Раиси шахри душанбе кист

Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе

ЗУВАЙДЗОДА Маҳмадсаид Маҳмуд


2 марти соли 1969 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 1999 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ ва соли 2011 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимиро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ хатм намудааст. Солҳои 1987 – 1989 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат кардааст.

Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2013 Директори Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, то 12 январи соли 2017 дар ин вазифа фаъолият намуд.

12 январи соли 2017 муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе таъин гардид.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе

МУИНӢ Мавсума Муинзода


8 октябри соли 1981 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.

Соли 2003 фаъолияти худро ҳамчун омӯзгори кафедраи ҳуқуқ ва мурофиаи ҷиноятии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оғоз намуд.

Солҳои 2009-2014 Муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июли соли 2014 муовини якуми Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида то 12 январи соли 2017 дар ин вазифа фаъолият намудааст.
12 январи соли 2017 муовини Раиси шаҳри Душанбе таъин гардид.
Забонҳои русӣ ва англисиро медонад.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе

ГУРЕЗЗОДА Умед

5 июли соли 1976 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташолӣ.

Соли 1994 Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст.

Фаъолияти кориро соли 2000-ум ба ҳайси нозири андози шуъбаи баҳисобгирӣ ва таҳлили андози идораи Хатлонии НААК Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиикистон, шаҳриБохтар (собиқ ш.Қурғонтеппа) шурӯъ намуда, то соли 2002 дар ҳамин вазифа кор кардааст.

Аз соли 2002 то 2007 дар вазифаҳои нозири калони гурӯҳи аудити шуъбаи Хатлонии нозироти андози андозсупорандагони калони Вазорати даромад ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассиси пешбар ва ҳамчунин нозири калони гурӯҳи таъмини ҷамъоварии андозҳо ва барҳамдиҳии қарзҳои шуъбаи Хатлонии нозироти андози андозсупорандагони калони Вазорати даромад ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Бохтар адои хизмат намудааст.

Инчунин солҳои 2007 ва 2017 дар мансабҳои сармутахассиси бахши дуюми шуъбаи назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон (шаҳри Бохтар) ва сардори Раёсати молияи шаҳри Бохтар фаъолияти пурсамар намудааст.

Аз соли 2017 то моҳи апрели соли 2019 вазифаи муовини якуми раиси шаҳри Бохтарро ба уҳдадошт.

Моҳи апрели соли 2019 муовини Раиси шаҳри Душанбе таъйин гардид.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе

САИДЗОДА Фирдавс Ҳамро


9 июли соли 1970 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 1991 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимиро бо ихтисоси иқтисодиёт ва ташкили нақлиёти автомобилӣ хатм намудааст.

Солҳои 1991-1993 ба ҳайси механик-муҳандис, сармеханики СПМК-№9 дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, ҳамчунин аз якуми апрели соли 1993 дар вазифаи механик-назоратчӣ, муҳандис дар Муассисаи таксомотории №2-и шаҳри Душанбе кору фаъолият намудааст.

Дар байни солҳои 1993 то 1997 дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои сардори шуъбаи нақлиётии Иттиҳодияи мусофиркашонӣ ва сардори шуъбаи Иттиҳодияи Ҷумҳуриявии терминалҳои мусофиркашонии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.

29 майи соли 2018 муовини Раиси шаҳри Душанбе таъйин гардид.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе

ҶУМАЗОДА Фаррух Тӯрақул


16 марти соли 1969 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 1993 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси муаллими физика ва соли 2007 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимиро бо ихтисоси муҳандис-барқчӣ хатм намудааст.
Соли 1991 дар мактаби миёнаи №53-и шаҳри Душанбе ҳамчун лаборант фаъолияти худро оғоз намудааст.

12 январи соли 2017 муовини Раиси шаҳри Душанбе таъин гардид.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе

РАҲИМЗОДА Толиб Карим


3 июли соли 1979 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 2000 бо дараҷаи бакалавр, соли 2002 бо дараҷаи магистр Донишгоњи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоњтемурро бо ихтисоси агроном хатм намудааст.

Солҳои 2007-2008 дар вазифаҳои сармутахассиси Бозрасии махсусгардонидашудаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳои Хадамоти назорати давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи табиат, Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Дар солҳои 2008 то 2014 бошад, ҳамчун мутахассиси пешбари шуъбаи назорати истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Рӯдакӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.

Аз соли 2014 то соли 2017 вазифаи сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбероба уҳда дошт.

15 марти соли 2017 муовини Раиси шаҳри Душанбе таъйин гардид.

Пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе оинаи таъриху зиндагии миллати тоҷик ва давлати тоҷикон аст.

Агар шахс аз падару модар, бузургони гузаштаи худ ифтихор дорад, он гоҳ ҳар сокини Тоҷикистон ҳуқуқии маънавии комил дорад, ки бо номи ватан ва пойтахти он шаҳри Душанбе ифтихор дошта бошад. Зеро Душанбе гаҳвораи эҳёи миллати тоҷик, ягонагии ормонҳои тоҷикон ва ҳамаи тоҷикистониён мебошад.


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тағйироти кадрӣ амалӣ намуданд.


Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев аз вазифаи Раиси шаҳри Душанбе озод карда шуд.

Бо Фармонҳои Президенти мамлакат Рустами Эмомалӣ аз вазифаи Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия озод ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе таъин гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” Расулов Ашурбег Раҳматуллоевичро аз вазифаи муовини аввали раиси шаҳри Душанбе, Самадов Шакарбек Додхоевичро аз вазифаи муовини раиси шаҳри Душанбе, Мақсудзода Шӯҳратро аз вазифаи муовини раиси шаҳри Душанбе, Ҳакимов Низом Ҳоҷиевичро аз вазифаи муовини раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати озод гардидан розигӣ доданд.

Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зувайдзода Маҳмадсаид Маҳмуд аз вазифаи Директори Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, барои таъин ба вазифаи муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе розигӣ дода шуд. Назирмадзода Бахтиёр бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаи Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Муинӣ Мавсума бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаи муовини якуми Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, фаъолияти худро минбаъд ба ҳайси муовинони Раиси шаҳри Душанбе идома хоҳанд дод. Ҳамчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба вазифаи муовини Раиси шаҳри Душанбе таъин гардидани Саидзода Қурбон Тағай ва Ҷумазода Фаррух Турақул розигӣ доданд.

Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Саиднуриддин Акрам аз вазифаи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Қурбонов Аламхон Ҷамилович аз вазифаи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва Сиёмардзода Сайдамир аз вазифаи Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон озод карда шуданд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Нусратулло Файзулло аз вазифаи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таъин гардид.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Самӣ Шариф Ҳамид аз вазифаи Директори Муассисаи давлатии "Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Нерӯгоҳи барқи обии Роғун" озод ва бо Фармони Президенти мамлакат иҷрокунандаи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таъин карда шуд.

Ҳамчунин, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Низом Ҳоҷӣ иҷрокунандаи Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таъин гардид.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷа аз вазифаи муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Ҳамчунин бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаъфаров Наврӯз Ҷунайдуллоевич аз вазифаи муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардид.

Дар идомаи тағйироти кадрӣ Сардори давлат бо Амри худ Раҷабалӣ Саидвализодаро Директори Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намуданд.

Ҳамаи кадрҳое, ки ба вазифаҳои роҳбарӣ ва масъули шаҳри Душанбе таъин гардиданд, ҷавону корозмуда, донандагони забони хориҷӣ буда, дар фаъолияти худ дар соҳаҳои гуногун дараҷаи баланди касбият, малакаи хуби роҳбарӣ нишон дода, дар ҷомеа соҳиби обрӯ ва эҳтиром гардидаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамаи онҳое, ки имрӯз масъулияти роҳбариро дар зинаҳои гуногуни ҳокимияти маҳаллӣ дар шаҳри Душанбе ба зимма гирифтанд, талаб намуданд, ки дар чаҳорчӯбаи Қонун, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олии мамлакат бармеоянд, фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатиро дар шаҳру ноҳияҳои пойтахт боз ҳам пурзӯр намуда, бо дасту дилу нияти пок дар хизмати мардум бошанд. Садоқат ба Ватан, хизмати софдилона ба мардум, заҳмат ба хотири ободиву сарсабзии пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе, таъминоти аҳолӣ бо нақлиёт, гармӣ, нерӯи барқ ва дигар ниёзмандиҳои мавриди аввали мардум аз вазифаҳои асосии ҳар як роҳбар ба ҳисоб рафта, бояд дар ин самт назорати ҷиддӣ ва масъулияти баланд эҳсос намоед, таъкид намуданд Роҳбари давлат дар фарҷоми мулоқот.

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе


Рустами Эмомалӣ 19 декабри соли 1987 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 2008 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон, соли 2011 Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ ва соли 2014 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.

Солҳои 2006-2009 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси сармутахассиси шӯъбаи ҳамкорӣ бо Созмони умумиҷаҳонии савдо фаъолият намудааст.

Аз моҳи апрели соли 2009 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи Сардори Раёсати дастгирии соҳибкорӣ кор карда, моҳи июни соли 2009 Сардори ин Раёсат таъин гардидааст.

Солҳои 2011-2012 дар вазифаи Сардори Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Аз соли 2012 то соли 2013 ба сифати Муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 2013-2015 Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 марти соли 2015 Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида то 12 январи соли 2017 дар ин вазифа фаъолият кардааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2017 иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе таъин гардид.

Забонҳои русӣ, англисӣ ва олмониро медонад.

ЗУВАЙДЗОДА Маҳмадсаид Маҳмуд

Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе


ЗУВАЙДЗОДА Маҳмадсаид 2 марти соли 1969 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 1999 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ ва соли 2011 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимиро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ хатм намудааст. Солҳои 1987 – 1989 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат кардааст.

Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2013 Директори Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, то 12 январи соли 2017 дар ин вазифа фаъолият намуд.

12 январи соли 2017 муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе таъин гардид.

МУИНӢ Мавсума Муинзода

Муовини Раиси шаҳри Душанбе


Муинӣ Мавсума Муинзода 8 октябри соли 1981 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.

Соли 2003 фаъолияти худро ҳамчун омӯзгори кафедраи ҳуқуқ ва мурофиаи ҷиноятии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оғоз намуд.

Солҳои 2009-2014 Муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июли соли 2014 муовини якуми Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида то 12 январи соли 2017 дар ин вазифа фаъолият намудааст.

12 январи соли 2017 муовини Раиси шаҳри Душанбе таъин гардид.

Забонҳои русӣ ва англисиро медонад.

НАЗИРМАДЗОДА Бахтиёр

Муовини Раиси шаҳри Душанбе


НАЗИРМАДЗОДА Бахтиёр 23 майи соли 1972 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 1994 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос, соли 2002 Академияи гумруки Федератсияи Россияро бо ихтисоси менеҷери соҳаи гумрук ва соли 2006 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст.

Солҳои 2008-2010 Сардори Раёсати сармоягузорӣ дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2010-2012 сардори Раёсати маркетинг ва танзими фаъолияти тиҷорат, сардори Сарраёсати таҳлили конъюнктураи бозор ва танзими фаъолияти тиҷоратии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Солҳои 2012-2014 ба ҳайси Муовини Сардори Сарраёсати пешгӯии сиёсати сармоягузорӣ ва танзими рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Аз 12 июли соли 2014 то 12 январи соли 2017 дар вазифаи Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ кор мекард.

12 январи соли 2017 муовини Раиси шаҳри Душанбе таъин гардид.

САИДЗОДА Қурбон Тағай

Муовини Раиси шаҳри Душанбе


САИДЗОДА Қурбон Тағай 26 феврали соли 1969 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 1994 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимиро бо ихтисоси иқтисодиёт ва идораи нақлиёт хатм намудааст. Солҳои 1987 – 1989 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат кардааст.

Соли 1994 дар Корпоратсияи илмӣ-истеҳсолӣ-тиҷоратии "Хатлон" ҳамчун мутахассиси пешбар фаъолияти худро оғоз намуда, баъдан дар вазифаи ноиби президенти Корпоратсия кор кардааст.

Солҳои 2001-2014 дар вазифаҳои нозир, ёвари Сарнозир, муовини Сарнозири Инспексияи нақлиётӣ, сардори Департаменти нақлиёти рӯизаминӣ, Сардори Раёсати назорати бехатарӣ дар нақлиёт, сардори шӯъбаи бехатарӣ дар нақлиёти сарраёсати нақлиёти рӯизаминӣ ва Муовини сардори Сарраёсати нақлиёти рӯизаминии Дастгоҳи марказии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 2014-2015 дар Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии “Нақлиёт” ҳамчун ходими калони илмӣ фаъолият намудааст.

Аз моҳи декабри соли 2015 то 12 январи соли 2017 ба ҳайси Сардори Раёсати нақлиёти рӯизаминии Дастгоҳи марказии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

12 январи соли 2017 муовини Раиси шаҳри Душанбе таъин гардид.

ҶУМАЗОДА Фаррух Тӯрақул

Муовини Раиси шаҳри Душанбе


ҶУМАЗОДА Фаррух Тӯрақул 16 марти соли 1969 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 1993 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси муаллими физика ва соли 2007 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимиро бо ихтисоси муҳандис-барқчӣ хатм намудааст.

Соли 1991 дар мактаби миёнаи №53-и шаҳри Душанбе ҳамчун лаборант фаъолияти худро оғоз намудааст.

12 январи соли 2017 муовини Раиси шаҳри Душанбе таъин гардид.

Саидзода Тоҷиддин Ниёз

Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе


САИДЗОДА Тоҷиддин Ниёз 8 январи соли 1977 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 2000 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.

Пас аз хатми Донишгоҳ аз соли 2000 то соли 2015 дар вазифаҳои ёрдамчии прокурори ноҳияи Турсунзода ва ёрдамчии калони прокурори ноҳияи Турсунзода, муовини Прокурори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Прокурори ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ва Прокурори ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд фаъолият намудааст.

Аз соли 2015 то соли 2016 дар вазифаи сардори шуъбаи кабули шаҳрвандон ва баррасии муроҷиатҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз феврали соли 2016 ба ҳайси сардори Раёсати коргузорӣ ва назорати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

12 январи соли 2017 Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе таъин гардид.

САЛИМЗОДА Нусратулло Файзулло

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе


САЛИМЗОДА Нусратулло Файзулло 4 феврали соли 1965 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Доктори илмҳои тиб.

Соли 1988 Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистонро бо ихтисоси духтури муолиҷавӣ хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1985 дар Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии № 5-и шаҳри Душанбе ҳамчун бародари шавқати шӯъбаи ҷарроҳӣ оғоз намудааст.

Солҳои 1988-2008 ҳамчун духтури беморхонаи марказии ноҳияи Данғара, духтури беморхонаи вилояти Халон, муовини аввал ва сардухтури Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии ба номи А.М. Дяков, сардухтури Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои саратон ва директори Маркази идораи Лоиҳаи ислоҳоти системаи тандурустии Тоҷикистон ва Муовини аввали Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз моҳи январи соли 2008 то 12 январи соли 2017 Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2017 иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таъин гардид.

САМӢ Шариф Ҳамид

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе


САМӢ Шариф Ҳамид 22 апрели соли 1957 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 1979 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимиро бо ихтисоси муҳандиси барқ ва соли 2006 Академияи хизмати давлатии Россияро бо ихтисоси идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ хатм намудааст.

Солҳои 1995-1999 Муовини аввали раиси шаҳри Қӯрғонтеппа буд.

Солҳои 2002-2005 Раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон ва солҳои 2005-2006 Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе буд.

Аз соли 2010 то соли 2014 ба ҳайси Раиси шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон фаъолият намудааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2017 иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таъин гардид.

ҲАКИМЗОДА Низом Ҳоҷӣ

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе


ҲАКИМЗОДА Низом Ҳоҷӣ 4 октябри соли 1962 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 1983 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ, соли 2007 Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимиро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончии соҳаи роҳ хатм намудааст.

Аз соли 2001-2011 дар вазифаи Директори иҷроияи Маркази татбиқи лоиҳаи эҳёи роҳи автомобилгарди Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб фаъолият намудааст.

Солҳои 2011-2013 Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Аз 17 январи соли 2014 то 12 январи соли 2017 дар вазифаи Муовини раиси шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2017 иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таъин гардид.

ОЛИМЗОДА Насим Хоҷа

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон


ОЛИМЗОДА Насим Хоҷа 20 августи соли 1964 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Доктори илмҳои тиб, профессор.

Соли 1988 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро бо ихтисоси духтури табобатӣ-кардиолог хатм намудааст.

Соли 1988 дар Беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб ҳамчун табиб-интерн фаъолияташро оғоз намуда, баъдан дар ин беморхона ҳамчун духтури табобатӣ кор кардааст.

Солҳои 1995-1998 дар аспирантураи Академияи баъдидипломии тиббии шаҳри Санкт-Петербург таҳсил намудааст.

Аз моҳи апрели соли 2014 то 12 январи соли 2017 Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2017 Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

ШАРИФЗОДА Хушвахт Салим

Сардори раёсати тандурустии шаҳри Душанбе


ШАРИФЗОДА Хушвахт Салим 2 октябри соли 1963 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Номзади илми тиб.

Соли 1986 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро бо ихтисоси духтури кӯдакон хатм намудааст.

Соли 1986 дар Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятӣ ҳамчун духтур – интерн фаъолияташро оғоз намудааст.

12 январи соли 2017 Сардори раёсати тандурустии шаҳри Душанбе таъин гардид.

САИДВАЛИЗОДА Раҷабалӣ Хушбахт

Директори Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


САИДВАЛИЗОДА Раҷабалӣ Хушбахт 5 марти соли 1958 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 1986 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимиро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ хатм намудааст.

Аз соли 1975 дар Муассисаи нақлиётии №22 ноҳияи Данғара ба ҳайси Таъмиргари дараҷаи 5 фаъолияташро оғоз намудааст.

Аз моҳи майи соли 2013 то 12 январи соли 2017 ҳамчун Сармуҳандиси Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2017 Директори Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити нави таҳсил дар ин даргоҳи илму маърифат шинос шуда, бо муҳассилину омӯзгорон суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Иншооти нав дар заминаи Гимназияи №53 ба номи Муҳаббат Маҳмудова бунёд карда шуда, дорои 65 синфхона ва утоқҳои дигари ёрирасон мебошад.

Бинои муассисаи нави таълимӣ аз 6 бинои 4 ошёна иборат буда, дар он муосиртарин шароити илмомӯзӣ барои насли наврасу ояндасози миллат фароҳам карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки корҳои сохтмонии ин муассисаи таълимӣ 30-юми майи соли 2018 бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оғоз гардида буд.

Инак иншоот дар рӯзҳои таҷлил аз 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози Соли нави хониши 2019-2020 бо сатҳу сифати баланд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Муассисаи нави таълимӣ дорои 4 синфхонаи лингафонӣ, 2 синфи компютерӣ, синфхонаҳои озмоишгоҳи физика, кимиё, ҷуғрофия, биология, синфхонаи суруд ва мусиқӣ, синфхонаи омодагии дифои ҳарбӣ бо долони тайёрии машқҳои ҳарбӣ, синфхонаи нақшакашии техникӣ, таълими меҳнат, устохонаи коркарди матоъҳо ва технологӣ, устохонаи умумии коркарди фулузу чӯб иборат мебошад.

Дар муассиса хуҷраҳои духтури дандон ва равоншинос низ мавҷуд аст.

Дар литсей бо мақсади ташаккули нутқи хонандагон ва инкишофи зеҳнию мантиқии онҳо утоқҳои логопедӣ ва арифметикаи зеҳнӣ таъсис дода шудааст, ки ба таъкиди масъулин ин таҷрибаи нахустин дар муассисаҳои таълимии ҳамагонии мамлакат мебошад.

Китобхонаи электронии муассиса бо 25 адад компютер ва хати балансуръати интернет таъмин гардидааст.

Синфхонаи технологияи иттилоотии муассисаи замонавии таълимӣ дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе бо муосиртарин дастгоҳҳои корӣ таъмин буда, дар он барои хонандагон тамоми шароити омӯзишӣ фароҳам карда шудааст.

Ҳамзамон иншооти нав дорои ошхона бо 600 ҷойи нишаст, толори варзишӣ дар масоҳати 542,8 метри мураббаъ бо 200 ҷойи нишаст ва маҷлисгоҳ бо 450 ҷойи нишаст мебошад.

Бо мақсади оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҳавлии муассисаи таълимӣ майдончаи варзишии муосир бо паҳноии 20 ва дарозии 40 метр сохта шуда, дар маҷмӯъ масоҳати он 800 метри мураббаъро дар бар мегирад.

Майдонча барои бозиҳои футбол, волейбол ва дигар намудҳои варзиш пешбинӣ гардида, ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосир сохта шудааст.

Дар шафати майдончаи варзишӣ, майдони тайёрии ҳарбӣ низ бунёд гардидааст.

Дар ҳудуди таълимгоҳ 1 адад трансформатори баландшиддати барқӣ насб гардида, ҳамчунин иншоот бо системаи гармидиҳии мутамарказонидашуда пайваст мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ ва тарҳи бинои литсей баҳои баланд доданд.

Сарвари давлат зимни суханронӣ хонандагону омӯзгоронро ба истифодаи пурсамари шароити муосири илмомӯзӣ ҳидоят карда, вобаста ба тадбирҳои муассири давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бунёду навсозии муассисаҳои типи нав дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо мақсади боло бардоштани сатҳу сифати илмомӯзии насли наврасу ояндасози миллат ёдовар шуданд.

Таъкид гардид, ки барои боз ҳам беҳтар намудани шароити таълимӣ ва муҳайё намудани имконоти муосири илмомӯзии насли навраси кишвар имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат бунёди садҳо муассисаҳои таълимӣ бо назардошти талаботи замон идома дорад ва то ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бештари онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.

Атрофи литсей дар доираи тадбирҳои ободонӣ дар масоҳати 7 ҳазору 552,9 метри мураббаъ сабзазор ва чароғон карда шуда, намои иншооти таълимӣ шабонгоҳ хеле зебою назаррабо ба назар мерасад.

Душанбе – ин шахрест, ки пойтахти Чумхурии Точикистон аз соли 1924-ум инчониб ба шумор рафта яке аз ободтарину серахолитарин шахри кишвар ба хисоб меравад ва дар он корхонаву ташкилотхои калонтарин ва вазорату сохторхои давлати чойгир мебошанд.

Дар шахри Душанбе сохторхои маъмурии кишвар аз чумла Бошишгохи Президенти Чумхурии Точикистон, Хукумати кишвар, Парлумон, Вазорати иктисод, Вазорати мудофиа, Вазорати Молия, Бонки милли-маркази, сафоратхонахо, Донишгоххо, Марказхои Савдо, Богхои фархангию фарогати ва гайрахо мавчуданд.


Ахолии Шахри Душанбе ба аввали соли 2017- иборат аз 902 хазор нафар ва бо мехмононе ки аз дуру наздик омада истикомати муваккати доранд иборат аз 1,3 млн нафар мебошанд. Ахолии шахри Душанбе аз миллатхои гуногун иборат мебошад ва асоси онхоро точикон ташкил мекунанд. Дар чойи 2-юм узбекон дар Душанбе бештар зиндаги мекунанд ва савумин халки калонтарин ин руссхо мебошанд ки хамаги 0,3%-и ахолии пойтахт мебошанд.

Солхои шуърави (1970-1990) дар Душанбе халки русс зиёда за 50%-и (нисф) ахолиро ташкил мекард вале бинобар сабаби аз даст додани сиёсати Руссия дар Осиёи Миёна ба хичррати ин халкият боис гаштааст.

Шахри Душанбе аз нигохи чугрофи 38° пахнои шимоли ва 68° дарозии шарки дар водии Хисор дар ду пахлуи дарёи Душанбе (Варзоб),дар баландии 750-800 метр аз сатхи бахр чойгир мебошад. Масохати умумии шахри Душанбе 127 км². ташкил медихад.

Дарозии шахр ба 14 километр баробар буда пахноияш ба 15

Шахри Душанбе ба чахор нохияи Маъмури таксим шудааст, аз чумла: Нохияи Сино, Исмоили Сомони, Фирдавси ва Шохмансур. Аз тарафи шимоли шахри душанбе нохияи Варзоб, аз чануб, гарб ва шарк нохии Рудаки вокеъ мебошад. Кисми шимолии шахр баландар ва кисми чанубиаш пастар мебошад. Аз тарафи шимолии шахри Душанбе куххои Хисор вокеъ мебошад ва онхо сарчашмаи оби тозаи барфу пиряххо ва пешгирандаи шамолхои, шиддатнок мебошанд.

Иклими шахри Душанбе дохиликонтиненталии субтропики мебошад. Тобистони Душанбе тулони ва тасфон мебошад ва гох-ногох борон меборад. Зимистонаш чандон тулони нест ва харорати хаво низ он кадар хам хунук намешавад вале хачми боришот хело зиёд буда ба иклими наздибахри монанди дорад.

Бахори Душанбе хеле форам мебоашд, чунки харорати хаво чандон на сарду на тасфон ва боришоти мунтазам хаворо тоза карда барои инкишофи растанихо хело хуб аст. Боришот дар бахорон хеле зиёду дурудароз мешавад ва гоххо раъду-барк низ ба вукуъ мепайвандад.


Тирамох ассосан серчангу губордор ва гох-гох борон меборад ва охирхои ин мавсим мешавад, ки низ барф борад ва харорати хаво сард шавад. Хуллас моххои июн – октябр давраи хушк ва моххои декабр-май давраи боришоту намнок хисоб меёбад. Харорати миёнаи мохи январ – 1 °С, июл + 28 °С кайд карда шудааст. Маълумоти муфассал дар накши зерин.

Дар сохили дарёи Душанбе дар асрхои 3 ва ё шяд асрхои 4-и пеш аз мелод шахри кухнаи кушони пайдо шудааст. Зарфхои аники шаходати онанд, ки дар минтакаи шахри хозираи Душанбе дар замонхои кадим мардуми кишоварздор зиндаги мекарданд ва зиндагиашон дар шахр мегузашт.

Аввалин кайдхои таърихи оиди мавчудияти дехаи Душанбе солхои 1676 ба амал бароварда шудааст. Мутобики ин кайдхо Душанбе сари ду рохи бо хам мегузашта чойгир будааст, ки дар наздаш бозоре мавчуд будааст ва он хар хафта як маротиба фаъолият менамудаст. Ахолии Душанбе асрхои 17-ум хамаги иборат аз 7-8 хазор нафар буда дар он 500-600 хочаги мавчуд будааст.

Солхои 1825 деха номи Душанбе – Кургон, доштааст ва аввалин харитае, ки дар он Душанбе нишон дода шудааст ин соли 1875 –ум мебошад. Ахолии Душанбе такрибан аз 10 хазор нафар дар калъаи сохили чар вокеъбуда мавчудият доштааст. Яке аз боигарии ин макон корвонсарой ба хисоб мерафтаст, ва тавассути Душанбе ба Самарканд, Хучанд, Кулобу Помир роххои пиёдагарду савора мавчуд будааст. Дар Душанбе охири асри 19-ум 14- масчид ва 2- мадраса будааст.

Мутобики таксимоти маъмурии таърихи асрхои 18-19-ум Душанбе тоъбеи Амири Бухоро буд. Охирин амири Бухоро (Амир Олимхон) соли 1920 омада дар Душанбе зистааст ва баъдан гурехта ба Афгонистон рафтааст.


Сурати Абдукарим Розиков

Аввалин Раиси шурои шахри Душанбе Абдукарим Розиков буд ва бо рохбарии у дар Душанбе хеле ободонихо гузаронида шуд, ки асоси онро сохтани роххои замонави, бинохои баланошёна, корхонахои истехсоли ва гайрахо ташкил карда буданд. Дар солхои рохбарии Розиков (1925-1932), масъалаи аксгирии топографи ба рох монда шуда накшаи шахри оянда тахия шуда дар он рохху хиёбонхои аввалин дарч гардиданд.

Соли 1929 ба Душанбе аввалин поэзд омад ва рохи охани Душанбею шахри Тошканд ва шахри Москва, пайваст шуд, ки заминаи басо зиёд дар рушди саноат ва дигар сохахои иктисодиёт гузошт.

Аввалин алокаи радиои соли 1931 ташкил карда шуд ва барои мухаё сохтани ин намуди алока аз чониби Мосрадиострой дар Душанбешахр пойгохи мавчи кутох ташкил карда шуд.

Баъди сохиб шудани истиклолият дар соли 1991 шахри Душанбе боз хам зеботар гашт ва дар он як катор бинохои баланошёнаи хозиразамон, ки иборат аз 22 ошёна, осорхонаи милли, Китобхонаи милли, Парчами ва Нишони давлатаи дар боги Рудаки, Масчиди зебо бо сармояи Катар, мехмонхонахои 5-ситора аз чумла Хаян Реченси, Сирена, Шератон, Маркази савдои Ашан (2017 сол), бинои нави Парлумон, Вазорати корхои хоричи ва Хукумати Чумхурии Точикистон ва Почтаи асоси (Главпочтамт), сохта шуданд.

Шахри Душанбе ягона шахри Точикистон мебошад, ки дар худуди он нохияхо мавчуданд ва ба ин васила масъалаи идоракуниро ба Шурои депутатхои халки, вогузор шудааст. Хукумати ичроияи нохияхо ба раисони нохияхо дода шудааст.

Душанбе ба 4-нохияи маъмури таксим шудааст, ки хар яки он сохиби раис ва дастгохи идоракуни буда ба Раиси шахри Душанбе тобеъ мебошад.

Мутобики иттиллооти Очонсии омори давлати дар шахри Душанбе соли 2016-ум 802 хазор нафар ахоли зиндаги менамуданд, ки рушди солонааш ба 3,5 % баробар буд. Ба хисоби миёна зичии ахолии пойтахти Точикистон дар соли 2017-ум баробари 6,4 хазор нафар дар як киломтери мураббаъ ташкил кард. Масъалаи чорабинии бахисобгирии шахрвандоне ки хамчун истикоматкунандагонии пойтахт мебошад дар 10-сол як маротиба гузаронида мешавад. Дар мачмуъ шумораи ахолии Душанбе ба 9%-и ахолии Точикистон баробар мебошад ва аз хама серахолитарин чойхои пойтахт, ин махаллаи Зарафшон, 33, 82, Гулистон, Профсоюз ва дигарон мебошанд.

Аз чихати иктисоди пойтахти Чумхурии Точикиситон – шахри Душанбе дар байни дигар шахрхои кишвар чойи якумро мегирад ва дар он зиёда аз 230 корхонаи истехсоли фаъолият менамоянд, ки дар он атрофии 19 хазор нафар коркар фаъолияти мехнати менамоянд. Корхонахои саноатии Душанбе зиёда аз 300 намуди махсулотхоро истехсол менамоянд ки ин 30%-и умумии истехсолоти кишварро ташкил мекунанд. Молу махсулоти асосии истехсолмешуда дар шахри Душанбе ин махсулоти пахтаги, нокилхо, семент, барк, махсулоти канноди, махсулоти нони ва нушока мебошад.

Руйхатти корхонахои калонтарин:

Ифлосшавии боду хавои шахр аз хисоби автомобилхо (70%), баъдан аз хисоби корхонахои саноати (25%) ва нихоят аз хисоби чанги афгони (4%) ва гайра (1%), ба вукуъ мепайвандад.

Дар Душанбе рохи охан, роххои хавои, роххои автомобили мавчуданд. Дар шахри Душанбе стансияи рохи охан, ки пайвасткунандаи шахрхои Кулоб, Кургонтеппа, Хучанд, Тошканд, Москва, ва дигар шахрхои дунё аст.

Наклиёти шахри:

Мутобики ракамхои омории соли 2017-ум дар шахри Душанбе атрофии 40 хазор автомобили шахси хар руз дар харакатанд ва бар иловаи ин барои хизматрасонии чамъият ва корбурди корхонахо атрофии 15 хазор наклиёт дар истифода карор доранд. Корхонахое ки дар кашонидани шахрвандон машгуланд иборат аз 30 адад мебошанд.

Асоси харакати шахри Душанберо наклиёти автомобили ташкил медихад. Дар шахри Душанбе парки тролейбуси ки дорои такрибан 50-60 троллейбуси доимо дар хизмати халк мавчудбударо дорост. Соли 2017-ум 100 автобуси нави ISUZU, ки истехсоли Туркия мебошанд ба истифода дода шуданд.


Мошину роххои шахри Душанбе

Шабакаи хизматрасонии наклиётии шахри Душанбе иборат аз 74-хатсайри мошинхо мебошад ки чумлаи онхо ба 34-хатсайри автобус, 13-хатсайри троллейбус ва 27-хатсайри маршрутии таксихо мебошанд.

Харруза дар хатсайрхои наклиётии шахри Душанбе зиёда аз 200 автобус, 70 тролййбус, 150-микроавтобус ва атрофии 1000 адад микроафтобусхои шахси (Старекс, Мерседес, Тангем) дар хизмати шахрвандони шахри Душанбе карор доранд (тибки маълумоти соли 2017).

Тибки тахминхо соли 2025-ум дар шахри Душанбе сохтмони Метро ва ё трамвайи баландсуръат дар назар аст. Соли 2013-ум аввалин шуда дар Осиёи Миёна дар шахри Душанбе автодром ва картинг сохта ба истифода дода шудааст.

Санаи 27-уми апрели соли 1927 карори Шурои халкии комиссарони Точикистони совети сохтмони шахри Душанбе ба имзо расид.

То солхои 1930 дар Душанбе аз хишти хом (лойи) бинохои якошёна сохта мешуданд. Дар соли 1930-юм аввалин корхонаи хиштпази дар Душанбе ба кор даромад. Хамон сол бо накшаи лоихакаши рус Ваулин бинои Шурои халкии комиссарон (баъдан дар он бино Вазорати кишоварзи то соли 2016-ум буд ва соли 2017 аз байн бурда шуд ) дар хиёбони Рудакии имруза сохта шуд. Хамчунин хамон сол бинои Комиссариати халкии заминкори (алхол бинои Вазорати адлия) сохта шудааст.

Соли 1933 Неъругохи гармии Барки ба истифода дода шуд, ки тули 3-сол сохта шуда буд ва он аз охану бетон бино шуда буд. Хамон сол фабрикаи дузандаги ба кор даромад. Солхои 1930 инчониб дар Душанбе сохтмон хело авч гирифта дахо корхонахо ва садхо хонахои истикомати сохта мешуданд. Он солхо шумораи бинохо дар Душанбе иборат аз 5000 (панч хазор) адад буданд.

Алакай соли 1936 –ум аввалин бинои Истгохи рохи охан сохта ба истифода дода шуд. Соли 1945 -1950 корхонаи сементбарори, корхонаи таъмири автомобилхо (авторемзаод), корхонаи электромеханики ва дигар корхонахо ба истифода дода шуданд.

Соли 1946 сохтмони бинои Хукумати кишвар дар майдони Исмоили Сомонии имруза ба охир расид ки тули 5-6 сол сохта шуда буд. Алхол дар ин бино Мачлиси олии кишвар карор дорад.

Солхои 1950 огози сохтмони бинохои 3-4 ошёнага огоз гардид, ки аз хучрахои хурду миёна бо номи Хрушовка доштанд. Дар ин солхо китобхонаи чамъиятии чумхурияви ва Бонки давлати сохта шуданд. Алхол дар ин бино як катор шуъбахои Бонки миллии Точикистон аз чумла Шуъбаи омор карор доранд. Хамчунин дар авали солхои 1950 бинои Вазорати корхои дохили, бинои театри ба номи А. Лохути, Осорхона, бинои Парияи комунистии РСС Точикистон сохта шуданд.

Аввали солхои 1960-ум бинои аэропорт, бинои нави истгохи рохи охан ва мехмонхонаи ш. Душанбе сохта ба истифода дода шуд.

Соли 1972 бинои алокаи автоматиконидашудаи байнишахрию-байнидавлати ба истифода дода шуд.

Соли 2011-ум парчами Точикистонро дар баландии 135 метр гузошта шуд, ки аз хама баландтарин дар чахон мебошад.

Хуллас бинохои зеботарину мухимтарини шахри Душанбе дар маркази шахр карор доранд.

ТУРИЗМ

Душанбе назар ба дигар шахрхои Точикистон хеле-ва хеле зебову обод мебошад. Дар маркази шахр хиёбони Рудаки мавчуд аст, ки кадкади он бинохои Донишгоххо, аз чумла Донишгохи милли, Донишгохи Тибби, Донишгохи кишоварзи, Марказхои савдо аз чумла Садбарг, ММУ (ЦУМ), Вазоратхо (Кишоварзи, Корхои дохили, Адлия), Хукумати кишвар, Богхои фарханги-фарогати, Чойхонаи Рохат, Бонки Милли, Ориёнбонк, мучасамахои Исмоили Сомони, Абуабдуллои Рудаки, Садриддин Айни ва гайрахо мавчуданд.

Дар мачмуъ дар шахри Душанбе 8-театр, 5 – кинотеатр, 4 –китобхона ва дигар марказхои маорифию фарханги мавчуданд. Дар атрофии шахр ячанд чойхои фарогатию фарханги мавчуданд, ки чумлаи онхо Базаи лижаронии Такоб (сафеддара), Осоишгохи Хочаобигарм, Чойхонаи харбуза ва Калъаи Хисор, богхои ангури нохияи Хисору Турсунзода.

  • Навруз
  • Чавонон
  • Ватан
  • Зебуннисо
  • Дусти , 43-метровая арка и памятникИсмаилу Сомони;
  • Майдони Парчам;
  • Майдони Абуабдуллои Рудаки;
  • Ба номи С. Айни
  • Абуалии Сино
  • Ба номи Неъмат Карабоев
  • Майдони Куйбышев (привокзальная)
  • Майдони 800-солагии Москва (С Айни)

Алока:

Дар шахри Душанбе шумораи истгохои телефонии давлати иборат аз 13 адад мебошанд ки иктидори хизматрасони карданашон ба 108 хазор абонет баробар аст ва хаммаи онхо аз соли 2006 ба технологияи раками гузаштаанд. Ба соли 2017 –ум шумораи ракамхои фаъоли статсионари ба 90 хазор баробар мебошад ки аз он 75 хазораш ба ахоли ва бокимонда 15 хазораш ба корхонаву ташилотхо таалук дорад;

Солхои 1991-2000 як катор ширкатхои хусуси дар сохаи васоити ахбори оммма В годы независимости в Душанбе начали создаваться независимые медиа-холдинги и частные газеты.

Тавассути мохвораи Yahsat (52.5°E) ба микдори 4 шабакаи телевизиони дар формати раками мавчхои телевизиони бепул пахн мешаванд, аз чумла: Шабакаи аввал, Тв Чахонаммо, Бахористон ва ТВ Сафина. Инчунин барои шахрвандон ташкилотхои пахнкунандаи каналхои бехтарини телевизиони чахони тарики музд-пулаки пахн карда мешаванд ки чумлаи онхо Тв Истиклол мебошад.

Тибки маълумотхои Вазорати фарханги Точикистон дар кишвар 8 очонсии иттилооти фаъолият менамоянд, ки калонтарини онхо инхоянд:

  1. Авеста
  2. Азия-Плюс
  3. ХОВАР
  4. Чархи гардун
  5. СИМОНЮС;
  6. ТОЧНЮС (Фаъолияташро 14 ноябри соли 2016 катъ гардониданд;

  1. Донишгохи миллии Точикистон;
  2. Донишгохи давлатии омузгории Точикистон ба номи С. Айни
  3. Донишгохи техникии Точикистон ба номи акад. М.С. Осими;
  4. Донишгохи аграрии Точикистон;
  5. Донишгохи технологии Точикистон;
  6. Донишгохи давалатии тибии Точикистон;
  7. Донишгохи давлатии тичорати Точикистон;
  8. Донишгохи славянии Точикистону Россия;
  9. Донишкадаи молия ва иктисодии Точикистон;
  10. Донишкадаи давлатии забонхои Точикистон;
  11. Донишкадаи сохибкори ва хизмат;
  12. Филиали Донишгохи давлатии Москва дар ш. Душанбе;
  13. Филиали Донишгохи миллии тадкикоти технологиит (МИСиС) Москва дар шахри Душанбе;
  14. Донишкадаи тарбияи чисмонии Точикистон;
  15. Донишкадаи иктисод ва савдо;
  16. Донишкадаи политехники;
  17. Донишкадаи давлатии фарханг ва санъати Точикистон;
  18. Донишкадаи исломии Точикистон;
  19. Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар ш. Душанбе
  20. Академияи илмхои педагогии Точикистон;
  21. Донишгохи давлатии хукук, тичорат ва сиёсати Точикистон;
  22. Донишгохи давлатии хукук, тичорат ва сиёсати Точикистон;
  23. Филиали Донишгохи давлатии омузгори дар Рашт;
  24. Донишкадаи давлатии санъати тасвири ва дизайн;
  25. Консерваторияи миллии Точикистон;
  26. Донишкадаи харбии Вазорати мудофиаи Точикистон;
  27. Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ч.Т.
  28. Академияи Вазорати корхои дохилии Точикистон;
  29. Донишкадаи олии сархадоти Кумитаи амнияти Ч.Т.
  30. Мактаби олии Кумитаи амнияти Ч.Т.

Инчунин дар Душанбе зиёда аз 5 таваллудхона ва 10 полекленика мавчуд аст, ки дар он хизматрасонии тибби ба ахоли пешниход карда мешавад;

Дар Душанбе ба масълаи Варзиш хеле ахмияти чидди дода мешавад ки вобаста ба ин кор рохбарии Кумитаи чавонон ва варзиш масъул мебошад. Дар шахр чунин майдонхои варзиши мавчуданд:


  1. Рустами Эмомалии аз 12-уми январи соли 2017.
  2. Махмадсаид Убайдуллоев (солхои 1996 — 2017)
  3. Поносов Юрий Филимонович (1994-1996);
  4. Чамолиддин Мансуров (1993-1994);
  5. Мирзоев Мирзотемур (1992-1993);
  6. Икромов Максуд Мусокулович (1987-1992);
  7. Наби Шорахмонов (1982-1987);
  8. Назиров Ким Муллочонович (1976-1982);
  9. Мамадназаров Худоназар (1967-1976);
  10. Наимов Мустафо Наимович (1967-1969);
  11. Назирбеков Махмудбек (1960-1967);
  12. Бобочонов Нор Зоирович (1957-1960);
  13. Салимбоев Хотам Хакимбоевич (1956-1957);
  14. Асроров Ахмедчон (1953-1956);
  15. Иброхимов Карим Ризоевич (1950-1953);
  16. Ёкубов Гафор Махкамович (1947-1950);
  17. Юсуфов Шамсулло (1943-1947);
  18. Сараев Тимофей Евдокомович (1940-1943);
  19. Калитин Михаил Василиевич (1934-1940);
  20. Ёкубов Часур (19333-1934);
  21. Бобо Хамдамов (1932-1933);
  22. Розиков Абдукарим (1925-1932);

Читайте также: