Прокурори генералии чумхурии точикистон кист



10-08-2019, 13:00 Тоҷикистон / Ҷамъият 0 252


24-август ба марги мармузи аввалин Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Ҳубайдуллоев 17 сол пур мешавад. Ин ҳомӣ ва олами илми ҳуқуқшиносиро муғризону зархаридони хоҷагони беруна бо истифода аз силоҳи оташфишон ваҳшиёна куштанд.

Ҳубайдуллоев, ки зодаи деҳаи Понғози ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт аст, роҳ пеш гирифтем сӯи зодгоҳи ин родмарди ватан, то бо наздиконаш сӯҳбате ороем.

Қобилов: Ҳубайдуллоев аз соати 7-саҳар то 9 шаб дар ҷои кор буд

Яке аз шогирдону ҳамдиёрони Нурулло Ҳубайдуллоев, номзади илмҳои кимиё, дотсенти донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ Нарзулло Қобилов оид ба шахсияти мавсуф гуфт: - Нурулло Ҳубайдуллоев соли 1940 дар деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ба дунё омадааст. Соли 1957 баъди хатми мактаби миёна ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шудааст. Баъди хатми донишгоҳ ба ҳайси ёрдамчии додситони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор оғоз кардааст. Аз соли 1966 то соли 1970 узви додгоҳи Олии ҶТ ва аз соли 1970 то 1974 раиси халқии ноҳияи марказии шаҳри Душанбе ва баъдан мудири шӯъбаи маъмурию ҳуқуқи мудирияти шӯрои вазирони ҶШСТ шуда кор кардааст.

Нурулло Ҳубайдуллоев соли 1990 ҳамчун депутати халқии ҶТ аз тарафи аъзои Шӯрои Олӣ ба вазифаи раиси Кумитаи Шӯрои олии ҶТ оид ба масъалаҳои қонунгузорӣ, ҳуқуқ ва муҳофизати шаҳрвандон интихоб шудааст. Ӯ аз июни соли 1991 то лаҳзаи охирини ҳаёташ вазифаи додситони кулли Ҷумҳурии Тоҷикисонро ба ӯҳда дошт.

Ҳубайдуллоев марде, ки дода ва кору зода кор буд. Аз соати 7-и пагоҳӣ то саоти 9-и шаб дар ҷои корӣ буд ва софдилонаю содиқона вазифаи хизматияшро ба ҷо меовард.

Тамоми кушиши худро танҳо барои оромию суботи кишвар, тарбияи насли ҳуқуқшинос ва таъмини шаффофияти додситонӣ сарф мекард. Хуб дар ёд дорам, ки дар замони Прокурори генералӣ будани Ҳубайдуллоев мардуми ноҳияи Ашт на танҳо ифтихор аз чунин фарзанди фарзонаи диёр мекарданд, балки дидор ва даст дода вохӯрӣ карданашро орзу доштанд.

Номбурда ҳар гоҳ ба ноҳияи Ашт ояд, вақти аз ҳавопаймо фароянд мардум навбат меистод то аз наздик бубинанд ва орзуи бо Прокурори генералӣ рӯ ба рӯ шуданашонро амалӣ созанд. Вале афсӯс, марги маҷбурии ӯ орзуи ҳаводронаш ва ҳамдиёронашро, ки калонсолон чун фарзанд, дигарон чун пайванд дӯст дошта, эҳтиром мекарданд ба дасти хоки сарду хунолуди соли 1992 супурд.

Суҳби хунин, гиряи мардону хандаи номардон
Дар идомаи нақл Қобилов бо чашмони ашколуд барои марги мармузи фарзанди ифтихории диёраш гуфт:
-Солҳои 1991-1992, ки айни даргириҳои таҳмилии Тоҷикистон буд, қатлу таъқиби маҳз мардуми бегуноҳ, тарафдорони сохти конститутсионӣ, арбобони давлативу ҷамъиятӣ зиёд буд. Аввалин Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Ҳувайдуллоев, ки дар он замон намояндаи мардумии ҷумҳурӣ, рамзи ҳақиқату адолат буд, дар сафи садҳову ҳазорон родмардони ватан аз ҷониби қотилони зархариду ноҷавонмардони ташкилоти террористӣ - экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ ваҳшиёна ба қатл расонда шуд.

Субҳи 24 августи соли 1992 се таззод дар як макон ва нисбати як фарзанди барӯманди диёри мо рӯ ба рӯ омад. Яъне суҳби хунин, гиряи мардону хандаи номардон, хандаи ҳамон номардоне, ки бар ивази як пули пучак, бар ивази як ишораи иғвосози хоҷагони дохилию берунияшон як сутуни бузурги ҳуқуқшиносро барканданд, шаш фарзанди ӯро ятим карданд. Мусаллаҳони ноҷавонмард 24 августи соли 1992 тақрибан соати 7:40 баъди он ки Ҳубайдуллоев ҳамсараш Раънохон Ҳубайдуллоеваро, ки дар техникум кор мекард бурда мемонад ва худаш ҳамроҳ бо ронандааш роҳ сӯи кор пеш мегирад, ба қатл мерасонанд.

Дар роҳ, ки силоҳбадастони хунташнаи наҳзатиҳо Прокурорро нишон гирифта истода буданд. Онҳо мехостанд аз хуни дар ҷуши кору ҳимояи ватан будаи ӯ нушанду хунташнагиягонро шикананд.

Баъди ҳамсарашро ба кор монда сӯи бинои мақомоти Прокуратура роҳсипор шудан ӯ ва ронандаашро аз мошин берун меоранд. Маҷбур месозанд, ки марде, ки пеши ҳар касу нокас сар хам намекард, дурӯягию маддоҳиро намедонист ба зону нишинад. Вақте Ҳубайдуллоев ин амалҳоро иҷро намекунад, яъне ба зону намезанад, ба зонуҳояш чанд тир мезаданд. Аммо хунхоҳони зархариди хоҷагони ТТЭ ҲНИ баъди ба замин афтидан ҳам ӯро тирборон намуданд. Як тиру ду тир не, балки бо зарби беш аз 20 тир Ҳубайдуллоевро зада куштаанд.

Мактаб ба номи Ҳубайдуллоев
24 август, ки қатли собиқ Прокурори генералии кишвар Нурулло Ҳубайдуллоев аз ҷониби зархаридони ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ (ҲНИ) содир шуд. Пас аз 4 рӯзи маргаш яке аз мактабҳои номии деҳаро ба номи ин марди бузургу ватандор номгузорӣ карданд. Инчунин дар саҳни ҷамоати деҳоти Понғоз нимпайкараи Нурулло Ҳубайдуллоев қомат афрохтааст.

Сӯҳроб Қурбонов, директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 11-и деҳаи Понғози ҷамоати Понғоз ба номи Нурулло Ҳубайдуллоев дар сӯҳбат ба мо гуфт:-Нурулло Ҳувайдуллоев, марде буд, ки тамоми хислату сифати хубу ҳамидаи инсониро дар худ дошт. Хирадмандию ҷавонмардияш баъди маргаш низ ӯро зинда дошта истодааст ва то абад ҷовидона хоҳад дошт. Зеро дар рӯзҳои вазнинтарину ҳассостарин, ки тақдири халқи тоҷик дар ҳалшавӣ буд, вазифаи басо пурхатар ва пурмасъулиятба ба замма гирифт.

Ҳубайдуллоев аз аввали ба фаъолият пардохтан, то рӯзҳои вопасини ҳаёташ барои сулҳу субот ва ҳаёти орому осоиштаи мардум мусоидат кардааст. Ҷони худро рӯи каф гирифта дар байни галаи пайравони ТТЭ ҲНИ ба кор мерафт ва бидуни ҳимоятгар (ахрана) аз кор бармегашт. Наҳзатиҳо, ки намехостанд, ки чунин афрод пеши роҳи аъмоли ғайриқонунии онҳоро бигиранд, ҳамеша аз пайи нобуд кардани Ҳубайдуллоев ва ҳампешагони ӯ буданд.

Таърих гувоҳ аст ва ҳама медонем, ки қатли Нурулло Ҳубайдуллоев як қатли хунхоронаву золимона ва фармоишӣ буд. Қотилони кирояи наҳзатӣ қалби шахсиятеро, ки чун оина софу беолоиш буд ва то лаҳзаҳои вопасини ҳаёташ барои ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон талош варзида буд, шикастанд.



  • Тоҷикӣ
  • Русский
  • English
  • RSS
  • Харитаи сомона
  • Тамос
  • Почтаи электронӣ
  • Барои кормандон




10.07.2020 15:07, шаҳри Душанбе


10.07.2020 10:43, шаҳри Душанбе


10.07.2020 10:42, шаҳри Душанбе

Аз 15 то 19 сентябри соли 2019 Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати ҳамроҳ ҷиҳати иштирок дар 24-ум Конференсияи солона ва иҷлосияи генералии Ассотсиатсияи байналмилалии прокурорҳо дар шаҳри Буэнос Айреси Ҷумҳурии Аргентина карор дошт.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Мақомоти прокуратура дар соли 2018 фаъолияти худро дар асоси Конститутсия, қонунҳо, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, ҷиҳати таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд корҳои муайянеро ба сомон расонид.

14 июли соли 2020 дар асоси Нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2020 дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Сироҷзода С. бо намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотии Прокурори генералӣ баргузор гардид.


Ғолибов Хуршед Қурбонович истиқоматкунандаи ноҳияи Панҷ, Ҷамоати деҳоти Озодагон, деҳаи Сафедорон моҳи октябри соли 2019 барои оила барпо намудан бо Нурова Дилафрӯз Нурмаҳмадовна ба хонаи онҳо ба хостгорӣ мераванд. Падари охирон Нуров Нурмуҳаммад Товуловид дархости ӯрорад намуда, моҳи декабри соли 2019 оиди ба шавҳар додани духтараш ба хеши наздикаш Бобохонов Суҳроб Рустамович розигӣ додааст.

Ғуломов Рамазон Мусоевич сокини шаҳри Норак, Ҷамоати деҳоти Пули Сангин, маҳаллаи Тутқавул 25.03.2020 сол дар заминаи муноқишаи оилавӣ соатҳои тахминан 15:20 даққиқа дар нишонии шаҳри Норак, кӯчаи Бародарон, бинои №24, ҳуҷраи №7, ҳамсараш Нозирова Шаҳноза Тағоймуродовнаро нӯҳ маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳимаш бо корд задааст, ки охирон аз ҷароҳатҳои бардоштааш ба ҳалокат расидааст. Сипас бо мақсади куштори модарарӯсаш Ғоибназарова Асият, ки онҷо ҳузур доштааст ба шикам ва дасти рости ӯ бо корд зада, бо сабабҳои ба ӯ вобастанабуда куштори модарарӯсашро ба анҷом расонида натавонистааст.


Мирзоев Саидшо Fаниевич, зода ва сокини н.Панҷ, Ҷамоати деҳоти Кабут Сайфиддинов, деҳаи Ҳамдилон, шаби 21 июни соли 2018 соати 00:10 дақиқа бо мақсади содир кардани таҷовуз ба номуси зан, яъне алоқаи ҷинсӣ бо истифодаи зуроварӣ ба манзили истиқоматии шаҳрванд Саидова М.П., ки дар хонааш танҳо зиндагӣ мекард, ғайриқонунӣ ворид гардида, барои қонеъ кардани нафси шаҳвонии худ ба ӯ дарафтода, зуровариро нисбати ҷабрдида истифода намудааст. Дар натиҷа Саидова М.П.муқобилият нишон дода, бо овози баланд доду фиғон карда, атрофиёнро ба ёрӣ даъват намудааст. Мирзоев С. амали ҷиноятиашроба охир нарасонида, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.


Воҳидов Меҳробиддин Абдураҳмонович, санаи таваллудаш 06 ноябри соли 2002 дар суроғаи шаҳри Ҳисор, Ҷамоати шаҳраки Ҳисор, кӯчаи А.Сино 4 бо падарандараш Атоев Асатулло Сатторович, модараш Воҳидова Мусалам Ҳамидовна ва бародарони хурдсоли угайяш Атоев Юсуф Асатуллоевич ва Атоев Ёсинҷон Асатуллоевич муваққатан истиқомат намудааст. Дар давоми зиндагии якҷоя модараш Воҳидова М.Ҳ. нисбати ноболиғ Воҳидов М.А. муносибати дағалона дошта, ӯро бештар дар иҷро намудани корҳои хоҷагӣ истифода намуда, фарзандони хурдсолаш Атоев Ю.А. ва Атоев Ё.А.-ро нисбат ба ӯ бештар дустдорӣ карда, дар ин замина рашку хусумати ноболиғ Воҳидов М.А.-ро ба худ пайдо кардааст.


МАН ТАРСАК НЕ. Ё НИМ РУЗИ КОРИИ ПРОКУРОРИ ГЕНЕРАЛИ


Чанд хафта пеш аз куштори номардонаи Прокурори генералии ЧТ Нурулло Хувайдуллоев дар шахри Душанбе бо он кас вохурие доштам, ки абадан дар хотирам накш бастааст. Он вохури бо ду сабаб ба вукуъ пайваст:

Кисме аз рохбарияти хамонвактаи ИКД-и вилояти Ленинобод хуб дарк менамуд, ки агар ВКД ин талаби мухолифинро конеъ гардонад, чони Прокурори генерали дар хатар мемонаду ягон илочи мухофизаташро бояд ёфт. Гурухи гайрирасмие бо рохбарии сардори ИКД Урунов Ч.К. ба кароре омад, ки аз байни кормандони ба вазифаашон содиктарин якчанд гурухчахое ташкил намояд, то ки онхо аз хисоби рухсатии мехнатиашон химояи Прокурори генералиро амали созанд. Азбаски ин карор гайрирасми буду бо сабабхои маълум дар чое кайд хам нашуда буд, ба ман шифохан супориш дода шуд, ки бо Н.Хувайдуллоев шахсан вохурда, ризоияташонро оиди ин масъала гирам.

Сабаби дигар он буд, ки мухолифин бо истифода аз имкониятхои тарафдорони сершумору бонуфузашон дар аппарати марказии ВКД мехостанд барои бадном намудани Прокурори генерали игвое ангезанд. Мувофики яке аз накшахои махфиашон онхо мехостанд , ки хангоми амалиёти аз Изолятори тафтишотии раками 2-и дар шахри Ленинобод вокеъбуда гурезонидани собик мэри шахри Душанбе Максуд Икромов, ки он чо дар махбас буд, ба катл расонидани у ва минбаъд ба ин амал муттахам намудани шахсан Прокурори генерали буд. Дар ин бора чонишини ин муассиса майор Аббосчонов Иброхимчон махфи ва гайрирасми арз намуд. Вазъияти дар ВКД хукмронбударо ба назар гирифта, гайр аз ба маълумоти худи Н.Хувайдуллоев расонидани ин накша илочи дигаре набуд. Ва ин кор низ ба зиммаи ман гузошта шуд.

Бегохи худи хамон руз ба Душанбе омадаму аз мехмонхона ба Нурулло Хувайдуллоевич занг зада имконият ва чои вохуриро пурсидам. Он кас дархол аз кучо занг заданамро фахмиданду маслихат доданд, ки дар мехмонхона нею дар чои бовариноки дигаре таваккуф намояму ба хеч касе занг назада пагохи рузи дигар пеш аз огози рузи кори ба назди бинои Прокуратураи генерали хозир шавам.

Рузи дигар чанд дакика пеш аз огози кори Прокуратура ба он чо хозир ва омадани Н.Хувайдуллоевро мунтазир шудам. Дере нагузашта он кас бо мошини хизматиашон омаданд ва аввалин чизе, ки диккати маро чалб намуд, ду-се дакика дертар омадани мошини мухофизонашон буд.

Сухбат намудан бо Нурулло Хувайдуллоевич танхо пас аз расидани мухлати танаффуси нисфирузи дар рохраву вестибюли Прокуратура бароям муяссар гашт. Он кас максади омадану масъалахои арзкардаамро хеле тез дарк намуданду оиди масъалаи мухофизон гуфтанд:

Ботамкинию оромии фавкулодда, бомулохизаги ва дурандешии ин инсони бузург, ки харчанд хеле мураккаб ва ба дарачаи оли муташаннич будани вазъияту хатари марговарро ба хаёташ беш аз хама худаш дарк менамуд, хеле хайратовар буданду на хар гуна акл онро дарк карда метавонист.

Харчанд, ки аз дасти котилони номард хаёти фарзанди бузурги точикон Нурулло Хувайдуллоев дар ин дунё фочиави кать гардида бошад хам, номи некаш дар хотири халки азизаш абадзинда асту, иншооллох, у дар он дунё растагор аст.

Некхохиву пиндори некат, некномият,
Устуворият ба кавлу чонфидоият,
Ростгуиву вичдони покат, ростбиният,
Улфатии пурсадокат, бовафоият,
Лафзи ширину шучоъи кухистоният,
Лашкари хасмро биларзонд аз далерият…
Оллох мебошад кафили растагорият,
Хакчуё, кардам санои зиндагоният.

PS: Ин макола дар китоби "Аввалин Прокурори генералии Точикистон", Душанбе: "ЭР-граф", 2020, ISBN 978-99975-50-95-8 дар сах. 99-103 чоп шудааст.


Бо қарори суди иқтисодии Тоҷикистон бар асоси пешниҳоду тавсияи Прокуратураи генералии кишвар рӯзи 24 август дафтари кории марказии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, воқеъ дар кӯчаи Борбади пойтахт муҳр зада шуд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии ҲНИТ, Прокуратураи генералии кишвар ин қарори худро бо он маънидод кардааст, ки баҳси қонунӣ будани харидорӣ шудани ин бино ҳаллу фасл нашудааст.

Суд-иҷрочиҳои Суди иқтисодӣ, ки дарҳои дафтари кории ҲНИТ-ро муҳр задаанд, изҳор намудаанд, ки баҳси мазкур бояд дар муддати 10 рӯз ҳаллу фасл шавад.

Дар ин бино ҲНИТ рӯзи 15 сентябр анҷумани навбатии ҳисоботиву интихоботии худро баргузор карданӣ буд, ки дар кори он иштироки беш аз 500 нафар вакилону меҳмонон дар назар аст. ҲНИТ бар ин назар аст, ки ин амали ҳукуматдорон ба монеъа эҷод кардан барои баргузории анҷуман равона шудааст.

Филмҳои “Апостл-2019” ва “ШӯрH2О” ба ҷашнвораи Севастопол роҳхат гирифтанд

Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба майори милитсияи Хуросон барои латукӯб

Сокинони деҳаи Зебон дар Панҷакент аз иншооти иҷтимоӣ маҳруманд

Боздошти мудири шуъбаи умумии додгоҳи Хатлон барои қаллобӣ

Тақдири ширкати сохтмони писари Бег Зуҳуров то охири сол ҳал мешавад

Наздики ним миллион оилаҳо дар Тоҷикистон ба қитъаи замин барои сохтмони манзил ниёз доранд

Мавқеи Тоҷикистон дар рейтинги нави ФИФА тағйир наёфт

Дарсҳо дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон 17 август оғоз мегарданд

Мақомот ба “Хӯҷа-командир” айбномаи нав пешниҳод карданд

Вазири маориф: “Мактабҳои олии мо аз мактабҳои олии минтақа монданӣ надоранд”

  • Анонимно
  • Через соцсеть

Мо ҷавонони водии Бартанг аз баста шудани қароргоҳи ҲНИТ хело шодем чунки ин иқдоми ноҷавонмардонаи Кабириро ки худ дар хориҷ дар гурез аст ҷавоби ин мардуми бегуноро чихел медода бошад дар ин дунё ва ундунё. Дар ақиқат ин рафтори Кабири ноҷавонмардона аст. Офарин боз дар танои укумат шуморо ҲНИТиё як бор дигар гуё ба гуноҳатон бахшиш намуд. Биёед бо миллати тоҷик ва давлат якҷо бошем то ин аст мусулмонгарии ақиқи.

Ба хамаи мо маълум аст, ки дар солхои 1992 то 2000 дар Чумхурии Точикистон чи ходисахои дахшатангез рух дода буд. Инчунин ба хамагон маълум низ мебошад, ки дар ин чанги бародаркуш садхо хазор нафар одамони бегунох чони худро барои хоинони миллати точик бохтаанд. Сабабгори хамаи ин бесарусомонихо Хизби нахзати исломи Точикистон буд, ки имруз низ мехохад вокеахои солхои сипаригаштаи хунрезихоро баргардонанд.

Сабаби баста шудани ХНИТ дар они ифода меёбад, ки аз рузи ташкилшавии хизб, ки рохбараш Мухиддин Кабири ба хисоб меравад, дар фаъолияти худ доир ба пешрафт ва таракиёти имрузаи Чумхурии Точикистон саъю кушиши худро нишон надодааст. Танхо барои манфиатхои худ ва сармоягузори гардиданаш аз тарафи давлатхои хоричи шахрвандони Чумхурии Точикистонро бо хар роху восита ба сафи худ дохил намуда, ваъдахои бардуруг медод. Баста шудани ХНИТ аз чониби шахрвандони Точикистон хуб пазируфта шуд.

Салом всем, ради место у власти? а не ради Аллаха этот Нури глава ПИВТ в 90- е года резал таджикских ребят как баранов. Nак что и его последователи пойдут за ним будте осторожны, дай Вам Бог помошь дорогие Таджикистанцы.

Бас аст дуруг, номи исломро паст кардаед. ХНИТ агар баста шавад, байни мардуми точик фитнаандози кам хохад шуд. Чи фоидае бар чамъият кардаанд, ки мо тарафдори кунем аз ХНИТ, албатта хеч чиз! Пас баста шавад чунин хизби бефоида, бехтараш фикри ободиву пешравии Точикистони азизамонро кунед.

Агар будани чунин ҳизб зарурат медошт, давлатҳое, ки пештар аз мо Исломро қабул карда буданд, магар наметавонистанд чунин ҳизб таъсис диҳанд. Агар эшон дар худ ҷасорати бештар медоштанд, метавонистанд бо дигар ном рақобати сиёсӣ намоянд. Аз он рӯзе, ки ҲНИТ-ро медонам дар радифаш ҷангу балво, иғвою ифрот, шуру валвала ва фисқу фасодро тавъам мебинам. Ҳамчун як фарди ҷомеа бо мақсади эмин нигоҳ доштани фазои ороми Тоҷикистон, тинҷиву якпорчагии он масъалаи расман қатъ гардидани фаъолияти минбаъдаи ҲНИТ-ро ба маврид мешуморам.

Халки точик ба пешшшшш: Нагузоред, ки чунин хизбхои хиёнаткор ба сари хокимият биёянд

Вакти он расидааст, ки эй мардуми башардусти Точикистон аз ин хама хуруфотпарасти, дуруяги ва амалхои зишти гурухбозхо худро ба канора гирифта, бахри созиши Чумхурии азизи Точикистонамон ба яке аз кишвархои пешрафти олам камари химмат бандем. Бадро аз нек, фоидаро аз зарар бахри ояндаи фарзандони миллати точик ва точикистониён фарк кунем…..

99 фоизи мардуми Точикистон мусалмонанд, ниёз ба хизби исломи нест.Дини ислом на ба хизб ва на ба дигар равияхои тундрав ниёз надорад.

Матлабе дар бораи баста шудани бинои Раёсати олии ХНИТ дар шахри Душанберо хонда, хело хушхол шудам, ки дар хакикат ин кори дуруст аст. Дар ягон чумхурихои собик Шурави чунин хизб, яъне хизби исломи фаъолият ва ё арзи вучуд надорад. Худ шохиди он хастем, ки дар давоми солхои фаъолияти хеш ХНИТ чи корхои хайрро ба сомон расонидааст, ба гайр чангу бадбахтихо. Солхои 90-уми асри гузаштаро ба хотир орем, худ як дарсе барои сокинони чумхури аст. Чунки бо як чашмакзании кози Турачонзода ва дастгирии бевоситаи хаммаслаконаш аз хисоби аъзоёни ХНИТ дар кишварамон чанги шахрванди ба вукуъ пайвасту хазорхо сокинони бегунох кушта шуда, бе хонаву дар ва дар кишвари бегона гуреза шуданд. Дар навбати худ Турачонзода ва дигар хаммаслаконаш дар хоричи кишвар дар панохи хочагони хоричии худ “панах” ёфтанд. Имруз бошад, Мухиддин Кабири дар хоричи кишвар карор дошта, боз ягон накшахои гаразноки хешро бо дастгирии хочагони худ тархрези намуда, ба сулху суботи кишвари азизамон Точикистон мехоханд халал эчод намоянд. Бояд зикр намоям, ки дигар мардуми точик чунин суистифода аз боварихои диниро пушти сар кардаанд ва намехоханд ба хотири кадом як охунди мансабталабу чоххох такдири дину миллати худро ба гарав гузоранд. Дар охир сухани худ хаминро кайд кардани хастам, ки баста шудани бинои Раёсати олии ХНИТ дар шахри Душанбе ва бархам додани ин хизб дар каламрави кишвар кобили максад аст. Мо бояд шукронаи Истиклолияти кишвар кунем ва барои гул-гул шукуфии он кушиш намоем, на аз кафои кадом як хочагони хоричи шавему мансабталоши кунем. Бо эхтиром сокини шахри Кулоб Аминаи Абдулхак, собик аъзои ХНИТ.

Аз баста шудани ХНИТ бисёр хурсандем, офарин! офарин! офарин!

Прокуратура хамин кора барвакттар мекарден намешид, ин хизба фаъолиятша тамоман катъ кардан даркорай, коршон факат бар зидди тинчии ватанмонай, ким-кадом давлатода меравану бад Точикистона бадном мекнан. Маъкултон набоша, брен хаму Эрону Афгонистону дигар-дигар чохода зиндаги кнен.

Бинои имрузаи идораи ХНИТ дар шахри Кулоб, ки дар кучаи С.Сафаров чойгир мебошад, пеш магозаи китобфуруши буд. Мардуми Кулоб аз он бахраи маънави мегирифтанд. Солхои 90 аъзоёни хизби нахзат аз бесару сомонихо истифода бурда, онро азони худ карда гирифтанд. Имруз гуё он моликияти хусусии Гайратов Абдусамад мебошад ва у ин биноро ба хизби нахзат тухфа кардааст. Лекин дар асл бошад, ин бино мувофики конун ба Гайратов ягон тааллук надорад ва хуччатхояш сохтаву калбаки мебошанд.

Аъзоёни Хизби Нахзат, ки даъвои Ислому Худошиноси мекунанд ва аз номи дин сухан меронанд, ба гайр аз ба дасти худ гирифтани хокимият ва мансаб дигар максад надоранд. Дар асл ин шайтонсиратон на ба Худо кор доранд ва на ба Расул ва ин мукаддасоту покиро танхо барои ноил шудан ба максадхои нопоки худ истифода мебаранд. Агар дар вучуди пайравони ХНИТ акалан як зарра имону инсоф мебуд, ба хуни ин кадар мардуми точик зомин намешуданд. Имрўз бо фитнахои сиёсии худ боз мехоханд ба сари мардуми точик нокомиву бадбахти, куштору кашшоки ва гуруснаги оварда, худашон шоху табъашон вазир шавад. Вале мардум имрўз дигар мардуми солхои 90-ум нест, ки ба фитнахои ин тоифа бовар кунад.

Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ягонаи марказонидашуда мебошад, ки дар доираи ваколатҳои худ риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунад.

Вазифаҳои мақомоти прокуратура аз таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ бо мақсади ҳифзи:

-мустақилият ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-ҳуқуқи иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва дигар ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

-асосҳои сохтори демократии ҳокимияти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, дигар мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар сохторҳои ғайридавлатӣ иборат мебошад.

Ба зиммаи прокуратура иҷрои вазифаҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда нашудаанд, гузошта намешавад.

Самтҳои асосии фаъолияти мақомоти прокуратура аз инҳо иборатанд:

-назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо аз ҷониби вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, мақомоти идораи ҳарбӣ, мақомоти назорат, бонкҳо, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои дигар, сарфи назар аз тобеият, мансубият ва шакли моликияти онҳо, аз тарафи шахсони мансабдори онҳо, инчунин ба қонунҳо мутобиқ будани санадҳои ҳуқуқие, ки онҳо мебароранд;

-назорат ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки ҳамчун арзиши олӣ эътироф гардидаанд, аз тарафи ҳамаи сохторҳо ва шахсони мансабдоре, ки дар сархати якуми ин модда зикр шудаанд;

-назорат ба риоя ва иҷрои қонунҳо аз тарафи мақомоте, ки бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои дигар мубориза мебаранд, инчунин мақомоте, ки бо фаъолияти оперативию ҷустуҷӯӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ машғул мебошанд;

-ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, манфиатҳои давлат, шаклҳои гуногуни моликияти давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар мурофиаи судӣ;

-назорат ба риоя ва иҷрои қонунҳо дар ҷойҳои нигоҳдории боздоштшудагон, ҳабси пешакӣ, ҳангоми иҷрои ҷазо ва дигар чораҳои дорои хусусияти маҷбуркунӣ, ки суд муқаррар мекунад;

-назорат ба риояи қонунҳо ҳангоми иҷрои ҳалномаҳои судӣ аз ҷониби иҷрочиёни суд ва дигар мақомоти салоҳиятнок;

-таҳияи чораҳои пешгирии ҷиноятҳо, мубориза бар зидди коррупсия, терроризм, экстремизм (ифротгароӣ) ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо якҷоя бо дигар мақомоти давлатӣ, иштирок дар кори такмилу тавзеҳи қонунҳо;

-ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирии он ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо;

-иштирок дар баррасии парвандаҳо аз ҷониби судҳо;

-эътироз, шикоят ва ариза овардан нисбати фармон, ҳалнома, ҳукм, таъинот ва қарорҳои судҳо, ки хилофи қонун мебошанд.

Прокуратура мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ метавонад дар дигар самтҳое, ки дахолати назорати прокурорӣ зарур аст, фаъолият намояд.

Дахолат кардани мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои динӣ, воситаҳои ахбори омма ва намояндагони онҳо, инчунин шахсони мансабдор ба фаъолияти прокуратура дар амалӣ намудани назорат ба иҷрои қонунҳо, тафтиши ҷиноятҳо ва дигар қонунвайронкуниҳо манъ аст.

Ба ҳар восита таъсир расонидан ба коркунони прокуратура бо мақсади монеъ шудан дар амалӣ намудани фаъолияти вазифавиашон ё фишор овардан бо мақсади қабул кунонидани қарори ғайриқонунӣ боиси ҷавобгарии пешбининамудаи қонун мегардад.

Талаботи прокурор, ки аз ваколатҳои қонуниаш бармеоянд, бояд ҳатман дар мӯҳлати муқарраршуда иҷро карда шаванд.

Ахбори оморӣ ва ахбори дигар, маълумот, ҳуҷҷатҳо ё нусхаҳои онҳо, ки барои амалӣ намудани назорати прокурорӣ ё тафтишоти ҷиноят заруранд, бо талаби прокурор ё муфаттиш ройгон дода мешаванд.

Шахсони мансабдор ва шаҳрвандон вазифадоранд, ки бо даъвати прокурор ё муфаттиш ҳозир шаванд ва аз рӯи моҳияти масъалаҳое, ки дар рафти санҷиш муайян карда мешаванд, баёнот диҳанд. Дар сурати саркашӣ аз ҳозиршавӣ шахси мансабдор ё шаҳрванд бо қарори прокурор ё муфаттиш ба воситаи мақомоти милитсия маҷбуран оварда мешавад. Иҷрои ин қарор аз лаҳзаи расидани қарор дар бораи маҷбуран овардан ҳатмӣ мебошад.

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои ба он тобеъ фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти амният, мақомоти андоз, мақомоти гумрук ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқро оид ба мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ҳамоҳанг месозанд.

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ризоияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 5 сол таъин мешавад.

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои муовини якум ва муовинон мебошад, ки онҳо аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ризоияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

Яке аз муовинони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, прокурорҳои вилоятҳо, прокурори шаҳри Душанбе, прокурорҳои нақлиёт, прокурорҳои шаҳрҳо, ноҳияҳо ва прокурорҳои ҳарбии гарнизонҳо, прокурори назорат аз рӯи иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳиро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд. Ин прокурорҳо ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошанд. Мӯҳлати ваколати прокурорҳо 5 сол аст.

Прокурор дар дои раи салоҳияти худ санадҳои таъсиррасонии зеринро қабул мекунад: эътирози прокурор, пешниҳоди прокурор, қарори прокурор ва амри прокурор.

Эътироз доир ба санад, супориш ва дигар ҳуҷҷатҳои мақомот ва шахсони мансабдоре, ки хилофи қонун мебошанд, аз ҷониби прокурор ё муовинонаш ба мақомоти интишордодаи ин санад ё мақомоти болоӣ оварда мешавад.

Прокурор дар эътирози худ масъалаҳои бекор кардани санад, ба қонун мутобиқ гардонидани он, инчунин қатъ кардани амали ғайриқонунии шахсони мансабдор, барқарор намудани ҳуқуқҳои поймолшударо ба миён мегузорад.

Эътирози прокурор амали санади аз болояш эътирозовардашударо бозмедорад ва онро бояд мақомоти дахлдор ё шахси мансабдор на дертар аз даҳ рӯзи баъди ворид шуданаш ҳатман баррасӣ намояд.

Дар ҳолати овардани эътироз нисбати қарори мақомоти маҳаллии намояндагии ҳокимияти давлатӣ он бояд дар иҷлосияи наздиктарин баррасӣ шавад. Дар ҳолатҳои истисноӣ, ки бартараф намудани ҳолатҳои вайронкунии қонунро талаб мекунад, прокурор ҳуқуқ дорад барои баррасии эътироз мӯҳлати кӯтоҳтар муқаррар намояд. Аз натиҷаи баррасӣ ба прокурор фавран хаттӣ хабар дода мешавад.

Дар сурати баррасӣ кардани эътироз дар мақомоти машваратӣ дар бораи рӯзи маҷлис ба прокуроре, ки эътироз овардааст, хабар дода мешавад.

Эътироз мумкин аст то баррасӣ шудани он аз ҷониби прокурори эътирозоварда ё прокурори болоӣ бозхонда шавад.

Дар сурати бесабаб рад кардани эътироз ё дар мӯҳлати муқарраршуда дида набаромадани он прокурор метавонад дар бораи ғайриқонунӣ донистани санад ба суд бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намояд. Пешниҳоди чунин ариза амали санади ҳуқуқиро бозмедорад.

Пешниҳод дар бораи бартараф намудани қонунвайронкуниҳо, сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткарда аз ҷониби прокурор, муовини ӯ ба мақом, ташкилот ё шахси мансабдоре, ки барои бартараф кардани қонунвайронкунӣ ваколат дорад, пешкаш мешавад ва он бояд фавран баррасӣ шавад. Дар мӯҳлати на дертар аз як моҳ бояд оид ба бартараф намудани қонунвайронкунӣ, сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткарда тадбирҳои дахлдор андешида, аз натиҷаи он ба прокурор хаттӣ хабар дода шавад.

Мақоми машваратие, ки ба он пешниҳод фиристонида шудааст, дар бораи рӯзи маҷлис ба прокурор хабар медиҳад ва прокурор ҳуқуқ дорад, ки дар муҳокимаи он иштирок намояд.

Прокурор, муовини ӯ бо назардошти хусусияти қонунвайронкунӣ аз тарафи шахси мансабдор ё шаҳрванд оид ба оғоз намудани истеҳсолот дар бораи ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашидан ё дар бораи оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ қарори асоснок мебарорад.

Қарор дар бораи ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ё ҷавобгарии маъмурӣ кашидан дар муддати даҳ рӯзи баъди расидани он бояд аз тарафи шахси мансабдор ё мақоми салоҳиятдор баррасӣ шавад. Шикоят аз рӯи қарори қабулшуда иҷрои онро бознамедорад. Аз натиҷаи баррасӣ ба таври хаттӣ ба прокурор хабар дода мешавад.

Дар ҳолатҳои зарурӣ барои тафтиши ҷиноятҳо прокурор ҳақ дорад бо ҷалби кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар асоси қарори худ гурӯҳҳои тафтишоти фаврӣ таъсис диҳад.

Амри хаттӣ дар бораи бартараф намудани қонунвайронкунӣ аз тарафи прокурор, муовини ӯ, ё шахси ваколатдоркардаи онҳо ба мақом, шахси мансабдор ё шахсони воқеӣ, ки ба вайрон кардани қонун роҳ додаанд, пешниҳод карда мешавад.

Амри хаттӣ дар мавридҳое пешниҳод карда мешавад, ки қонунвайронкунӣ хусусияти ошкоро дошта, ба манфиати давлат, корхона, муассиса, ташкилот, инчунин шаҳрвандон агар он фавран бартараф карда нашавад, зарари ҷиддӣ расонида метавонад. Амр бояд бетаъхир иҷро гардад, ки дар ин бора ба прокурор хабар дода мешавад.

Мақомот, шахси мансабдор ё шахси воқеӣ метавонад аз хусуси амр ба прокурори болоӣ шикоят кунад, ки ӯ вазифадор аст шикоятро дар мӯҳлати даҳ рӯз дида барояд.

Читайте также: