарафшон" ба чоп расид.

Дар он мақола навиштаанд, ки ягон факту рақамҳои оварда дар бораи камбудҳои корхонаи тиллои "Зарафшон" асоси воқеӣ надорад ва муаллиф гӯё дурӯғ гуфтааст. "Вокуниш бе санҷишу таҳқиқи мавзӯъ навишта шудааст ва шаъну шарафи касбии маро ба ҳайси журналист, зери по мегузорад. Ин мақолаи ҷавобӣ аз номи муовини аввали раиси ҳукумати шаҳри Панҷакент Муҳаммадсодир Сафарзода нашр шудааст”,-мегӯяд Исмоили Зарифӣ.

Дархости Зарифӣ чист?

Зарифӣ гуфт, ӯ аз додгоҳ рӯёнидани ним миллион сомонӣ зарари маънавиро барои "дурӯғгӯ" номидани ӯ дар мақолаи ҷавобӣ мушаххасан аз муовини аввали ҳукумати шаҳри Панҷакент Муҳаммадсодир Сафарзода, Луқмон Қурбонов, сармуҳаррири нашрияи “Зарафшон”, Ҷан Шундин, мудири кулли корхонаи муштараки тиллои “Зарафшон” ва ҳуқуқшиноси ин корхона Фаррух Исрофилов, дархост кард.

Ҳамчунин, ӯ аз додгоҳ хостааст, ки ҷавобгарон барои ин аъмоли худ тавассути нашрияи “Зарафшон” расман узр пурсанд.Талаби дигари Зарифӣ аз додгоҳ ин аст, ки "корхонаи муштараки "Зарафшон" барои аз 13-уми август бе иҷозатномаи давлатӣ дар ду самт, яъне ЗИФ-1 ва ЗИФ - 2 кор карданаш ва нахобонидани ин коргоҳҳо, ба ҷавобгарӣ кашида шавад ва ҳама фоидаи дар ин самтҳо ба даст овардааш, ба будҷаи Тоҷикистон гузаронида шавад."


Зарифӣ дар аризаи даъвоии худ ба додгоҳ навиштааст, ки нашри вокуниш ба мақолаи ӯ дар нашрияи ҳукумати Панҷакент боис гардид, ки вазъи рӯҳияш хароб шуда, рӯзҳои зиёде дар шӯъбаи касалиҳои асаб бихобад ва баъдтар ба маркази саломатии шаҳри Панҷакент муроҷиат кунад.

Даъвои ҷавобии Зарифӣ дар ҳолест, ки қаблан корхонаи муштараки тилои "Зарафшон", ки 75 дарсади саҳмияҳояшро Чин дар даст дорад, алайҳи Исмоил Зарифӣ ва ҳафтаномаи "Тоҷикистон" барои мақолаи "Корхонаи Зарафшон. Зар аз кисту заҳр аз кист?" ба додгоҳ даъво бурда, 10 000 сомонӣ ҷуброн хоста буд.

Ҷин Шундин чӣ мехоҳад?

Ҷин Шундин, мудири кулли ин корхона аз додгоҳи Панҷакент хостааст, Исмоил Зарифӣ -- муаллифи мақола ва нашрияи “Тоҷикистон” барои паҳн кардани маълумоти беасос, ки шаъну шараф ва эътибори кории ин корхонаро паст мезанад, бо се роҳ амали худро ҷуброн кунад -- мақолаи мазкур беэътибор дониста шуда, аз интернет хориҷ карда шавад ва муаллиф дар нашрияи "Тоҷикистон" оид ба дурӯғ будани мақолаи худ раддия чоп кунад ва аз ҷавобгарон барои паст задани эътибори корхонаи мазкур 10 000 сомонӣ подоши зарари маънавӣ рӯёнида шавад.


Ин даъво аз номи ҶДММ КМ "Зарафшон" бо имзои мудири кулли ин корхона Ҷин Шундин ба додгоҳи Панҷакент ворид шудааст. Додгоҳ ҳанӯз ба баррасии он шурӯъ накардааст.

Корхонаи муштараки "Зарафшон", воқеъ дар ноҳияи Панҷакент бузургтарин корхонаи тавлиди тиллои Тоҷикистон аст, ки 75 дарсади саҳмияҳои он ба кишвари Чин ва 25 дарсад ба Тоҷикистон тааллуқ дорад. Аз соли 1994 то соли 2007 қисмати бештари саҳмияҳои ин корхона ба ширкати бритониёии "Commonwealth & British Mineral Ltd" тааллуқ дошт. Баъдан онро ширкати чинии тавлиди тиллои "ZiJin Mining Group Co.Ltd" харидорӣ кард.

Ҳудуди 1500 коргари ин корхона тирамоҳи соли 2011 ба корпартоии умумӣ даст зада, аз раҳбарияти худ талаб карда буданд, моҳонаашон зиёд ва шароити корӣ беҳтар карда шавад.

Зарифӣ мегӯяд, дар мақолааш - "Корхонаи Зарафшон. Зар аз кисту заҳр аз кист?" бархе мушкилоти ин корхонаи тилло, аз ҷумла рӯзи кории 12- соатаи коргарони маҳаллӣ, заъфи техникаи бехатарӣ ва фарқи аз ҳадд зиёди моҳонаи коргарони оддӣ ва менеҷерҳову ҳуқуқшиносони ин корхона баён кардааст. Вале ба қавли ӯ, дар мақолаи ҷавобӣ мақомот далелҳои овардаи ӯро бепоя ва нодуруст номида, ӯро барои паҳн кардани факту рақамҳои бардурӯғ, муттаҳам кардаанд.

Ду баҳси додгоҳии журналистон дар Суғд

Исмоил Зарифӣ, рӯзноманигор, шоир ва узви иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон, аз фаъолони саҳифаи тоҷикии "Фейсбук" муқими Панҷакент аст ва ба ҳайси хабарнигори мустақил фаъолият дорад. Даъвоҳои Зарифиву корхонаи муштараки тилои "Зарафшон" дуюмин баҳси додгоҳии рӯзноманигорон дар вилояти Суғд дар як соли ахир аст.

Моҳи феврали ҳамин сол як зани сокини Хуҷанд телевизиони "Танин"-и шаҳри Хуҷандро барои паст задани шаъну шарафаш дар як намоиши ин телевизион ба додгоҳ кашида, 800 ҳазор сомонӣ подоши зарари маънавӣ талаб кард. Додгоҳи Хуҷанд алайҳи телевизини "Танин" бо иттиҳоми "ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ" парвандаи шаҳрвандӣ боз карда, дар баррасии он то гирифтани натиҷаи ташхиси пурраи намоиши "Танин" аз ҷониби Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон, таваққуф кардааст.

Ба таваҷҷуҳи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода

Аз супориши таҷдиди роҳи Сӯфиён-Шинг ҳам қариб ду сол мегузарад, вале касе ин супоришро ба ёд намеорад. Ногуфта намонад, ки ин роҳ роҳи ободи мумфаршкардашуда буд. Ин роҳро техникаҳои гаронвазни ин корхона пурра аз байн бурданд. Аз корхона таҷдиди роҳ дархост шуда буд, вале Чжан Шундин (роҳбари корхона) ҳатто намехоҳад, ки роҳи харобкардаи худро барқарор кунад.

Агарчӣ имрӯз навад фоизи аҳолии ин деҳаҳо аз заҳри сианиду реаген ва кислотаҳо, чанги роҳ, инчунин аз заҳрҳои доимии фабрикаи холисгардонӣ аз бемориҳои дил, фишорбаландӣ, асабоният, саратон ва ғайраҳо азоби ҷонкоҳ доранд, ба хотири як бурида нон таҳаммул мекунанд. Танҳо дар хоҷагии Баҳриддиновҳо аз деҳаи Косатарош ду бародар шодравонҳо Пирмуҳаммад ва Ёрмуҳаммад аз саратон фавтиданду чанд тани дигар аз ин дард ранҷ мебаранд. Агар коргар аз хитоӣ ё мененҷери маҳаллӣ, чизеро талаб кунад, роҳро нишон медиҳанд ва дар пушти дарвоза интизор будани корҷӯйҳоро ёдрас мекунанд.

Дар ҷои калидии ин коргоҳ танҳо як мененҷери тоҷик кор мекард, яъне кони Тарор. Ин шахс Муиниддин Содиқов мебошад, ки хатмкардаи мактаби олии Россия аст, на Тошканд, саводи хубе дорад ва аз илми саноат бархӯрдор аст. Ҳангоми дар рухсатӣ буданаш корманде бо номи Алишер Ҳомидов ба садамаи нақлиёти дучор шуда мефавтад . Амакаш Ҳомидов Муҳаммадсиддиқ, ки ҳатто алорағми тоҷикон солҳои навадум ба колхоз номи қотили халқи тоҷик Амир Темурро дода буд, аз қудрати дӯстони болоияш истифода бурда, ӯро низ аз кор барканор кард ва имрӯз ҷиянаш Холмуродов Зокирро дар ин курсӣ дидан мехоҳад. Ҳатто кор ба ҷое расид, ки прокурори шаҳри Панҷакент Авазҷон Назарзода барои аз кор бартараф кардани Муиниддин Содиқов ба корхона амри хаттӣ ирсол намуд ва кори шаш нафари дигарро ба суд кашонд. Ҳол он, ки дар садамаи нақлиётӣ танҳо ронанда гунаҳгор асту бас, чунки садама бо гуноҳи ронанда сар мезанад. Вақте ки автомашинаи мазкур ба иҷора гирифта шудааст, дар шартномаи байни корхона ва ронанда зикр шудааст, ки ба ҳолати техникӣ ва техникаи бехатарӣ танҳо ронанда ҷавоб мегӯяду бас.

Аз рўи инсоф мегӯям, ки ҳамаи коргарони баландрутбаи корхона хатмкардагони мактаби олии Тошканданд ва фарзандонашон имрӯзҳо дар Ӯзбекистон зиндагӣ мекунанд ва шаҳрванди ин мамлакатанд. Муҳаммадсиддиқ ба фоидаи додарзодаи фавтидааш аз корхона он қадар маблағ рӯёнд, ки марҳум дар тамоми умр рӯи ин қадар пулро намедид. Ман ба ин коре надорам,ҷони вай рафтааст ва ҷавонмарде фавтидааст, вале аз деҳаи Косатарош дар корхона ҳафт кас ба ҳалокат расид, ки ҳамаи онҳо на дар садамаи нақлиётӣ, балки ҳангоми иҷрои вазифа ҷон бохтаанд ва бо сабаби ба тақдир тан додани наздиконашон касе ба ҷавобгарӣ кашида нашуд. Шодравон Расул Юнусов ҳангоми аз сафари хизмати баргаштанаш, ки ҳамсафаронаш англисҳо буданд, сангсор карда шуд. Дар ин сангсоркунӣ танҳо як нафар чорбоғӣ, ки бекас буд, даҳ сол ба ҳабс нишасту бас. Ҳол он ки сангсор аз дасти як кас намеояд. Корхона ба наздикони ӯ на маблағ доду на хона. Ҳатто ба ҷояш касеро ба кор нагирифтанд. Ахтам Холовро оҳан зада кушт. Ҳамроқул Фаттоҳов дар нақб зери санг монд. Зафар Маҳмадов ҳангоми иҷрои супориш дар торикӣ ба чоҳи зиёда аз садметра фурӯ рафт. Ногуфта намонад, ки ин чоҳ барои фурӯ рехтани маҳсулот, яъне хокаи тиллодор кофта шуда буд ва дар сурати пайваста кор кардани ин чоҳ корхона миллионҳо доллар фоида медид. Фоидаи ин чоҳ танҳо он шуд, ки ҷавонмарде ба сисолагӣ нарасида, дунёро тарк намуду чаҳор тифли бегуноҳи ў, ки имрӯз хона надоранд, ятим монданд.

Чоҳи мазкур барои аз теппаи кӯҳ ба ҷои бехавф расондани маъдан пешбинӣ шуда буд, вале бо кадом сабабе маъдан дар нимароҳ банд монду барои аз нав кушодан ва ба кор сар кардани он миллионҳо доллар сарф шуд, вале на хитоӣ ва на каси дигар аз ўҳдаи кушодани ин чоҳ набаромад. Агарчанде ки кормандони олирутбаи вазоратҳои дахлдор хавфнок будани роҳи маъданкашонии имрӯзаро медонанд, намедонам бо кадом сабаб онро манъ наменамоянд. Ё сабр мекунанд, ки фоҷиаҳои дигар рух диҳад? Марги Алишер низ дар ин роҳ ба вуқӯъ омадааст. Ба Амон Шоев зери лӯлаи бор монд. Бердимурод Тағоевро барқ зад. Наврӯз Рауповро чархи мошин зада кушт. То имрӯз касе ба ҷое даъво набурдааст, ки фалонӣ аз кор ронда шавад.

Дар Россия ғуломвор кор кардани ҳаммиллатони мо бас набуд, ки дар Ватани худамон хитоиҳо моро ғуломи ҳалқабаргӯши худ медонанд ва одам ҳам ҳисоб намекунанд, чунки бо маоши ҳангуфт забони кормандони баландрутбаи тоҷикистониро кӯтоҳ кардаанд ва онҳо ягон масъаларо бо хитоӣ ҳал карда наметавонанд. Дар шуъбаи сохтмонии корхона Абдунозир Наҷмиддинов даҳсолаҳо боз роҳбар аст. Ин ҷаноб бо вуҷуди коргари зиёд доштан ҳамеша аз ташкилотҳои беруна дар кори сохтмон кумак мехоҳад. Аз ба кор сар кардани ЗИФ—2 вақти зиёде нагузаштааст, вале аллакай идораи маъмурии он корношоям асту ба мабразу ҳаммоми он даромадан имкон надорад. Ман намедонам, ки дар сохтмони ин иншоотҳо чӣ қадар маблағ сарф шуда бошад. Ба қарибӣ раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода супориш дод, ки аз назди қабристони деҳаи Косатарош то ба итмомрасии деҳаи Шинг барои эҳтиёт соҳили дарёи Шинг мустаҳкам карда шавад. Соли гузашта дар натиҷаи обхезии ин дарё роҳи ыамоатҳои деҳоти Шинг, Моғиён ва Фароб пурра аз байн рафтанду қисми зиёди заминҳои кишт ва хонаҳои мардуми Филмандару Косатарошро сел харобу валангор кард. Ҷаноби Наҷмиддинов бо як булдозер чанд рӯз каме қумро ин тарафу он тараф зад ва рисолати хешро гӯё ба ҷо овард, вале мутаассифона қуми задаи ӯро рӯзи дигар оби дарё бо худ бурд. Чӣ қадар маблағ сарф шуданашро виҷдони дастандаркорон медона

Солиёни зиёд аҳли башар барои кори ҳаштсоата ва маоши баланд мубориза бурданд, вале дар ин корхона коргарон барои пайсае ба каф овардан ба ҳамаи шарту шароитҳои хитоиҳо розӣ шудаанд. Яъне бо ташаббуси Чжан Шундин ва лаганбардорони ӯ ҳамаи шуъбаҳои истеҳсолӣ ба ҳисоби хоҷагӣ гузаштанд. Ин кор ба манфиати онҳост, чунки ба коргар танҳо музди натуравиаш дода мешавад. Дар рӯзҳое, ки ба таъмир сарукор мегирад, соҳиби дираме намешавад. Турфа ҳисобе. Ягон шуъба аз пеши худ коре карда наметавонад. Қисмҳои эҳтиётӣ бо пули гарон аз Хитой оварда мешаванд. Ҳатто як дона мехе, ки дар бозорҳои Тоҷикистон онро ба чанд дирам харидорӣ кардан мумкин аст, аз Хитой бо доллари ҳангуфте ба корхона расонда мешавад.

Коргар соати панҷи саҳар аз хона мебарояд ва одатан соати 22 ба хона бармегардад, яъне 17 соат дар кор асту ҳафт соат дар хона. Мувофиқи оинномаи ҳуқуқи башар ба корманд барои ин соатҳои дар роҳ масрафкардааш низ бояд пардохти муайяне намояд. Кас ҳайрон мемонад, ки заркор бо ситам зари зердастонашро ба фоидаи худ меситонад. Ин тарзи корфармоиро мумкин ҳуқуқшинос Фаррух Исрофилов шарҳ диҳад.

Агар хитоиҳо ва мененҷерҳо бо мошинҳои люкс ва мулоим гарданд, коргар бояд аз мошинҳои дар гузашта боркаши тамғаҳои ЗИЛ, КАМАЗ, УРАЛ, КРАЗ, ДАНГФУНГИ ХИТОӢ ва ғайра истифода барад.

Ман дар мақолае ин масъаларо бардошта будам ва ваъда ҳам шуда буд, ки ба корхона мошинҳои махсуси одамкашонӣ оварда мешавад. Вале ваъда ваъда монд.

Ин мошинҳои ба талабот ҷавоб намедодагӣ ҳам аксар аз Муҳаммадсиддиқ Ҳомидов ба иҷора гирифта шудаанд. Мумкин дар гузашта моли худи корхона бошанд, чунки ў дар аз худ кардани моли дигарон таҷрибаи кофӣ касб кардааст. Ҳатто экскаватори барқӣ, ки моли ҳалоли корхона аст, дар худи ҳамин корхона чун моли шахсии падари ӯ кор фармуда мешавад, ки ӯ ҳатто андоз ва пули барқро ҳам намесупорад. Дар кони Ҷилав ду экскватори дигараш низ ба тариқи иҷоравӣ кор мекунанд. Коргарон, ки солиёни зиёд меҳнат мекунанд, ба ароба дастрасӣ надоранд ,вале кас ҳайрон мемонад, ки ӯ ин қадар маблағро аз куҷо дастрас мекунад.

Агар хароҷотҳои беҳуда кардаи хитоиҳоро ҳисоб кунем, ба миллионҳо доллар мерасад. Се моҳ дар ду мавзеи Ҷилав бо истифодаи қувваи зиёд замин ҳамвор карданд, вале онҳо ба дарди касе нахӯрд. ЗИФ—2-ро оқибат дар селроҳаи хатарноке сохтанд, ки рӯзе онро сел зер кунаду камбудиҳо ва маблағҳои ғайри мақсад истифода бурдаи худро рӯйпӯш намоянд. Ҳатто замини ин мавзеъ низ худсарона ва бе сертификат аз худ карда шудааст.

Акнун се моҳ боз коргарон аз неъмати мардикорӣ ҳам маҳрум гаштанд.

Аммо дар душвортарин дидбонгоҳ- анбори моддаҳои тарканда чор моҳ боз бо сабаби ба мо номаълум ду нафар посбон, ки бо яроқ меистанд, ба тариқи шабонрӯзӣ кор мекунанд. Сабабаш ин будааст, ки онҳо барои ба ҷои сӣ ё сию як рӯз кориашон ба гирифтани музди бисту шаш рӯзи корӣ розӣ будаанд.Дар ҳоле ки ҳуқуқшинос посбононро аз буридаи нони бо мардикорӣ ба даст меовардагиашон ҷудо кард, духтурон, ки бо ҳаёти одам кор мекунанд, сўзишворидеҳҳо, ошпазҳо, ки бо оташ сарукор доранд, кормандони пойгоҳҳои энергетикӣ, сӯхторхомӯшкунандаҳо ва чанд шуъбаи дигар низ ба усули шабонарӯзӣ кор мекунанд.

Солҳо мегузарад ва ҳар сол корхона тиллои зиёде истеҳсол менамояд, вале посбонон дар хоначаҳо ё вагонҳое умр ба сар мебаранд, ки ҳатто саг дар онҳо зиндагӣ кардан намехоҳад. Аз чанги доимӣ дар дарвозаи асосӣ, дидбонгоҳҳои Ҷилав, дидбонгоҳи Хирсхона ва дидбонгоҳи Тарор кор кардан мушкил аст. Дар ҳоле ки баъзе идоранишинону ошпазҳо бо шир таъмин карда мешаванд, бо ташаббус ва меҳрубонии мененҷери шуъбаи бехатарӣ Қобил Турсунов аз ин неъмат ҳам посбонони дидбонгоҳҳои номбурда маҳруманд. Ҳатто дили Қобил ба дасти урёнашон насӯхт ва онҳоро аз дастпӯшак низ маҳрум гардонд. Арзу доди кормандони ин шуъба ба касе намерасад. Аз ҳама беҳтарин фурсат дар ин коргоҳ он буд, хоҳишманд метавонист, ки ҳангоми рухсатиаш саломатии худро дар ягон осоишгоҳ барқарор намояд , вале ҳолдонҳо мегўянд, ки иттифоқи касаба супориш гирифтааст, ки хоҳишмандро дар чанд сол як маротиба ба осоишгоҳ фиристад.

Корхона ҳеҷ зиёни хешро дар назди аҳолии маҳал ҷуброн намекунад. Ҳатто муассисаи таълимоти миёнаи рақами 25, ки сарпарасташ ин корхона аст, ҳеҷ кумаки ин коргоҳро эҳсос накардааст. Муассисае, ки ҳамаи шогирдонаш фарзандони кормадони корхонаанд, ниёзманди оинаи тирезаю чизҳои майда-чӯйдаи дигар аст. Мененҷери шӯъбаи энергетикӣ Абдурашид Исрофилов, дар ҳоле, ки ровиён ҳикоят мекунанд, ки аз ҳисоби корхона дар деҳаи Суҷина соҳиби картошказоре шудааст. Дар сурате ки барои даромадану баромадан корхона як дарвозаи ба тариқи автоматӣ коркунанда насб карда наметавонад ва ба ҳоли хобгоҳи умумии кони Тарор мурғони ҳаво мегирянд, хитоиҳо маблағро бебаркаш барои азнавсозии идораи маъмурӣ сарф карданд.

Хитоиҳо ба тоҷикон умуман бовар надоранд. Кор ба ҷое расидааст, ки ду сол боз дар сари ҳар сӯзишворидеҳ як нафар нозир меистад. Ба коргоҳ ҳар гоҳ мошини сабукрави наве ворид шавад,бояд то корношоям гаштанаш хитоӣ истифода барад.

Ман чун шаҳрванд пурсиданиям, ки соҳиби ин хок, ин замин моем ё хитоиҳо?

Исмоил ЗАРИФӢ,

рӯзноманигор


Хоҷаи Хизр кист: набӣ ё валӣ? Оё ӯ зинда аст?

Хоҷаи Хизр кист: набӣ ё валӣ? Оё ӯ зинда аст?

Асалому алайкум ва раҳматуллоҳ устод аз шумо хоҳиш мекунем дар мавриди Хоҷаи Хизр каме маълумот медодед.Инҷо бо мо чанд нафар ҳархел суханон мегӯянд моро дар таъаҷҷуб гузошта аст.Оё инҳама миф дуруст аст магар?

Ва алайкум асаллом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.
Шахсияти Хизр (а) дар адабиёти хаттӣ ва шифоҳии мардумои тоҷик ва ақвоми осёи, ба вижа қиссаи Хизр ва Искандар хеле машҳур аст. Бисёре аз адабони порсигў достонҳое дар бораи Хизр (а) ба риштаи назм кашидаанд.

Дар адабиёти классики форсу тоҷик таъбироти Хизру Искандар, зулмоту оби ҳаёт ва ғайра аз талмеҳоти маъруф ба ҳисоб мераванд. Аз ҷумла Соиби Табрезӣ фармуда:

Ба ман доданд ҳамчун Хизр умри ҷовидон аммо,
Гиреҳ шуд риштаи умрам зи бас дар худ печиданҳо.

Ё ин ки Шайх Саъдии Шерозӣгуфтааст:

Эй Хизр ҳалолат накунам чашмаи ҳайвон,
Донӣ, ки Искандар ба чӣмеҳнат талабидаст.

Аз шоирони бузурги муъосири адабиёти форсӣ Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ба талмеҳи Хизру Искандар низ ишора кардааст:

Бо Искандар Хизр дар зулмот гуфт,
Марг мушкил, зиндагӣ мушкилтар аст.

- Хизр (а) ҳамон бандаи солеҳест, ки Худованди мутаъол дар сураи Каҳфи Қуръони маҷид аз ў ёд кардааст. Дар ин сура гуфта мешвад, ки ҳазрати Мўсо (а) бо вай рафиқу ҳамсафар шуд ва аз вай илму дониш омўхт.

Хизр (а) бо Мўсо (а) шарт кард, ки дар мавриди корҳое, ки анҷом медиҳад, сабр пеша кунад. Ҳазрати Мўсо (а) пазируфт. Хоҷаи Хизр (а) ба ў гуфт: «Чӣ гуна метавонӣ бар чизе, ки ба шинохти он иҳота надорӣ, сабр кунӣ? Мўсо (а) бо ин абди солеҳ, ки Худованд ба ў раҳмате ато фармуда ва аз ҷониби худ бад-ў донише омўхта буд, ҳамсафар шуд бо ҳам. Ба роҳ афтоданд, то вақте ки савори киштӣ шуданд, Хизр (а) онро сўрох кард. Мўсо (а) гуфт: «Оё киштиро сўрох кардӣ, то сарнишинонашро ғарқ кунӣ. То охири ин достон, ки Худованд дар сураи Каҳф овардааст.

Ў дар асари худ дар завобиту қавоъидеро барои ошноӣ бо аҳодиси ҷаълӣ, ки мавриди пазириши дин нест, баён медорад, аз ҷумла мегўяд:

Агар Хизр (а) башар бошад, ҷовидон нахоҳад буд, зеро Қуръон ва Суннат ҷовидон мондани инсонро рад мекунанд. Агар Хизр зиндаву ҳозир мебуд, назди Паёмбари Худо меомад, зеро Расули акрам (с) фармудаанд:

«Қасам ба Худо! Агар Мўсо (а) зинда мебуд, дилаш тоб намегирифт, то ин ки пайрави ман гардад. (Аҳмад аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ ривоят кардааст, бо ривояти Бухорӣва Муслим).

Ба ин тартиб, агар Хизр (а) паёмбар бошад, аз Мўсо (а) афзал нест, агар валӣ бошад, аз Абубакри Сиддиқ (раз) бартар нест.

Ҳикмати тўлонӣ будани умри Хизр (а), чуноне мардум мепиндоранд, дар дашту биёбон ва кўҳҳо чист ва чӣ нафъе ва фоида аз ин моҷаро барои уммати исломӣ ҳосил мегардад? Қатъан пушти пардаи чунин қазияе ҳеҷ гуна фоидаи шаръӣва ақлӣвуҷуд надорад. Мардум пайваста ба дунболи устураҳо (мифология) ва достонҳои аҷиб ва ғарибанд ва аз ҷониби худ бо хаёлпардозӣ тасвирҳое аз онҳо месозанд ва бар онҳо либоси динӣ мепўшонанд. Инчунин устураҳо ва достонҳои тахайюлӣ аз сўйи содаандешон ва камхирадон тарғибу тарвиҷ меёбанд ва иддае онҳоро ҷузъе аз дин мепиндоранд, дар ҳоле ки ҳеҷ асоси динӣ надоранд! Ҳикоёте, ки дар бораи Хизр ривоят мешаванд, ҳамагӣ ҷаъливу сохтагӣ ҳастанд ва Худованд бар ҳаққонияти онҳо бурҳоне фурў нафиристодааст.

Дар охир инро меафзоям Хизр (а) на танҳо дар дини ислом маъруф ва машҳур аст.Балке назди яҳуд ва насоро(масеҳи) ҳам махруф аст вале бо номҳои дигар.
валлоҳу аълам биссавоб.

ИСМОИЛЧОН ИСМОИЛОВ ЗАХРУМ БИДЕ АС КОСАИ ЗАРИН 2018

ЗАХРМ БИДЕХ АЗ КОСАИ ЗАРИН МАРО БИКУШУ БАД БУГУЯМ ОФАРИН

Исмоилчон Исмоилов 700 Теги афгон 2018 Ismoiljon Ismoilov 700 Tegi Afgon 2018

ИСМОИЛЧОН ИСМОИЛОВ ЗАХРАМ БИДЕ

Захрум бидих аз косаи зарин

Исмоилчон Исмоилов ЗАХРАМ биде аз косаи зарин

Исмоилчон Исмоилов 700 теги авгон бо овози зинда Ismoiljon Ismoilov

КЛИПИ ошики 2017 нав Дембель ISMOILJON ISMOILOV СОЛДАТ КЛИП 2017

Исмоилчон исмоилов афтодам

Исмоилчон Исмоилов Aфтодаам Ismoiljon Ismoilov Aftodaam 2019

МАДИНА БАСАЕВА И ФАРАХМАНД КАРИМОВ ШОМИ АРУСИ NEW ХИТ 2018

Исмоилчон Исмоилов Аз даст Бидодам Ismoiljon Ismoilov Az Dast Bidodan

Zahram Bidh Az Kosai Zarin

ISMOILJON ISMOILOV Захрам Бидех HD

Очень красивый суруд Исмоилчон Исмоилов

Исмоилчон Исмоилов Умеда Ту мерави Ismoiljon Ismoilov Umeda Lil Drama Tu Meravi

Захрам бите бо косаи зарин

Захрам бте аз козаи зарин

Исмоилчон исмоилов суруди нави 2018 ма всётаки катитм

Ismoiljon Ismoilov косаи зарин

ФАРАХМАНД КАРИМОВ НОВАЯ ПЕСНЯ

Ismoiljon Ismoilov Саҳрои Лайли суруди нав 2018

Кадомаш зурай ФАРАХМАНД VS ИСМОИЛЧОН

Теги Авгон Исмоилчон Исмоилов

Исмоилчон Исмоилов фасли бахор

Клип Исмоилчон Исмоилов Кошони сиёхат 2018

захрм бте аз косаи зарин

Ismoiljon Ismoilov Охирин бор 2019 Исмоилчон Исмоилов Okhirin Bor 2019

Исмоилчон Исмоилов новый клип 2019 Ismoiljon Ismoilov New Klip 2019

10 января 2018 г

Сухбат бо Исмоилчон Исмоилов

Исмоилчон Исмоилов Шахло Ашки дил 2

Ismoiljon Ismoilov 2Boys Dazzle сухтанм бе охирай охи дили зори ман кисми 3 New Kilp 2020

Исмоилчон Исмоилов Намехохамат

Сабрам бидех худёо

Исмоилчон Исмоилов Хар шаб Ismoiljon Ismoilov Har Shab

Исмоилчон Исмоилов Аз даст Бидодам 2018

Исмоилчон исмоилов ва парвина душу разрываешь 2017

Исмоилчон Исмоилов суруди ошики барои ошикон

Исмоилчон Исмоилов Хафт Сол лайк монен хама бина

NEW ХИТ Исмоилчон Исмоилов Теги Авгон 2018 Video Klip

Таджикский клип Исмоили Исмоилчон

Килипи нави 2018 Исмоилчон Исмоилов

Исмоилчон Исмоилов бала бала бала 2017

ISMOILJON ISMOILOV Очень Грустный КЛИП 2018

ИСМОИЛ ИСМОИЛОВ БЕ ТУ 2018

Исмоилчон Исмоилов Ана ира суруд Меган 2018 700 Теги Авго

Здесь Вы можете скачать Захрам Бидех Аз Косаи Зарин Исмоилчон Исмоилов. Также рекомендуем скачать бесплатно mp3 песню ИСМОИЛЧОН ИСМОИЛОВ ЗАХРУМ БИДЕ АС КОСАИ ЗАРИН 2018 размером 5.88 MB. Слушайте онлайн и скачивайте mp3 в высоком качестве.

Захрам Бидех Аз Косаи Зарин Исмоилчон Исмоилов

Azat Donmezow Elimden Tut 2019

I Yi Ki Doğdun Şemsi I Sme Özel Doğum Günü Şarkısı

В Темноте Под Свет Неона Ты Сверкаешь Как Звезда Вокруг Парней Дохуя Но Ты Моя

Lata Mangeshkar Zinda Rehti Hain Mohabbatein

Federico Monachesi Ununpentium

Гипноз Для Мгновенной Эрекции

Вокалоиды Игра В Жизнь

Repa Ft Bu Tesla Uchra

Май Хакида Кушик Mp3

Музыка Арабский Дрифт

Ёв Кэ Мэ Явэла Miss Ledi

Yngwie Malmsteen I M My Own Enemy

Өткенімді Қайтар Маған

Dancing With The Dj The Knocks

Кечир Жаным Менин Адашканым Кереги Жок Мага Да Башканын

Алина Чеченская Песня

Gulnora Karimova Sochim Mayda Oring Ota Mp3

Хидоят Кисми 108 Бо Забони Точики

Abduvali Rajabov Prikol

Metanet Esedova Qelbimdesen Super Ifalar 2017

I Got Away With You Luke Combs

Голибчон Юсупов Майда Гул Туёна 2019 Нев

Мой Милый Странник 12 Piyaa Albela

Velcom Удобный Безлимит

Збірка Українських Пісень Для Дітей

Mazurkas Op 59 No 1 In A Minor

У Троицы Окрыленные

Отвалился Член В Унитаз

Ерке Есмахан Кайда Минус

Күнде Пирожки Жейсің Ата Ана Бала Шаға Ата Ана Бала Шага

Эдуард Успенский Меховой Интернат

Dont Stop Dont Stop Dont Stop Talking To Me Lyrics

Adriel Cruz For The Dreamers Now Streaming Everywhere

Cuza Florinel Hora La Saxofon Si Acordeon Instrumentala Manele Noi 2020 Manele Romania

Dichromate Ominous Ft Davis Absolute Jarry Manna And John Gee

Formatia Semiton Hora Lautareasca Acordeon

Пирог Шоколадная Ватрушка

Ретро 60 Е Вадим Мулерман Есть Клип

Turkmen Klip 2018 Mergan Yazmammedow Gel Gel Yarym

Нутфулло Ахмедов Аканг Айлансин

Нужна Ли Пищевая Добавка К Корму Для Декоративных Крыс Витамины Для Крыс

Смайл Парк Без Детей В Запорожье Тц Аврора Такой Smile Park Вы Ещё Не Видели

Магазин Gloria Jeans Классные Новинки Осени 2019 Готовимся К Школе Обзор Глория Джинс Август 2019

Bada Dukh Dina Mere Lakhan Ne Saxophone By A Rauf Band Amalner

Vision Kunda Promo Handpan Based Musical Instrument

Как Сделать Высокие Грядки Своими Руками Плоский Шифер Или Цсп

Тертый Пирог Королевская Ватрушка С Абрикосами Grated Pie Royal Curd Patty With Apricots

Переезд В Испанию Истории Из Жизни Как Пришла Мысль Переехать В Аликанте

Беру Брынзу И Сыр И Просто Добавляю В Тесто Съели За 5 Минут Даже Остыть Не Успела

Эмиль Горовец Я Был Твоим Сыном Россия

2020 05 15 Утренняя Молитва Архиепископсергейжуравлев Рпцхс

  • АСОСӢ
  • РАМЗҲОИ ДАВЛАТӢ
  • ПРЕЗИДЕНТ
  • РОҲБАРИЯТ
  • Суханрониҳо
  • Мулоқотхо
  • Боздидҳо
  • Паёму табрикот
  • Ҳисоботи Раиси вилояти Суғд
  • САРАЗМИ БОСТОНӢ
  • Skip to content

Изҳороти Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар натиҷаи роҳандозии ҳамкориҳои мутақобила бо мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Австрия яке аз аъзои ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) Шовализода Ҳизбулло Абдулло , соли таваллудаш 1991, зодаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, ки барои содир кардани ҷиноятҳои дар моддаҳои 307(3) қисми 2 (иштирок дар фаъолияти ташкилоти экстремистӣ) ва 305 қисми 1 (хиёнат ба давлат) КҶ ҶТ пешбинишуда дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт, дар ҳудуди ин кишвар дастгир гардида, 05-уми марти соли 2020 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон истирдод карда шуд.

Баҳоваддин Баҳодурзода

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5


Муовини Раиси вилоят

Баҳоваддин Баҳодурзода 10 феврали соли 1976 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1999 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.

Баҳоваддин Баҳодурзода фаъолияти меҳнатиашро соли 1999 ба ҳайси мутахассиси Раёсати адлияи вилояти Суғд оғоз намуда, сипас дар солҳои гуногун дар вазифаҳои машваратчии Раёсати адлияи вилояти Суғд, машваратчии калони Раёсати адлияи вилояти Суғд, муовини сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд ва нотариуси давлатии идораи нотариалии давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов кор кардааст.

Аз соли 2013 то 14 феврали соли 2019 дар вазифаи сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд фаъолият дошт.

Бо қарори Раиси вилояти Суғд аз 14 феврали соли 2019 муовини Раиси вилоят таъин гардид.

Хол Ҳайдар

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5


муовини якуми Раиси вилояти Суғд

Солибоев Икром

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5


мудири шуъбаи назорати дастгоҳи Раиси вилоят

Бахтиёр Эҳсонзода

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5


сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят

Бахтиёр Эҳсонзода 25 январи соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1998 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуровро хатм намудааст.

Аз моҳи майи соли 2015 то ноябри соли 2017 дар вазифаи муовини роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят фаъолият бурдааст. Аз моҳи ноябри соли 2017 сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят таъйин гардид.

Пойгоҳи сиёсӣ-фарҳангӣ

  • Ҷаҳони ислом
  • KemyaTV
  • Аҳкоми рӯза
  • Омӯзаҳои қуръонӣ
  • Омӯзаҳои набавӣ
  • Ақоиди исломӣ
  • Наҳҷул-балоға
  • Шиъа ва суннӣ
  • Шарҳи Маснавӣ
  • Разговор с салафитами
  • Ахлоқи писандида
  • Ахлоқи зишт
  • Худшиносӣ
  • Шарҳи Усули Шошӣ
  • Омӯзиши мантиқ
  • Омӯзиши фалсафа
  • Фалсафа
  • Фалсафа ва равиши реализм
  • Фалсафаи ғарб
  • Ирфони назарӣ
  • Ирфони амалӣ
  • Фиқҳи исломӣ
  • Барномаи зиндагӣ
  • Бишнав аз най…
  • Нақду назар
  • Посух ба пурсишҳо
  • Посух ба шубаҳот
  • Таҳлилот
  • Ҷумлаҳои ҳикматомез
  • Ваҳдати исломӣ
  • Ислоҳи динӣ
  • Достон ва ҳикоёт
  • Дуо ва муноҷот
  • Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон
  • Салафият
  • Такфир
  • Забон ва адабиёт
  • Машоҳир
  • Намоз
  • Рамазон
  • Торих
  • Ҷомеа
Sarbadar к записи Тамос

Маҳмудҷон Файзраҳмон… к записи Маҳмудҷон Файзраҳмон: “Мо дар…
Mehrob к записи Ансоруллоҳи Яман ба Арабистон…
Кимиёи саодат к записи Сомонаи Ахбор феҳристи шуморе…
fakhriddin к записи Сомонаи Ахбор феҳристи шуморе…
fakhriddin к записи Сомонаи Ахбор феҳристи шуморе…
Кимиёи саодат к записи Сомонаи Ахбор феҳристи шуморе…
fakhriddin к записи Сомонаи Ахбор феҳристи шуморе…
Шамшод к записи Посух ба пурсишҳои шумо
Кимиёи саодат к записи Посух ба пурсишҳои шумо
Шамшод к записи Посух ба пурсишҳои шумо
МуҳаммаАлӣ к записи Бо ин ҷанг, Арабистон қабри ху…
Шӯҳрати Р. к записи Чанд мулоҳиза пас аз анҷоми ду…
бекорчи к записи Чаро ПМТ воқеънигартар аз режи…
Amir к записи Мавҷуда Соҳибназарова: “Чаро и…
  • Он сӯи хабарҳо
  • Тафсири Қуръони Карим
  • Усули дин дар Қуръони Карим
  • Омӯзиши фалсафа
  • Посух ба пурсишҳо
  • Муносибатҳо
  • ParsToday
  • Ахбор
  • VostokNews
  • Ислоҳ
  • Мизон
  • Тобнок
  • Исно
  • АОТ
  • Хонавода
  • БгиДега
  • Кимиёи саодат (форсӣ)
  • Паём
  • Радиои Озодӣ
  • Ирно
  • ASIA-Plus
  • Форс
  • Манобеи исломӣ
  • ТоҷикПресс
  • Спутник (тоҷикӣ)
  • Вебнавишти М.Ризоӣ










Ба баҳонаи 89-умин солгарди таъсиси давлати Оли Сауд

Албатта хонадони Оли Сауд аз соли 1735 милодӣ ибрози андом карда буданд. Муҳаммад ибни Сауд, нахустин подшоҳ аз ин хонадон, бо ҳамкорӣ ва кӯмаки Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб (поягузори ҷараёни ваҳҳобият) тавониста буд бар бахшҳое аз шибҳиҷазираи Арабистон тасаллут биёбад, вале бо вуҷуди ҷангҳои бисёр бо имперотурии Усмонӣ, натавониста буд бар кулли шибҳиҷазира тасаллут пайдо кунад.

Ва аммо Малик Абдулазиз дар соли 1902 ва дар пайи кудатое хунин, тавонист ҳукумат бар Риёзро ба даст оварад. Ӯ, ки дар ҷараёни ҷанги ҷаҳонии аввал равобити хуб ва ҳасанае бо Бритониё барқарор карда буд, дар соли 1922 бар кулли минтақаи Наҷди Арабистон мусаллат шуд.

Дар он замон Бритониё ба мӯҷиби тавофуқе бо Фаронса бар сари тақсими кишварҳои арабӣ пас аз фурӯпоши имперотурии Усмонӣ дар соли 1916, Арабистонро таҳти нуфузи худ дошт.

Ӯ дар соли 1932 ҳокимияти худро ба кулли шибҳиҷазира густариш дод ва подшоҳии Арабистони Саудиро ташкил дод. Дар замони ҳукумати ӯ кашфи нафт дар Арабистон иттифоқ уфтод ва сарвати қобили таваҷҷӯҳе насиби ин кишвар кард. Абдулазиз то соли 1953, ки аз дунё рафт, подшоҳи Арабистони Саудӣ буд.


Абдулазиз дар даҳаи 1930 милодӣ, замоне ки худро подшоҳи шибҳиҷазираи Арабистон хонд


Абдулазиз дар замони ҷанг бо қабоил ва ҳокимони шибҳиҷазира дар даҳаи 1930 милодӣ


Абдулазиз дар канори Сэр Перси Кокс (Percy Cox) — нафари севвум аз рост — ва шуморе аз мусташорони низомии Бритониё дар Ховари Миёна


Кохи Абдулазиз дар Риёзи Арабистон, соли 1917


Абдулазиз дар канори шуморе аз аъзои хонадони Оли Сауд


Ноҳори Черчил бо Абдулазиз дар ҳутели Уберг Дулок дар Фюми Миср, соли 1945


Акси гурӯҳии ҳозирон пас аз нишасти Фюм дар Миср


Дидори Малик Абдуллоҳ подшоҳи асбақи Ӯрдун бо Абдулазиз дар Риёз, соли 1948


Малик Абдулазиз ва валиаҳд ибни Абдулазиз дар ҷараёни ифтитоҳи хатти оҳани Риёз ба Даммом, соли 1951


Малик Абдулазиз дар солҳои поёнии умр


Малик Абдулазиз дар солҳои поёнии умр


Мулоқоти Рузвелт, раисиҷумҳури вақти Омрико ва Абдулазиз, соли 1945


Абдулазиз дар солҳои поёнии умр

Читайте также: