Сардафтари адабиети классики точик кист


Рӯзи 22 сентябр дар Тоҷикистон 12 сол боз ҳамчун Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мешавад. Имсол ба ин муносибат анҷумани илмие дар мавзӯи “Рӯдакӣ ва суннатгароӣ дар адабиёти тоҷику форс” доир карданд.

Дар китобхонаи миллии Тоҷикистон ба хотири бузургдошти сардафтари адабиёти форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ як конфронси байналмилалӣ таҳти унвони “Рӯдакӣ ва суннатгароӣ дар адабиёти тоҷику форс” доир шуд.

Дар ин маҳфил, ки бо ибтикори Академияи илмҳои Тоҷикистон, Ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Эрон ва Китобхонаи миллӣ роҳандозӣ гардид, олимону шоирон аз Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва Ҳиндустону Покистон дар мавзӯи “Рӯдакӣ ва ҳуввияти миллӣ”, “Рӯдакӣ- шоири таъсиргузор”, “Ашъори навёфтаи устод Рӯдакӣ” ва “Ривоҷи маснавӣ дар шеъри Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ” маъруза карданд.

Ҳамчунин имрӯз дар макотибу донишгоҳҳои Тоҷикистон ба ин хотир маҳфилҳои рӯдакихонӣ доир мешавад.

Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар Ибни Муҳаммад Рӯдакӣ, бино ба маъхазҳо, соли 858 дар рустои Панҷрӯди ноҳияи кунунии Панҷакент ба дунё омадааст. Ӯ дар даврони шукуфоии давлати Сомониён ба сар бурда, бахусус дар даврони аморати Насри Сомонӣ аз сӯи ин хонаводаи ҳоким марҳамати зиёд дид ва дар Бухоро дар дарбор ба сар бурд. Сомониён Рӯдакиро ба унвони тавонотарин шоири он даврон лақаби "Маликушшуаро" дода буданд. Аммо Рӯдакӣ дар поёни умраш ба зодгоҳи худ -Панҷрӯд - баргашт ва дар соли 941 дар ҳамин ҷо аз ҷаҳон даргузашт ва дафн шуд.


Аз соли 2002 инҷониб дар Тоҷикистон ҳамасола рӯзи 22-уми сентябр зодрӯзи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ - сардафтари адабиёти форсӣ-тоҷикӣ, шоири қарнҳои 9-10 таҷлил мешавад. Ин маърака бо номи Рӯзи Рӯдакӣ маъмулан бо баргузории конфронсҳо ва сӯҳбатҳои мизи гирд ва мулоқот бо аҳли фарҳангу адаб ҷашн гирифта мешавад. Фарҳангиёни тоҷик чунин тадобирро имконе барои боло бурдани ҷойгоҳи Рӯдакӣ дар миёни ҷомеа ва дар амри шинохти бештари насли ҷавон аз осори ин шоири тавоно медонанд.

Дар Тоҷикистон ба манзури бузургдошт ва арҷгузорӣ аз ин шахсият як ноҳия, пажӯҳишгоҳи забону адабиёт, донишгоҳи Кӯлоб, чандин муассисаҳои илмӣ ва фарҳангӣ, мактабҳо ва кӯчаҳо номи Рӯдакиро дорад. Муҷассамаҳои Рӯдакӣ, ки ӯро падари шеъри форсӣ ҳам ном мебаранд, дар назди бархе аз муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла яке адр Боғи Рӯдакӣ дар маркази пойтахт ва якеи дигар дар саҳни майдони назди Донишгоҳи кишоварзӣ қомат афрохтаанд. Хиёбони марказии пойтахти Тоҷикистон низ номи Рӯдакиро дорад. Ҳамчунин ҷоизаи давлатии Тоҷикистон дар соҳоти адабу фарҳанг, ки ҳар сол барои беҳтарин асарҳои адибону ҳунармандони тоҷик тақдим мешавад, низ ба номи Рӯдакист.

Аз Рӯдакӣ танҳо осори парокандае то рӯзҳои мо расидааст, ки як намунаашро инҷо бароятон меорем:

Наздики Худованд бадӣ нест фаромушт

Чун теғ ба даст орӣ мардум натавон кушт,

Наздики Худованд бадӣ нест фаромушт.

Ин теғ на аз баҳри ситамгорон карданд,

Ангур на аз баҳри набид аст ба чархушт.

Исо ба раҳе дид яке кушта фитода,

Ҳайрон шуду бигрифт ба дандон сари ангушт.

Гуфто, ки киро куштӣ, то кушта шудӣ зор?

То боз кӣ ӯро бикушад он кӣ туро кушт.

Ангушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас,

То кас накунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт.



  • Ирсол ба Facebook
  • Ирсол ба Twitter

Феълан кор намекунад


Вобаста








Сафҳаи гузориши хонандагон

Шарҳҳо

Во все времена "грузило" была и будет!

Ба гайри омазгорон

Кудахоро барои маблаг гирифтан фишор меоран, ки пул биёред. Пули калавур пули парта ва.

Салом чаро дар боботи Хуросон чои шарх нест. Дар боботи Хуросон хаминро гуфтаниям ки мардум дидед хонахои дар офат задаи шуморо боз хамин давлат рост кард на ягон блогер ки хар як дувумин дар Точикистон блогер шудааст то рохи осони ба даст овардани даромадро биебад бубинед ин кадар блогерон сархои мухочиронро гаранг карданд ки хукумат ери намедихад мо худамон обод мекунем сум равон кунед бо сурогаи кортии мо ину вай, кучо шуданд акнун он блогерони сум чамькун агар аз дах хазор мухочир 2хазори чамь карда бошанд 20млн рубл шуд дар счеташон пас ин пулхо кучо шуданд он пулхо ба кисаи блогерон чамь шуданду акнун онхо аз счети шумо мухочирон хонахои бодабдаба барои худ месозанд на барои мардуми осебдидаи Хуросон. Бо бо фоидаи ба даст овардаи мардуми мухочир, ба ин блогерон бовар накунед хубаш давлат ягон суратхисоб кушояд шумо агар ери додани бошед ба он ери дихед зеро боз хамин давлат сарпанохи хамаи шумост на онхо ки на андоз месупоранду на ери медиханд касеро ва корашон танхо дар рузи сахтии мардум фоидаи калон ба даст овардан. Илтимос Радиои озоди инро чоп кунед ва агар имконият бошад дар зери шархи Хуросон монед то мардум фиреб нахуранд дигар ин мардуми аввал точику мухочири дилсузи содда ва баьд сохибдор ки давлату хукумат аст сохибаш. ва Худост шохид. Аз ин ердампулихо ин блогерон нисфи чахонро аллакай чарх занданд на бо пули худ, ба гайр аз оне ки дар мохе то 1000 долар хар мох Ютуб медихад, окибат хамон суми ба даст овардаи бе дарди миенро ба зарари мардум ва амнияти мардум сарф мекунанд ва худашон медонанд кистанд онхо илтимос Родиои Озоди агар дилсузи мардуми точик боши пас инро чоп кун ин фикри аксарияти мардумест ки намехоханд пулашон бо тарзи фиреб гирифта шаванд. акалан мардуми мухочир он ерихоро ба суратхисоби коронавирус партоянд зеро ин давлат аст ки рох месозад обод мекунад ва амниятро нигох медорад на блогерон ки онхоро журналист гуфта намешавад фарки ину он аз замин то осмон аст.

  • Пайгирӣ кунед
  • Дар бораи Озодӣ
  • Қоидаҳо
  • Роҳҳои тамос бо мо
  • Саҳифаи хонандагон
  • Замимаи Озодӣ дар Андроидҳо
  • Замимаи Озодӣ дар iOS
  • Дар Смарт ТВ


Китобҳо
Адабиётшиносӣ

Таҳрири охирин 25.02.2020

Дар ин саҳифа ба Шумо китобҳои нодири илмӣ ва оммавии риштаи адабиётшиносӣ (нақди адабӣ, назарияи адабиёт, таърихи адабиёт) пешниҳод мешаванд. Адабиёти ҳазорсолаи форсу тоҷик маҳз тавассути назарияи мукаммали адабиёт ва нақди адабии беғаразона пойдор буду мебошад. Замони Тоҷикистони Шӯравӣ осори шойистаи риштаи адабиётшиносӣ эҷод мешуданд ва имрӯз ҳам адабиётшиносии тоҷик дар пояи сазовор қарор дорад.

Аброри Сабоҳзод. Носиралии Сарҳиндӣ ва ҷойгоҳи ӯ дар адабиёти форсӣ. – Д., 2009. – 119 с.

Айнӣ Садриддин. Мирзо Абдулқодири Бедил. – Сталинобод: Нашрдавтоҷик, 1954. – 340 с.

Афсаҳзод Аълохон. Дар сафи бузургон. ‒ Д.: Ирфон, 1976. ‒ 336 с.

Афсаҳзод Аълохон. Одамушшуаро Рӯдакӣ (Масъалаҳои рӯзгору осор). Рисолаи тадқиқотӣ. Нашри дувум. Муҳаррирони масъул Асрори Сомонӣ ва Умриддин Юсуфӣ. Муҳаррир Сайидалӣ Маъмур. Таҳияи Аббоси Афсаҳзод. – Д.: Адиб, 2008. – 249 с.
Ин файл аз устод Ниёзов А. С. ба мо расид.

Афсаҳзод Аълохон. Ҷомӣ – шоири ғазалсаро. – Д.: Маориф, 1989. — 256 с.

Абдуманнони Насриддин. Фарҳанги мушкилоти адабиёт. Номаи мухтасар. Муҳаррири масъул Аҳмадҷони Раҳматзод. – Хуҷанд: 1992. – 133 с.

Асозода Худойназар. Адабиёти тоҷик дар садаи XX. Ҷ. 3 / Х. Асозода. – Д.: Маориф, 1999. – 448 с.

Баҳор Муҳаммадтақӣ. Сабкшиносӣ ё таърихи татаввури насри форсӣ / М. Баҳор. — Д.: Бухоро, 2012. — 570 с.

Бертельс Е. Э. Избранные труды. Том 1. История персидско-таджикской литературы. Отв. ред. И. С. Брагинский. ‒ М.: 1960. — 556 с.

Бертельс Е. Э. Избранные труды. Том 2. Низами и Фузули. Отв. ред. Г. Араслы. ‒ М.: 1962. — 556 с.

Бертельс Е. Э. Избранные труды. Том 3. Суфизм и суфийская литература. Отв. ред. А. Н. Болдырев. Сост. М.-Н. О. Османов. ‒ М.: Наука, 1965. — 526 с.

Бертельс Е. Э. Избранные труды. Том 4. Навои и Джами. Сост. и ред. Э. Р. Рустамов. ‒ М.: Наука, 1965. — 499 с.

Бертельс Е. Э. Избранные труды. Том 5. История литературы и культуры Ирана. Отв. ред. В. А. Лившиц. Сост. Г. Ю. Алиев и Н. И. Пригарина. ‒ М.: Наука, 1988. — 560 с.

Бобоев Юрий. Назарияи адабиёт: Муқаддимаи адабиётшиносӣ. Қисми 1. Барои донишҷӯёни курси якум. – Д.: Маориф, 1987. – 320 с.

Бобоев Юрий. Садриддин Айнӣ. – Бахшида ба муносибати 90-солагии устод С. Айнӣ. – Д.: 1969.

Бобоев Юрий. Сипаҳсолори назм. – Д.: Ирфон, 1971. – 281 с. — дар бораи М. Турсунзода.

Бобоев Юрий. Эстетика ва қадамҳои насру назми тоҷик. ‒ Д.: Адиб, 1988. ‒ 591 с.

Брагинский И. С.. Из истории персидской и таджикской литератур. Избранные работы. Отв. ред. академик Б. Г. Гафуров. – М.: Наука, ГРВЛ, 1972. – 524 с.

Ғаффоров Абдуллоҷон. Муҳаммад Иқбол. Муҳаррири масъул З. Аҳрорӣ. — Д.: Дониш, 1977.
Ин файл аз устод Сайнаков С. П. ба мо расид.

Ёҳаққӣ М. Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ. – Д.: Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форси-тоҷикии сафорати ҶИЭ дар Тоҷикистон, 2013. – 987 с.

Зеҳнӣ Тӯрақул. Санъати сухан. – Нашри сеюм. Муҳаррир Шаҳрияи Аҳтамзод. — Д.: Маориф, 1992. – 304 с.

Зеҳнӣ Тӯрақул. Санъати сухан. – Нашри чорум. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. — Д.: Адиб, 2007. — 400 с.

Маҳмадаминов Абдулҳай. Айнишиносӣ ва замони ҳозира / А. Маҳмадаминов. – Д.: Эҷод, 2005. – 160 с.

Маҳорати эҷодии Мирзо Турсунзода / Маҷмӯи мақолаҳои Факултети Филологияи тоҷик УДТ ба номи В. И. Ленин. – Д., 1981. – 99 с.

Мирзоев Абдулғанӣ. Абӯисҳоқ. – Д.: Дониш, 1971. — 150 с. (бо хати арабиасоси тоҷикӣ-форсӣ)

Мирзоев Абдулғанӣ. Рӯдакӣ ва инкишофи ғазал дар асрҳои X-XV. – 1958.
Ин файл аз устод Сайнаков С. П. ба мо расид.

Мирзозода Холиқ. Таърихи адабиёти тоҷик (аз давраи қадим то асри ХIII): Кит. I (I). – Д.: Маориф, 1987. – сс. 1-265.

Мирзозода Холиқ. Таърихи адабиёти тоҷик (аз давраи қадим то асри ХIII): Кит. I (I). – Д.: Маориф, 1987. – сс. 265-487.
Мутассифона, ин китоб бо айби хазина нобуд гардидааст. Нусхаи дигар нест.

Мирзозода Холиқ. Таърихи адабиёти тоҷик (асрҳои XI–XII) / Х. Мирзозода. – Д.: Маориф, 1989. – 422 с.

Муллоаҳмад Мирзо. Инсон, адабиёт, фарҳанг: Маҷмӯаи мақолаҳо. – Д.: Адиб, 1998. — 336 с.

Мухтаров Ахрор. Дильшод и ее место в истории общественной мысли таджикского народа в XIX – начале XX в. – Д.: Дониш, 1969. — 372 с.
Ин файл аз устод Сайнаков С. П. ба мо расид.

Мухторов Аҳрор. Зуфархон Ҷавҳарӣ: Андешаҳои муаррих. – Д.: Деваштич, 2004. – 48 с.

Мухторов Аҳрор. Рӯдакӣ ва мероси ӯ. Муҳаррир Шамсиддин Муҳаммадиев. – Д.: Дониш, 2008. – 126 с.
Ин файл аз устод Сайнаков С. П. ба мо расид.

Набавӣ Абдухолиқ. Ҷанги ватанӣ ва афкори адабии тоҷикӣ. ‒ Д.: Маориф ва фарҳанг, 2015. ‒ 254 с.

Набиев Абдухолиқ. Таърихи ташаккули Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. — Д.: Адиб, 2004. – 80 с.

Очерки таърихи адабиёти советии тоҷик. Қисми II / Бобоев Ю. И., Брагинский И. С., Занд М. И., Маъсумӣ Н., Мирзозода X., Рафаэлова Р. Г., Шукуров М., Эдельман А. С., Явич М. М., Ҳусейнзода Ш. ‒ Сталинобод: Нашрдавтоҷик, 1957. ‒ 522 с.

Раҳим Ҳошим. Сухан аз устодон ва дӯстон: Ёддоштҳо ва портретҳои адабӣ. ‒ Д.: Ирфон, 1983. ‒ 272 с.

Раҷабов З. Ш. Маорифпарвар Аҳмади Дониш. – Д., 1964.

Рӯдакӣ ва замони ӯ. АФ РСС Тоҷикистон. – Сталинобод: Нашрдавтоҷик, 1958.

Садриддин Айнӣ дар хотироти дӯстон ва шогирдон. Муҳаммадҷон Осимӣ, Мирзо Турсунзода. – Д.: Ирфон, 1968.

Саидов Саидраҳмон. Адабиёти қадим (аз замонҳои қадим то асри VIII) / Таҳти назар ва таҳрири умумии д. и. ф., проф. Н. Сайфиев. – Д., 2010. – 229 с.

Саидов Саидраҳмон. Таърихи адабиёти тоҷик (асрҳои XI-XII)/ Саидов С., Мирзоалиева А., Ҳабибуллоев Б. – Д., 2014. – 315 с.

Саймиддинов Додихудо. Адабиёти паҳлавӣ: Пажӯҳиш, тарҷума ва ташреҳ / Д. Саймиддинов. – Д.: Пайванд, 2003. — 238 с.

Султони Ҳамад. Рӯдакӣ чанг бигирифту бинавохт. – Д., 2009. – 100 с.

Таърихи адабиёти советии тоҷик (инкишофи жанрҳо). Иборат аз 6 ҷ. Ҷ. II. Насри солҳои 30. – Д.: Дониш, 1978. — 316 с.

Таърихи адабиёти советии тоҷик (инкишофи жанрҳо). Иборат аз 6 ҷ. Ҷ. IV. Насри солҳои 1945-1974/Шукуров М. – Д.: Дониш, 1980. — 409 с.

Ҳабибов Амирбек. Ганҷи парешон./ Доир ба 63 нафар шоирони асрҳои XVII — XX минтақаи Қаротегин, Дарвоз ва Кӯлоб. – Д.: Ирфон, 1984.

Ҳодизода Расул. Аз гузашта ва ҳозираи адабиёти тоҷик. – Д.: Ирфон, 1974. – 142 с.

Ҳодизода Расул. Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён. – Д.: Ирфон, 1986. – 272 с.

Ҳусейнзода Шарифҷон, Шарифов Худоӣ. Мақоми ибни Сино дар шеъру адаби тоҷик. – Д.: Маориф, 1985. – 116 с.
Ин файл аз устод Сайнаков С. П. ба мо расид.

Шамси Қайси Розӣ. Ал-муъҷам. ‒ Д.: Адиб, 1991. ‒ 464 с.

Шарифов Маҳмадёр. Шамси Қайси Розӣ ‒ ноқиди шеър. ‒ Д., 2010.

Шарифзода Худоӣ, Мисбоҳиддини Нарзиқул. Таърихи адабиёти тоҷик. – Д.: ТоРус, 2017. – 418 с.

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ (27-уми июни соли 1997) мардуми шарифи тоҷик бо нафаси озод ҳамдигарро бародарвор ба оғўши гарм гирифтанд. Зеро тайи солиёни зиёд эшон он қадар хисорот, нофаҳмиҳо ва мушкилоти зиёдеро аз сар гузарониданд, ки ҳаддашон беандоза буда, тасвири онҳо танҳо ба гуфтан осон аст.

Бояд эътироф кард, ки ҷустуҷўйи роҳу усули баҳамойии тоҷикон на ин ки як солу ду сол, балки беш аз се сол идома ёфт ва муроҷиатномаҳои пайгиронаи Президенти кишвар барои амалӣ гардонидани ормонҳои он ҳиссаи босазо гузоштанд.

Бори аввал дар моҳи апрели соли 1994, бо мақсади оштии миллӣ ва таъмини сулҳу суботи ҷомеа, гуфтушуниди байни тоҷикон – ҳукумат ва нерўҳои мухолифин оғоз ёфт. Музокирот тўлонӣ рўзҳои 5-19 апрели соли 1994 сар шуда, 8-давраро фаро гирифт. Баъди 21 вохўриву музокироти 4 сола, ки дар шаҳрҳои Маскав, Теҳрону Кобул, Бишкеку Ишқобод ва дигар мавзеъҳо доир гардиданд, оқибат давраи ниҳоят ва ҳалкунанда дар пойтахти Федератсияи Русия - шаҳри Маскав баргузор шуд. Дар ин кори неку савоб, роҳбари иттиҳоди нерўҳои мухолифин Саид Абдуллоҳи Нурӣ, ҳамсафарони ў, инчунин гурўҳи комиссияи Оштии миллӣ иборат аз 26-нафар, нақши арзанда доранд.


Аз он рӯз ба баъд ва то кунун сулҳу Ваҳдати миллӣ ба як мавзуъи ҳамешагӣ дар адабиёт табдил ёфт. адибони соҳибҳунари мо ба хотири дар ёдҳо зинда нигоҳ доштани Ваҳдат ҳамарӯза шеърҳои тоза эҷод мекунанд. Аммо фарҳанги сулҳофарӣ барои миллати мо нав набуда, хеле қадимист.

Ин давлати пуршавкату ин миллати озод
Асло надиҳад раҳ ба Ватан роҳзанонро.

Абулқосим Лоҳутӣ низ дар офариниши мавзўи сулҳу салоҳ ва ҳамдилӣ камари ҳиммат баста, таъкид месозад, ки намаки оши зиндагӣ маҳз дўстист:

Зиндагӣ бе рафиқҳо марг аст,
Шахси бедўст шохи бебарг аст.
Дўстӣ баҳри мард тазйин аст,
Намаки оши зиндагӣ ин аст.

Адиби номвари мо устод Мирзо Турсунзода чун мунодии сулҳу дӯстӣ ном бароварда, ки беҳтарин достонҳо ва шеърҳои худро дар васфи дӯстии мардуми олам ва суботи дунё эҷод кардааст.

То тавонӣ, дўстонро гум макун,
Дўстони меҳрубонро гум макун.
Дар ҷаҳон бе дўст будан мушкил аст,
Мушкилосонкункасонро гум макун.
Дўст ояд, гарм дар оғўш гир,
Расми хуби тоҷиконро гум макун.
Халқи олам дўст бо мо гаштааст,
Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун.

Ту Ваҳдат аз дили бекина омўз,
Намуди ростӣ з-ойина омўз.

Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад?
Дар кишвари ғам базму тараб мешуда бошад?
Дар кашмакаши рўзи фурўзону шаби тор
Помолу фано зулмати шаб мешуда бошад?
Фарзанд, ки бар ҷони падар теғ кашида,
Бишкастагари теғи ғазаб мешуда бошад.
Бар ҷойи ҳамин мамлакати сулҳҷудоям
Як мамлакати сулҳталаб мешуда бошад?

Раҳми парвардигори мо омад,
Нури ҳақ бар диёри мо омад.
Ҷанги бунёдсўзи мо бигзашт,
Сулҳи бунёдкори мо омад.
Ҳоли зору низори мо бигзашт,
Вақти ҷуду нисори мо омад.
Ҷанги девонавори мо бигзашт,
Сулҳи деринтизори мо омад!

Ҳарфи ваҳдат беш гуфтем, ай Худо,
Қоли моро васл кун бо ҳоли мо.
Меҳр гар дорему сулҳу дўстӣ,
Мурғи хушбахтӣ шавад ҳамболи мо.

Чист ваҳдат? Эътибори миллат аст,
Зўри бозуи замон дар ваҳдат аст.
Ваҳдат аст – ин қудрати ҳар давлате,
Ваҳдат – ин сармояи ҳар давлат аст.

Сулҳ омад бар Ватан, эй тифли тоҷик, ханда кун,
Решакан шуд Аҳриман, эй тифли тоҷик, ханда кун.
Чеҳраи тифлонаву мастури ту болида бод,
Шуд зи нав эҳё Ватан, эй тифли тоҷик, ханда кун.

Мавриди зикр аст, ки ба мавзўи сулҳу ваҳдат аз сардафтари адабиёти классики форсу тоҷик устод Абўабдуллоҳ Рўдакӣ сар карда, то устод Садриддин Айнӣ адибон шеърҳои ҷолиб офаридаанд, ки пиру барнои ҷумҳурӣ то ҳанўз аз онҳо баҳра мебардоранд. Барои намуна, се мисол меорем, ки баробари мутолиаи онҳо мазмуну мундариҷаашон фаҳмо ва равшан мегардад. Устод Рўдакӣ таъкид месозад:

Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт,
Наздики Худованд бадӣ нест фаромушт.
Ангушт макун ранҷа ба дар кўфтани кас,
То кас накунад ранҷа ба даркўфтанат мушт.

Абўшакури Балхӣ таъкиди устод Рўдакиро тақвият медиҳад:

Чу аз оштӣ шодӣ ояд ба ҷанг,
Хирадманд ҳаргиз накўшад ба ҷанг.

Абулқосими Фирдавсӣ ҷанги бародаронро мазаммат менамояд:

Ба пеши бародар бародар ба ҷанг,
Наёяд, агар бошадаш ному нанг.

Имрўз Ваҳдати миллӣ барои миллати сарбаланду фарзона ва мутамаддини тоҷик ба як мактаби эътимодбахшу тақдирсоз табдил ёфта, ба таври ҳамешагӣ вориди рўзгори мо шуд ва рукнҳои давлатдориамонро боз ҳам таҳким бахшид.

Ин неъмати безавол, пеш аз ҳама натиҷаи заҳмат ва роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муьтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин саҳми қишрҳои ҷомеа, сохторҳои давлатию ҳукуматӣ ва кулли ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад, ки дар таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон воқеан нақши сарнавиштсоз гузоштанд.

Дар бораи сулҳу Ваҳдат дар Китобхонаи миллӣ метавонед ин абёдро дастрас ва мутолиа намоед:

Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти бадеӣ [Матн]: Китобнома/ Мурат­тиб Ш.Комилзода; Зери назари академик А.Раҳмонзода. – Душанбе: ЭР-граф, 2016. – 224 с.

Шарифзода, А. ,Фаттоев, С. Эмомалӣ Раҳмон поягузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ [Матн]:Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Тоҷикистон дар солҳои 1996-1999 . – Душанбе: Ирфон, 2011. – 372 с.

Абдулваҳоб, Н., Шерхон, У. Ваҳдатовар [Матн]: Очеркҳо. – Душанбе: ЭР-граф, 2014. – 192 с.

Мирзо Турсунзода Куллиёти ашъор[Матн]. – Душанбе, 2015. ­- 504 с.

Қутбӣ Киром. Минбари виҷдон [Матн]: Мунтахаби ашъор. – Душанбе: Адиб, 2012. – 312 с.

Гулназар. Дар чодари сафеди маҳтобӣ [Матн]: Гулчини ашъор.– Душанбе: Адиб, 2015. – Ҷ.1. - 320 с.

Муҳаммад Ғоиб [Матн]: Девон. – Душанбе: Пайванд, 2009. – 1015 с.

Раҳмат Назрӣ. Замзама [Матн]: Мунтахаби ашъор. – Душанбе: Бухоро, 2017. – 554 с.

Ҳақназар Ғоиб. Нафас то бар нафас овози вақт аст [Матн]. – Душанбе: Нур, 2005. – 418 с.

Низом Қосим. Тафсири панҷ оҳ [Матн]: Маҷмўаи шеър, суруду тарона, либретто ва драмаи манзум. – Душанбе: Адиб, 2008. – 384 с.

Аълохон Афзаҳзод. Адабиёти тоҷик [Матн]: Китоби дарсӣ барои синфи 8.– Тошканд, 2001. – 303 с.

М.Каримов,
Сардори Маркази
такмили ихтисос

10.03.2019 Маданият ва санъат Comments Off on АДАБИЁТИ ТОЧИК – Китоби дарси барои синфи 10 831 Показы

МУКАДДИМА

Адабиёт ва мавзуи бахси он: Адабиёт лафзи араби буда, решаи он адаб аст, ки ба маънои дониш, маърифат, гуфтору кирдори нек ва хирад далолат мекунад. Адабиёт дар мафхуми васеи он мачмуи осори хаттию шифохии кавме, халке, миллате буда, дар фахмиши махдуди он инъикоси бадеии хаёт аст ва ин тарзи тасвири зиндаги ба воситаи образхо ба тасвир овардани хаёт мебошад. Яъне адабиёт дар фахмиши истилохии он як навъи санъат буда, ба воситаи образхо тасвир намудани хаёт, дунё аст ё ин ки адабиёт инъикоси образноки хаёт буда, дар он харду пахлуи зиндаги-тарафхои мусбат ва пахлухои манфи ба воситаи образхо, тимсолхо, намунахо тасвир карда мешавад. Ба ин восита зухури манфии чомеа махкум карда шуда, пахлухои мусбати он тархибу ташвик мегардад.


Аз ин ру, адабиёт хамчун навъи санъат барои рушду нумуи чамъият таъсири нихоят кави дорад ва дигаргунсозихои хаёти чамъияти ба он вобаста аст. Умуман, адабиёт инъикоси вокеият ба воситаи образест, ки тавассути каломи манзум (назм) ва мансур (наср) амали мегардад.

Адабиёт китоби дарсии хаёт аст. Эчодкори адабиётро адиб меноманд ва адибе, ки бо каломи манзум-шеър сару кор дорад, эчод мекунад, шоир ва адибе, ки осори насри меофарад, нависанда номида мешавад.

Хадаф аз лафзи адабиёт, пеш аз хама, адабиёти бадеи буда, онро дар гузашта каломи бадеъ гуфтаанд. Каломи бадеъ- сухани нав, ачоиб, нодир буда, дар мантики оддии ифода сухани образнок, тасвири образнок аст. Аз ин ру, адабиёти бадеи ба инсон сару кор дорад, рузгору фаъолияти инсонро меомузад. Ба эхсосоту тафаккури инсон таъсир мерасонад. Чахонбини, донишу хирад, маърифату тафаккури уро такмил медихад ва аз ин чост, ки адибро мухандиси рухии инсон низ мегуянд.

Калимаи адабиёт махсули миёнахои асри XIX буда, таърихи зухури адабиёт хамчун санъати сухан хеле кадима аст. Аз ин ру, дар асрхои миёна иборахои улуми адаби, улуми адабия, фунуни адабия мавриди истифода карор гирифтаанд, ки аз 12 то 22 чузъи фунуни адабиро фаро мегирад. Аз чумла: илми лухат, илми нахв, илми сарф, илми баён, илми аурз, илми кофия, илми хат, илми иншо, илми маъони ва гайра ба шумор мерафтааст.

Дар маркази адабиёти бадеи симои инсон, шахс меистад. Яъне мавзуи бахси адабиёти бадеи хамоно инсон ва чамъият, одамон ва вокеияту мухити ихотакунандаи онхост. Камолоти маънавии инсон хадафи адабиёти бадеист.

Адабиёт фанни инсоншиноси, санъати сухан ва воситаи тарбияю такмили камолоти маънавии башарият аст. Адабиёт таърихи халк, андозаи чахонбини, тафаккури бадеи, хазинаи зехни, тавоноии аклони ва бардоштхои мафкуравии инсоният аст ва аз сабаби он ки фанни миллист, пас бурду бохти хамон миллату халкият низ хаст.

Дар асрхои миёна бошад мо хануз дар огози пайдоиши феодализм ташаккули адабиётро мушохида мекунем, ки ибтидои он ба эчодиёти Рудаки ва муосирони вай рост меояд, ки ба кавле дар ин аср наздик ба 250 тан куввахои адаби зиндаги ва эчод кардаанд.

Давраи нави инкишофи адабиёти асрхои миёна ба замони эхёи мадани рост омадааст. Хусусан чараёни маорифпарвари (нимаи II асри XIX) миёни нерухои адаби табаддулоти мафкуравиро тавлид намуд ва такони ичтимоие зухур кард, ки барои пешрафти чамъият заминаи хеле мусоид фарохам овард.

Тарзу усули тасвир дар адабиёт мохияти баланди зебоипарасти дорад, зеро нафосатро хама дуст медорад ва аз ин ру, адабиёт тамоили пурра ба нафосат дорад. Масалан, чузъиёти табиат: санг, замин, кух, дарахт, дарё, гиёх, борон, абр, бод, осмон ва Хайра мавзуи бахси илмхои дигар низ хаст. Адабиёт хангоми ба тасвир гирифтани онхо, пеш аз хама, ба онхо зебои мебахшад, чунончи тасвири бахор дар як бахорияи устод Рудаки:

Омад бахори хуррам бо рангу буи тиб,

Бо сад хазор нузхату ороиши ачиб.

Шояд, ки марди пир бад-ин гах шавад чавон,

Гети ба дил ёфт шабоб аз пайи машиб [1] .

Чархи бузургвор яке лашкаре бикард,

Лашкар-ш абри тираву боди сабо накиб [2] .

Наффот [3] барки равшану тундар-ш таблзан,

Дидам хазор хайлу надидам чунин мухиб [4] .

Он абр бин, ки гиряд чун марди сугвор

В-он раъд бин, ки нолад чун ошики каиб [5] .

Хуршедро зи абр дамад руй гох-гох,

Чун он хисорие, ки гузар дорад аз ракиб.

Якчанд рузгор чахон дардманд буд,

Бех шуд, ки ёфт буи суманбодро табиб.

Борони мушкбуй биборид нав ба нав

В-аз абр баркашид яке хуллаи касиб [6] .

Кунче, ки барф пеш хамедошт гул гирифт,

чуяке, ки хушк хамебуд, шуд ратиб [7] .

Тундар миёни дашт хаме бод бардамад,

Барк аз миёни абр хаме баркашад казиб [8] .

Лола миёни кишт бихандад хаме зи дур,

Чун панчаи арус ба хино шуда хазиб [9] .

Булбул хаме бихонад дар шохсори бед,

Сор аз дарахти сарв мар уро шуда мучиб [10] .

Сулсул ба сарвбун-бар бо наХмаи кухан,

Булбул ба шохи гул-бар бо лахнаки Хариб.

Акнун хуред бодаву акнун зиед шод,

К-акнун барад насиб хабиб аз бари хабиб.

Соки гузин бодаву май хур ба бонги Зер [11] ,

К-аз кишт сор ноладу аз боХ андалеб.

Харчанд навбахор чахон ас(т) ба чашм хуб,

Дидори хоча хубтар-он мехтари хасиб [12] .

Шеби ту бо фарозу фарози ту бо нишеб,

Фарзанди одами ба ту андар ба шебу теб [13] .

Диди ту режу [14] ком бад-у андарун басе,

Бо ридакони [15] мутриб буди ба фарру зеб.

Дар ин бахория хама чиз зебост ва адабиёт, пеш аз хама, ба онхо чунин нафосатро эхдо намудааст. Бахор беш аз сад хазор воститахои зебу зинат хамрох дорад ва аввалиндарачаи он мухассанот рангу буи ачоиб аст. Ин аст, ки бахор марди пирро шояд чавон гардонад, вале табиати сармозадаро аллакай бедор намуда чавонию чамол бахшидааст. Зеро борон-мушкбуй, абр-хуллаваш, руи замин (дашту даман)-гулпуш, киштзоронро лола мисли панчахои хинобастаи арусон намудаву паррандагон наХмасароихо доранд. Максади шоир хушгузаронии умри азиз, ру овардан ба шодию нишот ва бахрабардори аз хаёт аст.

  1. Адабиёт на танхо табиат ва ачзои онро хусну тароват, нафосату зебои мебахшад, беш аз он адабиёт ба инсон аз нигохи зохиру ботин, шаклу намуд ва ниходу сират низ неру медихад. Башарият хангоми ба забон гирифтан ё хондани номхои Рустам-тахамтани муктадир,

халкпарвар, ватандуст, озодихох, адолатчуро тасаввур мекунад. Ё ки баробари ба ёд овардани Лайли, Ширин, Мачнун, Юсуф иффату исмат, покиву сафо ба хотир мерасад. Баръакс, хангоми шунидани Заххок, Шируя, Хусрав, Афросиёб, Кайковус симои манфури худписанди, такаббур, пасттинати, кутохназари, бехиради, гумрохи, худхохи, хиёнату бевафои, зиёну бадкирдори, золимию котили ва Хайра ба ёди кас меояд, ки он аз таъсири кувваи сухан, неруи калом- адабиёт аст.

Адабиёти бадеи, ки ба инсон сару кор дорад ва максади асосии он тархиби хислатхои хамидаи инсон ва махкум намудани аъмоли разила буда, барои ба максад расидани одамон дар чомеа кумак мерасонад. Адабиёти бадеи ба инсон барои расидан ба максад ёри менамояд ва одамонро ба хаёт, ба зиндаги дилгарм, шердил, бохайрат ва ухдабаро мегардонад. Баробари пешравию инкишофи инсон, мухиту чамъият, адабиёти бадеи низ дар заминаи конунхои муайян инкишоф меёбад, пеш меравад ва конуниятхои ба худ хосу чудогона дорад. Илме, ки конуниятхои пайдоишу ташаккул, рушду тахввулоти адабиёти бадеиро меомузад, адабиётшиноси ном дорад, ки он дар навбати худ, дорои се кисм аст: таърихи _ада_биёт, _назарияи _адаби, _накди _адаби мебошанд. Таърихи адабиёт-пайдоиш, ташаккул ва рушду тахаввули адабиётро меомузад.

Конуниятхои зухуру ташаккул ва инкишофи анвоъи адаби, принсипхои эчод ва бардоштхои жанрию чинсии адабиётро кисмати назарияи адабиёт тадкик мекунад. Оид ба хунари эчодиву хусну кубхи таълиф накди адаби сару кор дорад. Бахшхои мазкури адабиётшиносиро бе якдигар наметавон мукаммал донист, зеро онхо дар хамбастагии якдигар инкишоф меёбанд.

Бахшхои мазкур кисматхои асосии адабиётшиноси буда, онхо инчунин бахшхои ёрирасони дигар низ доранд, ки барои инкишофу пешрафти илми адабиётшиноси мусоидат менамоянд. Масалан, ба кисматхои ёвари адабиётшиноси: матншиноси, сабкшиноси, сарчашмашиноси, китобшиноси ва гайра дохил мешаванд. Дар таърихи адабиёти точик хатто доварихои шоирона таърихи накди адаби ё танкидро мукаммал сохтааст. Шоирони форс-точик: Рудаки, Фирдавси, Унсури, Фаррухи, Манучехри, Носири Хусрав, Санои, Аттор, Хокони, Низоми, Захири Форёби, Анвари, Хусрави Дехлави, Хасани Дехлави, Саъди, Салмони Совачи, Хочуи Кирмони, Чалолуддини Балхи, Убайди Зокони, Хофизи Шерози, Камоли Хучанди, Чоми, Хилоли, Мушфики, Калими Кошони, Соиби Табрези, Нозими Хироти, Сайидо, Бедил, Возех, Шохин ва дигарон, ки шашуним хазори онхо сохибдевонанд, хар кадом сабки хоси худ, чою макон ва макоми хешро доранд. Онхо дар ашъори худ аз назокат, неруи аклони, хунари суханварию санъати сухани худ ёд карда, норасоии хамкасбони хешро низ ёдрас намудаанд. Масалан, Манучехрии Домхони (нимаи аввали асри XI) мегуяд:

Шеър ногуфтан бех аз шеъре, ки бошад нодуруст,

Бачча нозодан бех аз шашмоха бифкандан чашш.

Хадафи шоир дар ин байт эчоди бадеъро фарзанди эчодкор гуфтан буда, у шеърро фарзанди шоир медонад ва бояд хаматарафа дар камолоти эчод сайъ намуд, то нуксоне дар он рох наёбад. Ё худ Хоконии Шарвони баъд аз Хаким Саноии Газнави дуюмин шоир аст, ки дар ашъори худ бо олами улви сару кор мегирад, зеро аз шоирон хампанчаи худро намеёбад. Чунончи, у мегуяд:

Сухан гуфтан ба ки хатм аст, медониву мепурси,

Фалакро бин, ки мегуяд: ба Хокони, ба Хокони.

Яъне ба хамин тарик, шоирон бартарию афзалияти хунари худро васф намудаву нуксони ашъори хампешагонашонро хотиррасон кардаанд. Масалан, Унсурии Балхи-шоири нимаи аввали асри XI дарбори Газнавиён-аввалин маликушшуаро дар таърихи адабиёти форс-точик аст, вале Хокони уро бо он сарзаниш мекунад, ки ба чуз газалу касидасарои хунари дигар надорад:

Чуз аз тарзи мадху тирози газал

Накарди зи табъ имтихон Унсури.

Шиносанд афозил, ки чун ман набуд

Ба мадху Хазал дурфишон Унсури.

Зи дах шева, к-он хиляти шоирист,

Ба як шева шуд достон Унсури.

На тахкик гуфту на вазъу на зухд,

Ки харфе надонист аз он Унсури.

Маро шеваи хосу тозасту дошт

Хамон шеваи бостон Унсури.

Ин андешахои шоирон-эчодкорон барои пешрафти илми адабиётшиноси кумаки фаровон менамоянд, зеро дар таърихи адабиёти форс-точик он ба хукми анъана даромадааст.

Адабиёти бадеи мачмуи донишу тафаккур, махорату истеъдод, табъу тавон, худшиносию чахонбинии адиб аст. Чун адиб ба ин ва ё он халке, миллате тааллук дорад, пас адабиёт бурду бохти мафкуравии хамон халк, симои хамон миллат мебошад.

Адабиёти бадеи хамчун навъи санъат, яъне санъати сухану суханвари нисбат ба навъхои дигари санъат: меъмори, хайкалтароши, мусики, театру кино ва Хайра дар чамъият таъсири бештар дорад. Зеро яке аз сарчашмахои асосии навъхои дигари санъат низ адабиёти бадеи аст. Муроду максад ва хадафи эчодкор аз адабиёт тарбияи омма, таълими мардум буда, ба ин маъни хазрати Саъди мегуяд:

Муроди мо насихат буду гуфтем, Хаволат бо Худо кардему рафтем.

мехнаткарини, халолкори, нафърасони, софдили, халими, мехрубони, хушмуомилаги, шердили, Хаюри, суботкори, далери, шучоаткори, шикастанафси, дурандеши ва Хайра мухаббати беандоза бармеангезад. Адабиёти бадеи дар сирати инсон барои бедор намудани хиссиёти зебои ва идеалхои хаётии у яке аз мухимтарин воситахои барангезиш аст.

Тамоми ёдгорихои хаттии адабиёти бадеи, ки дар шакли назму наср эчод гардидаву махфуз мондаанд, мероси адаби ном доранд. Мероси адабиро Хановати маънави, хазинаи зехни, бардоштхои мафкурави, хофизаи таърихи, кути чон ва Хизои рух низ меноманд. Дар ин чода халки точик хампанча надорад, зеро танхо шоирони сохибдевон дар таърихи адабиёти точик беш аз шашуним хазор буда, ашъори шоирони девонашон махфуз намондаву осори мансури таълифгардида ба он дохил намешаванд. Ин осор ба кавле таърихи хаштхазорсола дошта, то кунун аз он кохи бегазанди ниёгон 108 матни хаттии (аз ёдгорихои ахди бостон) то инкишофи ислом боки мондааст, ки аз онхо 16-тояшро андарзномахо фарохам овардаанд.

Бояд гуфт, ки ин осор то охири асри ХУ-то зухури давлатхои Сафавихо (дар Эрон) ва Шайбонихо (дар Мовароуннахру Хуросон) миёни форсизабонони каламрави мазкур муштарак аст ва аз ин ру, дар илми адабиётшиноси истилохи форс-точик кабул гардидааст, ки мафхуми зикршуда мохияти муштарак будани осори адабиро ифода менамояд.

Дар таълифи ин китоб имлои исмхои хос, хусусан ному насаби адибон тачдиди назар карда шуд. Яъне, ба чои Абу-Абдуллох-Абуабдуллох, Насриддини Туси – Насируддини Туси, Абдурахмон -Абдуррахмон, Чалолиддин-Чалолуддин, Шервон-Шарвон, Хачвири-Хучвири, Хисрав- Хусрав ва гайра навишта шудаанд.

Адабиёти иловагиро алохида, дар интихои китоб низ ба ду кисм чудо намуда, онхоро вобаста ба асрхо пешниход намудем, яъне аввал нусхаи асл-осори адибон (сарчашмахо) ва пас аз он асару маколахои илми- тадкикоти чой дода шуд.

Читайте также: