Вазири маориф ва илми чумхурии точикистон кист


Вазири маориф ва илми Тоҷикистон ба даҳҳо интиқоди интернетӣ дар мавриди сатҳи русидонии ӯ вокуниш кард ва гуфт, "ҳамагуна талоши беобрӯ кардани як узви ҳукумат беобрӯ кардани ҳукумат аст". Нуриддин Саид рӯзи 21-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, шояд ба андозаи Толстой ва Солжинитсин забони русиро надонад, "аммо бо ин забон хуб гап мезанад".

Посухе, ки мавҷи танқидҳоро ба бор овард

"Тамоми умр дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз фалсафа ва мантиқ бо забонҳои тоҷикиву русӣ дарс додаам. Садҳо шогирду дастпарвар дорам. Ду рисолаи докториро роҳбарӣ карда, хондам ва таҳрир намудам. Ҳамчун шаҳрванди хориҷии Русия бо ин забон хуб гап мезанам", - афзуд ӯ.

Як посухи вазири маориф ва илми Тоҷикистон бо забони русӣ дар нишасти матбуотии ду ҳафтаи пеш ӯро ангуштнамои хосу ом кард. Даҳҳо нафар видеои суҳбати ӯро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карда, сатҳи русидонии ӯро мавриди танқид қарор доданд.

Садои вазирро дар инҷо бишнавед:



  • Ирсол ба Facebook
  • Ирсол ба Twitter

Феълан кор намекунад

  • 64 kbps | MP3

Баъзеҳо гуфтаанд, чунин сатҳи забондонӣ хоси вазири маорифи Тоҷикистон нест. Аммо дар ин қатор онҳое низ ҳастанд, ки мегӯянд, чаро як вазири тоҷик бояд забони русиро хуб балад бошад?

"Ин маънои онро надорад, ки русиро намедонам"

Нуриддин Саид рӯзи чаҳоршанбе баъди суҳбаташ дар порлумон гуфт, азбаски дар нишастҳои хабарӣ журналистони тоҷику русзабон иштирок мекунанд ва тарҷумоне нест, маҷбур аст, баъзан омехта гап занад.

Ӯ гуфт, "медонед, ки русзабонҳои Тоҷикистон ҳама чизро ба гардан мегиранд, аммо забони моро не. Аксари русзабонҳо пир ҳам шаванд, забони моро намедонанд. Ман дар нишастҳои хабарӣ бо ду забон гап мезанам, то барояшон фаҳмо шавад. Ҳолатҳое мешавад, ки ними ҷумла тоҷикӣ мебарояду ними дигараш русӣ. Ин маънои онро надорад, ки ман забони русиро намедонам. Ҳастанд, нафароне, ки аъзои ҳукуматро бе обрӯ мекунанд. Беобрӯ кардани аъзои ҳукумат беобрӯ кардани ҳукумат аст."

Видеое, ки боис ба интиқоди вазири маориф шуд:



  • Ирсол ба Facebook
  • Ирсол ба Twitter

Феълан кор намекунад

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, то ин дам 17 монография ва беш аз 300 мақолаи илмӣ навиштааст. Ба қавли ӯ, "ба ҳамаи ин ақламон гирифт, ба забони русӣ не? Ман бо ин забон гуфтугӯ мекунам, аз номи ҳукумат дар нишастҳо гап мезанам. Ҳеч гоҳ проблема набудааст. Наход 8 номзади илм тайёр кунам, доктори илм тайёр кунаму забони русиро надонам. Бале, аксент дорам. Аммо рус нестам, тоҷик ҳастам."

Забони русӣ дар Тоҷикистон


Нуриддин Саид аз соли 2012 вазири маориф ва илми Тоҷикистон аст. Вай дар ин мақом Абдуҷаббор Раҳмонзодаро иваз карда буд. Пеш аз ин дар мақомҳои раиси Донишгоҳи омӯзгорӣ ва Донишгоҳи миллӣ ҳам кор кардааст.

Забони русӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ, ки Тоҷикистон ҳам як ҷузъи он буд, забони давлатӣ ҳисоб мешуд. Баъдан мақомоти тоҷик бо ислоҳи қонун мақоми давлатии русиро лағв карда, ҳамчун забони гуфтугӯи байни миллатҳо боқӣ гузоштанд.

Мақомоти Русия ҳамеша ба ин масъала ҳассосият нишон дода, даъватҳои дар сатҳи давлатӣ ҳифз шудани забони русиро, аз ҷумла дар Тоҷикистон, зарур мешуморанд. Аммо намояндагони порлумони Тоҷикистон ва коршиносони тоҷик борҳо гуфтаанд, ки зарурат барои забони дувуми давлатӣ вуҷуд надорад.


Вобаста











Сафҳаи гузориши хонандагон

Шарҳҳо

Дигар ба инхел пешгуиву тахминхои ину он тамоман бовариам намонд абаркудратон ба як вируси кучак очиз мондан кучост вохимахои атумдорон?

ман фикр борам бо ин тарзӣ давлатдорӣ ҳукуматӣ ҳозира хусусан ман ва наздиконамон як ноумедие ба ояндаӣ фарзандон ва наздикон ҳастем , сабабӣ асосаш но уҳда ӣ бароӣ ҳукумат аст, як мисол меорам агар дар оӣлаӣ шахс иборат аз 5 нафар бошед зусусан шаҳрнишинҳо, бо маоши ночизе ҳукумат медиҳад аз 350 то 1350 сомонӣ ин тамоман, нокифоя аст ҳато ман то ҷое худам шоҳид будам кӣ наздиконӣ мо бароӣ як нафар кудакӣ, 7 сола нав ба мактаб меравад аз 450 то 650 сомонӣ ришва надиҳи , дар мактабҳо кабул намекунанд, 4 ноҳияе дар душанбе ҳаст, ҳама соҳаӣ маорифаш фасодзадатаринҳост, акнун қазоват кунед кӣ дар вактӣ хониши кудак, ҳармоҳ бароӣ 1 кудак аз 25 сомонӣ то 150 сомонӣ бояд гаӣрӣ расмӣ ришва диҳи , ҳоло бисериҳо дар сатҳӣ маориф ҳукумат, медонам даъвоҳоӣ бисёрҳам мекунад лекин ин даъвоҳоӣ шумо асос надорад, тоҷикистон дар сарконун омадаст, демократӣ иҷтимоӣ лекин дар асл ин ҳақиқат надорад, дар тоҷикистон кудакро аз богча ба фиреб гуфтану доданӣ ришва омухта мекунад кӣ ин як хатоест кӣ бо ин ртҳ тарбияӣ наслӣ ҷавонро хуб ба роҳ мондан гаӣрӣ имкон аст, ман бовар дорам кӣ ҳамин рафторӣ ҳукуматӣ ируза давом ёбаду , тагиротӣ роҳбари кишвар нашавад, бе ягон ҷоплусиюу бе ягон савсата ё игвоангезӣ мегуям кӣ ҳеҷгоҳ фарзандонӣ шахсонӣ одӣ аз шикатурчик ё муҳоҷирату ронада ва ронадаӣ таксӣ кирря агар игболаш баланд ҳам ояд роҳӣ беномусиюу тамаъкори роҳ ёбад ба ягон политция ё ҳарби ба кор медарояд, бояд озод гуем кӣ ируз ҷомеаӣ т оҷикистонро як вабоӣ маҳалгароӣ худ ситоишиюу кавмгароӣ фарогир ҳаст вакте матбуотӣ озод нест , ҳама пинҳон кори вакто ҷомеа, ноумед аз ояндаӣ зиндагони наздикон ва паивандон доранд наметавонад милат рушт карда бошад , бе ришва ва тамалук корӣ дар тоҷикистон ягон корат буд намешавад, бароӣ ҳамин ман 100% бовар дорам ки касе андак номус дораду касе намехоҳад бо фасод кор барад дар ҷомеа ҷоигоҳ ёфтан амри маҳол аст, бо ин роҳ ман бовар дорам ояндаӣ норушан ва ноумедӣ фарогир хоҳад буд, роҳ яктост, бояд мо кулан низомӣ хонаводагӣ ва қавмгароӣро партоем, кавм гароӣ тамалук худ ситоишӣ фоҷиаӣ мили мост, бояд дар тоҷикистон, шахсиятӣ нав сарвари дмвлат бошад агар ҳукуматӣ ируза бошад , худо накунад як милатӣ талбанда як даст нигар ба гушаӣ таърих хоҳем, рафт ҳар як шаҳрванд бояд озод андешу, кушишӣ зиндагӣ озоду демократӣ дошта бошад.

Ҳисоботи Раёсати маорифи ноҳия дар 6 моҳи соли 2018.

Дар ноҳия бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар асноди меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф барои дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашнҳои Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санаҳои таърихӣ дар нимсолаи аввали соли 2018 корҳои муайянеро ба иҷро расонид.
Дар ноҳия 160 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият менамояд. Аз шумораи умумии муассисаҳои таълимӣ 121 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (аз ҷумла, 4 гимназия, 2 литсей, 1 мактаби дорои парваришгоњ, 2 мактаби дорои кӯдакистон), 32муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ (аз ҷумла, 2 мактаб – интернати ҷумҳуриявӣ) ва 7 муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ фаъолият мекунанд.

Маориф

Давоми соли 2017, масъалаҳои вобаста ба баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва дониши хонандагон, дар фазои эҳсоси худшиносӣ, худогоҳии миллӣ ва волоияти арзишҳои фарҳангиву ахлоқӣ ба воя расидани ҷавонону наврасон таҳти таваҷҷуҳи доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, қарор дода шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ 160 муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла, 121 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ (аз он 5 Гимназия (3 гимназияи хусусӣ), 2 литсей, 1 мактаби дорои парваришгоҳ, 2 мактаби дорои кӯдакистон), 32 мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, 7 мактаби таҳсилоти умумии ибтидоӣ, коллеҷҳои фарҳангӣ, тиббӣ ва техникӣ-омузгорӣ, пурсамаҳсул фаъолият намуданд. Аз ин шумораи муассисаҳо дар 117 муассиса таҳсил бо забони тоҷикӣ, дар 23 муассиса таълим бо забонҳои тоҷикию ӯзбекӣ, дар 3 муассиса таълим бо забонхои тоҷикию русӣ ва дар 17 муассиса таълим бо забони ӯзбекӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар таълимгоҳҳо 116063 нафар хонандагон (аз ҷумла, 55869 нафар духтар) ба таълим фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли хониши гузашта 7351 нафар хонанда зиёд мебошад. Дар муассисаҳои таълимии ноҳия дар 53 синфҳои 10-11 аз рӯи равияи ҷамъиятию гуманитарӣ ва дар 34 синфҳои 10-11 таълим аз рӯи равияи табиӣ - риёзӣ ба роҳ монда шуда аст.

Ҳоло дар муассисаҳои томактабии ноҳия, ки шумораашон 12-то (аз ҷумла, 2- то хусусӣ) мебошад, 1625 нафар кӯдакон дар 48 гурӯҳҳо тарбия меёбанд. Дар ин муассисаҳо барои таълиму тарбияи кӯдакон шароит фароҳам оварда шудааст. Дар мавриди ҷалби ҳарчи бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, ҷиҳати бунёд, таъмиру муҷаҳҳазгардонӣ, таъминот бо мутахассисон ва таҳкими заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои томактабӣ, рушди минбаъдаи кӯдакистонҳо, марказҳои инкишофи кӯдакон ва ҷорӣ намудани шаклҳои нави кӯдакистонҳои оилавӣ кори муайяне ба ҷо оварда шуда истодааст.

Дар ин радиф муассисаҳои томактабӣ марҳила ба марҳила аз таъмири асосӣ бароварда шуда истода, бо таҷҳизот, аёниятҳои таълимӣ, маводҳои методиву дастурӣ, бозичаҳо ва дигар ашёҳои зарурӣ таъмин гардида истодаанд. Сарчашмаи асосии таъминот бо маводи хӯрокаи муассисаҳои томактабиро маблағҳои буҷетӣ ва аз ҳисоби волидон ташкил медиҳад.

Дастури Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 22 декабри соли 2016) баён намуданд, ба роҳбарӣ гирифта, дар назди 14 таълимгоҳҳои ноҳия марказҳои инкишофи кӯдакон ташкил карда шудааст, ки дар онҳо 367 нафар кӯдакони синни томактабӣ тарбия меёбанд.

Соли 2017 даврҳои ноҳиявӣ, минтақавӣ (ноҳияҳои тобеи марказ) ва ҷумҳуриявии олимпиадаи хонандагон аз фанҳои таълимӣ баргузор гардид ва хонандагони синфҳои 9, 10 ва 11- и таълимгоҳҳои ноҳия 10 медали тилло, 14 медали нуқра ва 22 медали биринҷӣ гирифтаанд. Дар олимпиадаи ҷумҳуриявии номӣ ва даставӣ бошад 23 нафар хонандагони таълимгоҳҳои ноҳия ширкат варзида, соҳиби 1 медали тилло, 2 медали биринҷӣ ва се ҷойи ифтихорӣ шуданд.

Ба Маркази миллии тестӣ 2999 нафар хатмкунандагони синфи 11-и таълимгоҳҳои ноҳия барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ ҳуҷҷатҳояшонро супорида, дар натиҷа 1854 нафарашон (61.8%) донишҷӯ гардиданд.

Тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол 122 нафар хатмкардагони муассисаҳои таълимии ноҳия, дар донишкадаю донишгоҳҳои ҷумҳурӣ таҳсил карда истодаанд, ки аз ин теъдод 63 нафарашон духтарон мебошанд. Соли ҳисоботи 19 нафар тибқи квота барои таҳсил фиристода шуд. 25 нафар омӯзгорон, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриро тибқи квотаи Президентӣ хатм кардаанд, дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия фаъолият доранд.

Дар ҷараёни тадбиқи ин барномаи компютеркунонии мактабҳо, таълимгоҳҳои ноҳия бо 2011 адад компютер таъмин карда шуд. Лекин бо сабаби ҳамасола, ба ҳисоби миёна то 7000 нафар зиёд гардидани хонандагон, мактабҳо боз ба шумораи иловагии 550 адад компютерҳо ниёз пайдо намудаанд, ки дар ин самт тадбирандешиҳо идома доранд.

Дар назди 19 таълимгоҳҳои ноҳия лагерҳои истироҳатию фароғатӣ бо додани хӯрок ташкил карда шуда, бо ин мақсад аз буҷаи ноҳия 100000 сомонӣ ҷудо гардидааст. Ба ин лагерҳо дар мавсим (дар ду баст) 3000 нафар хонандагон фаро гирифта мешаванд. Иловатан дар назди дигар таълимгоҳҳо, бе додани хӯрок бо назардошти фаро гирифтани зиёда аз 4000 хонанда лагерҳои истироҳатӣ ташкил карда шудаанд.

Давоми соли 2017 дар ҳудуди ноҳия ду бинои нави муассисаҳои таълимӣ сохта ба истифода дода шуд. Аз ҷумла, бинои нави таълимгоҳи №59 дар деҳаи Гулбуттаи деҳоти Чимтеппа барои 640 нафар хонанда дар як баст, бо 28 синфохона, ошхона барои 96 нафар, толори маҷлисгоҳ барои 360 нафар ва толори варзишӣ бо 120 ҷои нишаст аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории Ширкати Чиноӣи ТВЕА ва бинои нави муассисаи таълимии №29-и деҳаи Хоҷабулбулони деҳоти Эсанбой барои 144 нафар хонанда дар як баст бо 6 синфохона, бо ҷалби сармояи хоричӣ (Сафоратхонаи Ҷопон) ҷамъ дар ду муассиса 1000 ҷоӣи нишаст, сохта ба истифода дода шуд.

Ҳамзамон, сохтмони як муассисаи таълимии нав ва 7 биноҳои нав дар назди муассисаҳои таълимӣ дар умум барои 3272 ҷоӣи нишаст дар як баст идома дорад. Аз ҷумла; сохтмони бинои нави муассисаҳои таълимии №35 дар деҳаи Шаҳристони деҳоти Гулистон барои 640 ҷойи нишаст дар як баст аз тарафи ҶДММ “Мошинбозор”, бинои нави муассисаҳои таълимии №7 дар деҳаи Оби шифои деҳоти Чоргултеппа барои 640 ҷойи нишаст дар як баст аз тарафи ҶДММ “Бозори Корвон”, бинои нави муассисаҳои таълимии №144 дар деҳаи Иттифоқи деҳоти Султонобод барои 180 ҷойи нишаст дар як баст аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ, бинои нави муассисаҳои таълимии №25 дар деҳаи Марғзори деҳоти Эсанбой барои 320 ҷойи нишаст дар як баст аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ идома дорад.

Дар ин радиф бо ҷалби соҳибкорон ва шахсони ҳимматбаланд дар назди муассисаҳои таълимии №№165, 79, 121, 9, 6 ва 41 15 синфхонаҳои иловагӣ барои 360 ҷоӣ нишаст дар як баст сохта ба истифода дода шуд.

Инчунин, сохтмони 100 синфхонаҳои иловагӣ барои 2400 нафар ҷоӣ нишаст дар як баст дар назди 24 муассисаҳои таълимии ноҳия аз ҷумла, дар назди муассисаҳои №№2, 5, 36, 109, 28, 77, 177, 124, 69, 122, 137, 82, 128, 50, 49, 45, 61, 113, 132, 119, 105, 38, 114 ва 117 идома доранд.


Сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе
Азизӣ Муҳаммадалӣ Миралӣ

Сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Сарраёсат гузошташуда ва дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф, дар шаҳри Душанбе масъул мебошад.

— фаъолияти умумии Сарраёсатро роҳбарӣ намуда, кори онро ташкил мекунад. Дар доираи ваколатҳои худ фармоиш ба имзо мерасонад, ки иҷрои он ҷониби кормандони Сарраёсат, мақомотҳои тобеи он, муассиса ва дигар ташкилтҳои таълимии шаҳри Душанбе, новобаста аз шакли моликият ва тобеият ҳатмӣ мебошад.

— дар мувофиқи бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ноҳияҳои он доир ба таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассиса ба ташкилотҳои марбутаи давлатии дар сохторҳои онҳо буда, пешниҳод манзур менамояд;

— ба сохторҳои Сарраёсат супориш медиҳад ва иҷрои онро талаб менамояд;

— дар бораи ба мансаб таъйин ва озод намудани роҳбарони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, ки аз буҷаи маҳаллӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод манзур менамояд;

— кормандони Сарраёсат (хизматчиёни давлатӣ) дар асоси натиҷаи озмун, роҳбарони муассисаҳои таълимии аз ҳисоби буҷаи шаҳри Душанбе маблағгузоришаванда, ки дар тобеияти Сарраёсат қарор доранд, кормандони муҳосиботи Сарраёсатро ба вазифа таъин ва озод менамояд.

— раиси ҷаласаи мушовараи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе мебошад.


Муовини сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе — Бобохонова Ситора Сафаралиевна

Бобохонова Ситора Сафаралиевна аз соли 2017 дар вазифаи муовини сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе фаъолият дорад. Муовини сардор аз тарафи сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва озод карда мешавад. Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба сардори сарраёсат тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.

Номбурда назорати иҷрои талаботи ҳуҷҷатҳои аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе воридгаштаро ба ўҳда дошта, фаъолияти шуъбаҳои дастгоҳи Сарраёсат ва шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансурро назорат менамояд. Ҳамзамон ўҳдадориҳои зеринро иҷро менамояд:

— раиси ситоди зимистонгузаронии Сарраёсат буда, мутобиқатии фаъолияти муассисаҳои таълимиро дар мавсими тирамоҳу зимистон бо талаботи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;

— муовинии раиси комиссияи аттестасионии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанберо ба ўҳда дорад;

— барои иҷрои ваколатҳои Сарраёсат ва дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф дар шаҳри Душанбе масъул мебошад;

— дар доираи ваколатҳои худ фармоишҳо ба имзо мерасонад, ки иҷрои он барои кормандони Сарраёсат, мақомотҳои тобеи он, муассиса ва дигар ташкилотҳои таълимии шаҳри Душанбе, новобаста аз шакли моликият ва тобеият ҳатмӣ мебошад;

— ба сохторҳои Сарраёсат дар доираи ваколатҳои худ супориш медиҳад ва иҷрои онҳоро талаб менамояд;

— иҷроиши нишондодҳои Нақшаи солонаи Сарраёсати маорифро назорат мебарад;

— ҳисоботи семоҳа, шашмоҳа, нўҳмоҳа ва солонаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанберо омода карда, сари вақт ба мақомотҳои дахлдор пешниҳод менамояд.


Муовини сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе — Худоёров Фарҳод Табарович

Худоёров Фарҳод Табарович аз соли 2013 дар вазифаи муовини сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе фаъолият дорад. Муовини сардор аз тарафи сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва озод карда мешавад. Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба сардори сарраёсат тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.

Номбурда назорати иҷрои талаботи ҳуҷҷатҳои аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе воридгаштаро ба ўҳда дошта, фаъолияти шуъбаҳои дастгоҳи Сарраёсат ва шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои Сино ва Фирдавсиро назорат менамояд. Ҳамзамон ўҳдадориҳои зеринро иҷро менамояд:

— дар самти корҳои тарбиявӣ масъул буда, бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ менамояд;

— барои иҷрои ваколатҳои Сарраёсат ва дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф дар шаҳри Душанбе масъул мебошад;

— дар доираи ваколатҳои худ фармоишҳо ба имзо мерасонад, ки иҷрои он барои кормандони Сарраёсат, мақомотҳои тобеи он, муассиса ва дигар ташкилотҳои таълимии шаҳри Душанбе, новобаста аз шакли моликият ва тобеият ҳатмӣ мебошад;

— ба сохторҳои Сарраёсат дар доираи ваколатҳои худ супориш медиҳад ва иҷрои онҳоро талаб менамояд;

— иҷроиши нишондодҳои Нақшаи солонаи Сарраёсати маорифро назорат мебарад;

— ҳисоботи семоҳа, шашмоҳа, нўҳмоҳа ва солонаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанберо омода карда, сари вақт ба мақомотҳои дахлдор пешниҳод менамояд.

Роҳҳоро барҳақ оинаи кишвар ва пайвандгари марзҳову дилҳо хондаанд. Аз ҷилои ин оина ба ҳар кишвар баҳо медиҳанд ва ҳам марзҳову дилҳоро пайванд месозанд. Албатта, манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоии онҳо пеши назар аст.

Санаи нашр: 15.07.2020 №:131

Санаи нашр: 14.07.2020 №:130

Аҷабо! Ҳатто ба хушкӣ расидани 1300 гектар замини корами обӣ танҳо дар чор деҳаи шаҳри Панҷакент ва ҳоли ногувори кишоварзони ин деҳаҳо низ роҳбарони шаҳру идораҳои дахлдори кишварро безобита накардаанд!

Санаи нашр: 06.07.2020 №:123

Дар робита ба пайдоишу хуруҷи коронавирус, ки ба пандемия табдил ёфта, тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст, ақидаву андешаҳои гуногун баён шуда истодаанд. Бархеҳо ин вазъро як амри табииву тасодуфӣ, бархеи дигар бозии абарқудратҳо барои зарба ба иқтисодиёти ҳамдигар, иддае ҷанги биологӣ ва ҳатто нафароне онро як тадбир ҷиҳати коҳиш додани шумораи инсонҳо дар сайёра унвон мекунанд. Аммо, мусаллам аст, ки ин гуфтумону тахминзаниҳои мухталиф баъзе чизҳоро дар робита ба коронавирус тағйир намедиҳанд. Аз ҷумла, ин бемории сироятӣ аст ва дар сурати риоя накардани гигиенаи шахсӣ ва фосилагирӣ байни ҳамдигар эҳтимоли гирифтор шудан меафзояд.

Санаи нашр: 15.07.2020 №:131

Бо нишастани Рустами Эмомалӣ ба маснади раиси шаҳри Душанбе, пойтахти мамлакат намои тоза гирифт. Кӯчаҳои чароғонаш нурпоштар гардиданду боғу гулгаштҳо дилработар. Пойтахт ба як шаҳри рушдёфта ва чаманистони сабзу хуррам табдил ёфт. Ҳар гоҳе аз ноҳия ба шаҳр меоям, ободию зебоии онро дида, ба роҳбари ҷавони шаҳр таҳсин мехонам.

Санаи нашр: 15.07.2020 №:131

Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз 30 апрели соли 2020 (бо эълон кардани аввалин ҳолатҳои хуруҷи коронавирус дар ҷумҳурӣ) дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони вазорату кумита, ташкилоту идора ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро вазифадор карда буд, ки ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Тибқи иттилои расмӣ, аксари ташкилоту корхонаҳои давлатию ғайридавлатии вилояти Хатлон ин дастурро иҷро карда истодаанд. Бо вуҷуди ин, мушоҳидаҳои дувоздаҳрӯзаи мо баёнгари онанд, ки дар ин самт камбудиҳои муайян ҳанӯз ҷой доранд.

Санаи нашр: 15.07.2020 №:131

Санаи нашр: 13.07.2020 №:129

Чанде пеш суди ноҳияи Сино шаҳрвандон Дилшод Қосимов ва Фарҳод Саидовро дар муомилаи ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ гунаҳкор дониста, ҳар кадомро ба маблағи 74066 сомонӣ ҷарима кард.

Санаи нашр: 09.07.2020 №:127

Вобаста бо ташаккулу инкишофи ҷомеаи иттилоотӣ - инноватсионӣ иқтисодиёти дониш ва ё типи иқтисодиёте, ки ба дониш асос мегирад, рӯи майдон омадааст. Феълан, пайваста бо фаъол гаштани нақши илм дар низоми қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷомеа иқтисодиёти дониш ҷойгаҳи устувор пайдо карда, мазмуни фаъолияти иқтисодӣ-иҷтимоии кишварҳои оламро дигаргун намудааст. Яъне, майдони фаъолияти иқтисодиёти анъанавӣ танг гашта, маҷрои шикастнопазири иқтисодиёти нав тадриҷан дар роҳи касби вазъи доминантӣ қарор дорад.

Санаи нашр: 08.07.2020 №:126

Таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода дар Вазорати маориф ва илм ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид. Дар кори он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳои дахлдори кишвар ширкат намуданд.

Санаи нашр: 02.07.2020 №:121

Санаи нашр: 10.07.2020 №:128

Санаи нашр: 14.07.2020 №:130


Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор ёфт, ки тибқи он аз моҳи январ то моҳи декабр дар ҷумҳурӣ озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ. " дар чор давра баргузор мешавад. Дар он хонандагону донишҷӯён ва магистрону аспирантҳову докторантҳо иштирок карда метавонанд. Номгӯи асарҳои даҳҳо шоиру нависандагон пешниҳод мешавад. Ба ғолибони давраи чорум аз ҷониби президент тӯҳфа ва мукофотпулӣ дода мешавад.

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

3. Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанг, Академияи илмҳо, Кумитаи телевизион ва радио, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин намоянд.

4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2019 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани чорабинии мазкур 310000 (сесаду даҳ ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо намояд.

5. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи мақсадноки маблағи ҷудошударо таъмин намуда, оид ба хароҷоти анҷомдодашуда ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.

6. Назорати иҷрои амри мазкур ба зиммаи бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа гузошта шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
9 феврали соли 2019
№АП-1165

Замимаи 1 ба амри
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 9 феврали соли 2019, № АП - 1165

1. Муқаррароти умумӣ

2. Масъулони озмун

3. Комиссияи озмун

9. Масъули баргузории озмун комиссияи озмун мебошад, ки ҳайати он бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
10. Салоҳияти комиссияи озмун:
- ба танзим даровардани ҷадвали баргузории озмун;
- назорати баргузории саривақтии озмун;
- таҳияи талабот ва дигар тавсияҳое, ки барои озмун зарур мешаванд;
- тасдиқи тартиб, талабот ва тавзеҳот;
- риояи талаботи озмун ва расонидани тавсияҳо ба довталабони озмун;
- баррасии пешниҳодҳои ҳайати ҳакамон ва арзу шикояти довталабон.

4. Тартиби баргузории озмун

5. Шартҳои иштирок дар озмун

19. Дар озмун табақаҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва шаҳрвандони кишвар иштирок менамоянд.
20. Шартҳои озмун аз ҷониби комиссияи озмун назорат карда мешавад.
21. Барои аз худ кардан ва хондан ба низомнома рӯйхати асарҳо пешниҳод карда мешаванд (замима мегардад).
Дар вақти баҳогузорӣ ва холгузорӣ ба маҳорати аз худ кардан ва хондани осор бартарӣ дода мешавад.
Ба хонандагон ва донишҷӯён (бакалавру магистр), ки аз меъёри муайяншуда бештар асарҳои бадеӣ аз худ мекунанд ва мехонанд, бартарӣ дода мешавад.
Ҳар як довталабе, ки дар озмун ширкат меварзад, ба ҳайати комиссия ва ҳакамон маҳорату малака ва қобилияти аз худ кардан ва хондани ашъори адибонро пешниҳод менамояд. Аз ҷумла:
- ба довталаб барои аъзои фаъоли китобхона буданаш низ хол дода мешавад;
- ба тарзи нақл ва оҳанги қироати иштирокчӣ хол дода мешавад;
- ба мавзӯъҳои инсондӯстӣ, хайру саховат, некию накукорӣ, ишқи поки инсонӣ, эҳсонкорӣ, дӯстию бародарӣ, Ватану ватандӯстӣ, Тоҷикистон, сулҳу субот бартарӣ дода мешавад;
- довталаб дар аз худ кардан ва хондани осори адабиёти классикӣ, муосир, бачагона, шифоҳӣ ва хориҷӣ (тарҷума ва ё асл) озод аст;
- довталаб метавонад аз намунаҳои эҷодиёти халқ: афсона, қисса, рубоӣ, достон, чистон, тезгӯяк, латифа ва ғайраҳо истифода намояд;
- як ҳафта пеш аз озмун довталаб рӯйхати асарҳои хондаашро бо гузоштани имзои худ, ба ҳайати ҳакамон пешниҳод менамояд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо суроғаи макони фаъолияти ҳакамон ва ҷойи баргузории озмунро ба довталабон тариқи воситаҳои ахбори омма ва масъулони озмун эълон менамоянд;
- ҳайати ҳакамон аз рӯи ин рӯйхат довталабро ба озмун роҳ медиҳанд ва аз маҳорату истеъдоди ӯ натиҷагирӣ карда, суратҷаласа тартиб медиҳанд;
- ҳайати ҳакамон холҳоро муқаррар карда, бо овоздиҳии кушода ғолибро муайян менамоянд;
- натиҷаи озмун дар суратҷаласа дарҷ гардида, бо имзои аъзои ҳакамон тасдиқ карда мешавад.

6. Талабот ба довталабони озмун

22. Маҳорату истеъдоди довталабон аз рӯи хондани назм ва насри бадеӣ муайян карда мешавад:
- барои довталабон хондани роман, повест, ҳикоя, новелла ва дигар жанрҳои адабӣ иҷозат дода мешавад;
- хондани шеър аз жанрҳои лирикӣ, аз ҷумлаи ғазал, қасида, рубоӣ, дубайтӣ, порчаҳо аз достон ва дигар навъҳои адабии манзум озод аст;
- афсона, латифа, қиссаю ривоят ва дигар намудҳои осори шифоҳии халқ иҷозат дода мешавад;
- аз худ кардан ва хондани осори адибони ҷаҳон низ тавсия шуда, дар озмун ба инобат гирифта мешавад.

7. Меъёри арзёбии ғолибони озмун

23. Комиссияи озмун ва ҳайати ҳакамон аз рӯи меъёрҳои зерин ба дараҷаи маҳорат ва истеъдоди довталабон баҳо медиҳанд:
- шарҳи мухтасари асар;
- маълумот оид ба қаҳрамонони асосии асар;
- баёни лаҳзаҳои ҷолиби асар;
- озодбаёнӣ ва санъати суханварӣ;
- ҳунари ровӣ ва наққолӣ;
- қобилияти луғатдонӣ ва тавзеҳи он;
- дарки дурусти мазмун ва муҳтавои асар;
- таассуроти довталаб аз хондани осор.

Бо мақсади баҳогузорӣ намудан ба истеъдоди довталабон ҷадвали 10-хола муқаррар карда мешавад.
Барои хондани беҳтарин осори манзум бо шарҳу тавзеҳи луғатҳояшон 10 хол, барои ҷавоби аз хуб болотар 8 хол, барои ҷавоби хуб то 6 хол, барои ҷавоби аз миёна беҳтар 4 хол, барои ҷавоби миёна 3 хол, барои ҷавоби заиф 1 ё 2 хол ва барои ҷавоби ғайриқаноатбахш хол гузошта намешавад.
Барои шарҳи муфассалу баёни равшани осори насрӣ ва ҳунари баланди наққолӣ, инчунин тавзеҳи луғатҳо аз асарҳои мутолиашуда 10 хол, барои ҷавоби аз хуб болотар 8 хол, барои ҷавоби хуб то 6 хол, барои ҷавоби аз миёна беҳтар 4 хол, барои ҷавоби миёна 3 хол, барои ҷавоби заиф 1 ё 2 хол ва барои ҷавоби ғайриқаноатбахш хол гузошта намешавад.
Ба ҳар як довталаб инчунин аз рӯйи осори пешниҳодшудаи банди 21 10 савол дода мешавад ва барои ҷавоби дуруст ба ҳар як савол як холӣ мегузоранд. Ба ҷавоби ғайриқаноатбахш хол гузошта намешавад.

8. Ҳайати комиссия ва ҳакамони озмун

24. Миқдори ҳайати комиссияи озмун дар асоси банди 9 амалӣ мегардад. Ҳайати ҳакамон дар асоси банди 26 ҳамин Низомнома муайян карда мешавад.
25. Ба комиссияи озмун салоҳият дода мешавад, ки рафти озмунро назорат намояд, тавсия ва тавзеҳод таҳия ва тасдиқ кунад, назару пешниҳодоти ҳайати ҳакамонро баррасӣ созад, ба номинатсияҳо тағйироти иловагӣ ворид гардонад ва ба арзу шикояти довталабон ҷавоб диҳад.
26. Ҳайати ҳакамони озмуни шаҳраку деҳот, ноҳия, шаҳр ва вилоятҳоро раисони шаҳр, ноҳия ва вилоят бо санади дахлдор тасдиқ менамоянд.
27. Ба ҳайати ҳакамони вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, деҳоту шаҳрак намояндагони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, омӯзгороне, ки завқи баланди хондан ва аз ёд кардани осорро доранд, шоирону нависандагони маҳаллӣ, олимону рӯзноманигорон, роҳбарони китобхонаҳо, аъзои ҷамъияти китобдӯстон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ шомил мешаванд. Миқдори аъзои ҳакамон бо раису муовинонаш бояд тоқ бошад.
28. Хулосаи ҳайати ҳакамон дар комиссияи ҷумҳуриявии озмун баррасӣ ва тасдиқ мешавад.
29. Комисияи озмун натиҷаи ниҳоиро ҷамъбаст карда, онро барои мувофиқа ва тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

9. Таъминоти молиявии озмун

10. Тартиби иштирок дар даври ниҳоии озмун

34. Барои иштирок дар даври чоруми озмун маводи зерин ба комиссияи ҷумҳуриявии озмун пешниҳод мешавад:
- маълумотнома дар бораи довталаб;
- асарҳои мутолиашуда;
- миқдори ашъори азёдшуда;
- маҳорати суханронӣ ва суханварӣ, ровигӣ ва наққолӣ;
- қобилияти эҷодӣ;
- суратҷаласаи ҳайати ҳакамони вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ.

Суроға: шаҳри Душанбе, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, кӯчаи Теҳрон, 5. E-mail: info@kmt.tj

Рӯйхати асарҳои адибоне, ки барои аз худ кардан
ва хондан тавсия дода мешавад

а) Барои аз ёд хондани осори адибон:

- ғазал - на кам аз 100-то (ғазалҳои Абуабдулло Рӯдакӣ, Саноии Ғазнавӣ, Шайх Аттор, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Фахриддини Ироқӣ, Носири Хисрав, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Камолиддини Биноӣ, Бадриддини Ҳилолӣ, Абдураҳмони Мушфиқӣ, Абдулқодири Бедил, Соиби Табрезӣ, Сайидои Насафӣ, Абдулқодирхоҷаи Савдо, Шамсиддин Шоҳин, Туғрали Аҳрорӣ, Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ, Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Ғаффор Мирзо, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Қутбӣ Киром, Гулназар Келдӣ, Гулрухсор Сафиева, Ҳабибулло Файзулло, Ғоиб Сафарзода, Низом Қосим, Ҳақназар Ғоиб, Муҳаммад Ғоиб, Фарзона ва дигарон);

- рубоӣ ва дубайтӣ - на кам аз 120-то (рубоӣ ва дубайтиҳои Абуабдулло Рӯдакӣ, Абуалӣ Сино, Ҷалолиддини Балхӣ, Бобо Тоҳири Урён, Абусаиди Абулхайр, Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, Умари Хайём, Аттори Нишопурӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абдулқодири Бедил, Соиби Табрезӣ, Садриддин Айнӣ, Абулқосими Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Аминҷон Шукӯҳӣ, Ғаффор Мирзо, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулназар Келдӣ, Ҳабибулло Файзулло, Ҳақназар Ғоиб, Ғоиб Сафарзода, Аскар Ҳаким, Низом Қосим, Камол Насрулло, Фарзона, Озар ва дигарон);

- қасида - на кам аз 100 мисраъ (қасидаҳои Абуабдулло Рӯдакӣ, Кисоии Марвазӣ, Абулқосим Унсурӣ, Абулҳасан Фаррухии Сиистонӣ, Абунаҷм Манучеҳрии Домғонӣ, Масъуди Саъди Салмон, Носири Хисрав, Ҳаким Саноии Ғазнавӣ, Камолиддин Исмоили Исфаҳонӣ, Саъдии Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абдулқодири Бедил, Туғрали Аҳрорӣ, Шамсиддин Шоҳин, Садриддини Айнӣ ва дигарон);

- порча аз достон - на кам аз 300 мисраъ (150 байт) (аз достонҳои Абуабдулло Рӯдакӣ, Абумансури Дақиқӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Саноии Ғазнавӣ, Низомии Ганҷавӣ ва Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҳоҷуи Кирмонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абдулқодири Бедил, Камолиддини Биноӣ, Фитрати Зардӯзи Самарқандӣ, Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ, Мирзо Содиқи Муншӣ, Шамсиддин Шоҳин, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Ғаффор Мирзо, Муъмин Қаноат, Ҳадиса Қурбонова ва дигарон);
- дигар навъҳои шеърӣ – 200 мисраъ (100 байт) аз шоирони классикӣ, муосир ва хориҷӣ.

б) Асарҳои назмӣ ва насрии адибони классикӣ
ва муосири тоҷик барои хондан:

Ҳикоя, новелла, повест, драма, ёддошт, роман, достон, ғазалиёту рубоёт, қасида ва дигар ашъору осори Абдурауфи Фитрат, Мирзо Сироҷи Ҳаким, Абдулвоҳиди Мунзим, Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Ҳаким Карим, Мирзо Турсунзода, Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Боқӣ Раҳимзода, Мирсаид Миршакар, Абдусалом Деҳотӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Сотим Улуғзода, Фазлиддин Муҳаммадиев, Урун Кӯҳзод, Убайд Раҷаб, Сорбон, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Кароматулло Мирзоев, Меҳмон Бахтӣ, Ҳақназар Ғоиб, Гулрухсор Сафиева, Гулназар Келдӣ, Саттор Турсун, Абдулҳамид Самад, Ҳабибулло Файзулло, Бароталӣ Абдураҳмон, Баҳманёр, Сайф Раҳим, Ғаффор Мирзо, Мӯъмин Қаноат, Қутбӣ Киром, Убайд Раҷаб, Ғоиб Сафарзода, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Камол Насрулло, Низом Қосим, Муҳаммад Ғоиб, Фарзона ва дигарон.

в) Намунаҳои ашъори бачагона ва афсона

Мирсаид Миршакар, Гулчеҳра Сулаймонова, Аминҷон Шукӯҳӣ, Абдумалик Баҳорӣ, Нӯъмон Розиқ, Убайд Раҷаб, Акобир Шарифӣ, Мавҷуда Ҳакимова, Алӣ Бобоҷон, Нозирҷон Боҳирӣ, Ҷӯра Ҳошимӣ, Латофат Кенҷа, Юсуфҷон Аҳмадзода, Азизи Азиз ва дигарон, инчунин афсонаҳои халқи тоҷик, чистону латифаҳо ва ғайраҳо.

г) Намунаҳои осори адибони ҷаҳон

Ҷек Лондон, Виктор Гюго, Ги де Мопассан, Марк Твен, Эрнест Хеменгуэй, Ромен Роллан, Виллям Шекспир, Ийҳан Гёте, Алигери Данте, Франсуа Рабле, Рюноскэ Акутагава, Александр Пушкин, Лев Толстой, Юрий Лермонтов, Антон Чехов, Владимир Маяковский, Максим Горкий, Абдулло Қодирӣ, Ғафур Ғулом, Мухтор Авезов, Олжас Сулаймонов, Чингиз Айтматов, Расул Ғамзатов, Теодор Драйзер, Олес Гончар, Янн Купала, Яккуб Колас, Самад Вурғун, Нодир Думбадзе, Оттар Чилладзе, Грант Матевосян, Муҳаммад Иқбол, Ҷуброн Халили Ҷуброн, Рашод Нури, Робендранат Тагор, Стефан Тсвейг, Муртазо Мушфиқ Козимӣ, Фурӯғи Фаррухзод, Нодири Нодирпур, Аҳмади Шомлу, Халилуллоҳи Халилӣ, Нусрати Раҳмонӣ, Бориқ Шафеӣ, Восифи Бохтарӣ, Саид Нафисӣ, Мо Ян (Гуан Мое).

Мутолеа ва шарҳи асарҳои насрии адибони муосири тоҷик ва хориҷӣ:

Ҳикояву новелла – 50-то, роман – 20-то, повест – 30-то, ёддоштҳо – 15-то, афсонаву қиссаҳои насрӣ -20-то, асарҳои насри ривоятӣ – 10-то, дигар асарҳои халқӣ – 10-то (ба ин миқдор осори адибони ҷаҳонӣ низ ворид мешаванд).

Замимаи 2 ба амри
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 9 феврали соли 2019, № АП - 1165

Замимаи 3 ба амри
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 9 феврали соли 2019, №АП - 1165

Озмун аз рӯи номинатсияҳои зерин гузаронида мешавад:

- номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адибони классикии тоҷик;
- номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик;
- номинатсияи аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик;
- номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон

Ҷоизаҳои зерин барои ғолибони озмун муқаррар шудааст:

1. Номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адибони классикии тоҷик:

1.Ҷойи якум - 35000 сомонӣ ба унвони барандаи ҷоиза;
2.Ҷойи дуюм - 25000 сомонӣ ба унвони барандаи ҷоиза;
3. Ҷойи сеюм - 25000 сомонӣ ба унвони барандаи ҷоиза;

2. Номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик:

4. Ҷойи якум - 30000 сомонӣ ба унвони барандаи ҷоиза;
5. Ҷойи дуюм -20000 сомонӣ ба унвони барандаи ҷоиза;
6. Ҷойи сеюм -15000 сомонӣ ба унвони барандаи ҷоиза;

3. Номинатсияи аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик:

7. Ҷойи якум -30000 сомонӣ ба унвони барандаи ҷоиза;
8. Ҷойи дуюм - 20000 сомонӣ ба унвони барандаи ҷоиза;
9. Ҷойи сеюм - 15000 сомонӣ ба унвони барандаи ҷоиза;

4. Номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон:

10. Ҷойи якум - 30000 сомонӣ ба унвони барандаи ҷоиза;
11. Ҷойи дуюм -20000 сомонӣ ба унвони барандаи ҷоиза;
12. Ҷойи сеюм - 15000 сомонӣ ба унвони барандаи ҷоиза;

5. ШОҲҶОИЗА

Шоҳҷоизаи озмун–50000 сомонӣ

Шоҳҷоиза ба довталабе дода мешавад, ки аз миқдори чор номинатсия беш аз 70 фоизи осори назмию насриро мутолиа ва ҳифз намудааст.
Шарҳ: Довталабоне, ки аз ҳар як номинатсия осор мутолиа мекунанд ва ашъореро аз бар менамоянд, ҳакамон метавонанд иловатан ба ҳунару истеъдоди онҳо холгузорӣ намоянд. Он бояд ҳатман дар суратҷаласа (миқдор ва теъдоди онҳо) қайд гардад ва имзои раис ва аъзои ҳакамон дар он гузошта шавад. Барои довталаб маҳдудият мондан шарт нест. Ҳакамон дар мувофиқа бо комиссияи озмун метавонанд барои иваз кардани бандҳои алоҳидаи номинатсия пешниҳод манзур намоянд. Комиссия пешниҳодҳои ҳайати ҳакамонро баррасӣ карда, дар асоси овоздиҳии кушода онҳоро дастгирӣ ва ё рад менамояд.

Эзоҳ: Маблағи умумӣ барои мукофот: 310 ҳазор сомонӣ (сесаду даҳ ҳазор сомонӣ).
Мукофотҳо бо пули миллии сомонӣ тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назар доштани пардохти андозҳо пешбинӣ шудаанд.
Тамоми иштирокчиёни даври ниҳоӣ бо дипломи иштирокчии озмун сарфароз гардонда мешаванд.

Манбаъ: Сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Читайте также: